Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲЕҶ КАСЕ ДАР ОЛАМ ҲАҚ НАДОРАД КАСЕРО БА МАРГ МАҲКУМ КУНАД…

ҲЕҶ КАСЕ ДАР ОЛАМ ҲАҚ НАДОРАД КАСЕРО БА МАРГ МАҲКУМ КУНАД…

by admin
37 views

Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд (моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар).

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд (моддаи 17 Конститутсияи ҶТ).

Фоҷеаи ҷаҳонӣ.

Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳии роҳеанд, ки охири он роҳ норавшан аст. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Гирифторони бемории мазкур медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеҷ касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд ва мо як тане аз онҳо…

Фалсафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО низ дар ҳамин нуҳуфта. Мубориза бо беморӣ, на ин  ки бо мубталошудагонаш. Инсоният соле як рӯз — аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн тайъин кардааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО! 

Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-уми асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ  ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти одам сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд. Aз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расиданд ва ин хеле ташвишовар аст.

Ба бемории ВИЧ-СПИД, бештар занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор мешаванд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол, миллат, қавм, нажод, дин ва ғайра аҳамияте надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд, давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Як нишонаи беморӣ низ ноаёнии он аст. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироят то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оид ба пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардида, яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), пешгирии паҳншавии сироятпазирии ВНМО, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон шурӯъ аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва татбиқ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои васеъмиқёси иттилоотӣ, аксияҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии вируси норасоии масунияти бадан доир мегарданд. Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр маъракаҳои мухталифи иттилоотӣ-пешгирикунанда, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз бемории ВИЧ-СПИД мебошад.

Худ ва дигаронро эҳтиёт кунед, ҳамватанони азиз.

Самандаров ФАРИДУН, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ

Related Articles

Leave a Comment