Home СОХТОР ТАЪРИХ

ТАЪРИХ

by admin
1746 views

Рӯзномаи “Анвори дониш” ҳамчун нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ инъикосгари фаъолияту дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён ва дар маҷмуъ, дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллии кишвари азизамон буда, дар минтақа хонандаи сершумор дорад.

Нахустшумораи рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад.

Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ доктори илмҳои химия, профессор, академики АИТ Самариддин Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳти №285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда буд. Азнавбақайдгирии нашрия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2023 таҳти №364/РЗ-97 ба расмият дароварда шудааст.

Рӯзнома аз рӯи барнома ва вазифаҳои дар Оиннома дарҷгардида фаъолият карда, мақсаду вазифаҳои худро дар тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба роҳ мондааст. Доир ба пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони миллат, ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расонидани фармонҳо ва супоришоти Вазорати маориф ва илм ва ректори Донишгоҳ ва ёрии амалӣ дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тарғиби комёбиҳои илмии устодону донишҷӯён ва олимони ватанию хориҷӣ, тақвият бахшидан ба ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва парваридани ҳисси ифтихори миллӣ дар замири онҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ чоп мекунонад.

Дар маркази диққати рӯзнома инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вилояту шаҳр ва роҳу нишондодҳои роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар ҳар шумора роҷеъ ба ҷараёни таълим, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълим, ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, набзи ҷамъомаду чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишии донишгоҳу ҷумҳурӣ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегарданд.

Солҳои аввал рӯзномаи «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати А3 ҳафтае як маротиба бо теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид. Мазмуну муҳтавои мақолаҳо ва шумораҳои рӯзнома сол ба сол беҳтар ва муаллифону хонандагони он зиёд мегардиданд. Инчунин, саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди ба 800 нусха расонида шуд.

Аз соли 2008 то соли 2016 ҳаҷми саҳифаҳои рӯзнома ба 8-12 саҳифа расид ва аз 1-уми сентябри соли 2016 то моҳи марти соли 2022 рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа (дар 1 моҳ ду маротиба) теъдоди 6000 аз апрели соли 2022 то ба имрӯз рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа (дар 1 моҳ ду маротиба) теъдоди 5000 нусха чоп шуда истодааст, ки  дар минтақа аз ҷиҳати саҳифа ва нусха дар ҷойи якум меистад.

Рӯзнома аз соли 2009 то моҳи декабри соли 2016 дар чопхонаи МХҲХФ «Мушфиқӣ» ва аз 1-уми январи соли 2017 то ба имрӯз дар чопхонаи ҶДММ «Мега-Принт», воқеъ дар шаҳри Душанбе чоп мешавад.

Дар тамоми давраи фаъолияти нашрия роҳбарияти донишгоҳ ба рӯзнома диққати махсус дода, барои беҳ шудани мазмуну мундариҷаи  ҳар шумораи он дастуру маслиҳатҳо дода, ёрию кӯмаки амалӣ мерасониданд. Хоссатан, академик С.К.Каримов, пофессорон М.О.Ибодов, И.Ғуломов, Р.Акбаров, Р.Саидов, дотсентон Х.Аъзамов, Ш.Саидҷаъфаров, Д.Шарифов, Ғ.Мирзоев, Д.Расулов, С.Абдулвоҳидов, М.Набиев, Г.Иброҳимов, С.Ғаффоров, Н.Валиев, А.Алиев, Т.Мустафоқулов, Абдулло Ҳабибулло пайваста дар ҷолиби диққат гардонидани рӯзнома таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Ҳамчунин дар марҳилаи нав ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба масъалаи муҳтаво, фарогирии маълумоти ҷолибу хонданбоб ва хушсифату замонавӣ ба нашр расидани рӯзнома, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷиҳат пайваста тавсияву маслиҳатҳои муфид ироа менамоянд. Ҳамзамон, дар тамоми давраи нашри рӯзнома ҳайати таҳририяи нашрия барои ҷаззобияту маҳбубияти рузнома фаъолияти хубу самарабахш намудаанд.

Рӯзномаи «Анвори дониш» дар баробари фаъолияти хеш инчунин дар тайёр кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ низ саҳм гузошта истодааст. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ таҷрибаи истеҳсолӣ ва таълимиро дар идораи рӯзномаи «Анвори дониш» мегузаронанд. Рӯзнома бо нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Кулябская правда», «Навиди Кӯлоб», рӯзномаи мустақили «Пайк», Телевизиони Кӯлоб, намояндагии телевизиони Сафина дар шаҳри Кӯлоб ва бо рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Аз замони таъсис то ба имрӯз  8 нафар устодони Донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзнома кору фаъолият намудаанд:

  1. Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ (1994-1996);
  2. Нуриддини Насимӣ, номзади илмҳои филология (1996-1998);
  3. Алиев Аҳмад, номзади илмҳои филология (1998-2002);
  4. Исломов Аслон, рӯзноманигор (2002-2006);
  5. Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филология, дотсент (2006-2009);
  6. Сафаров Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, узви ИЖТ (2009-2016);
  7. Ҷаҳонгир Рустамшо, дотсенти кафедраи таърихи забон ва забоншиносӣ, узви ИЖТ (2016-2023);
  8. Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аз соли 25-уми октябри 2023 то инҷониб.

Дар муддати фаъолият рӯзнома бо назардошти фаъолияти муназзаму густурда ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, дар озмуну натиҷагириҳои фаъолияти нашрияҳо ба гирифтани ҷоизаву диплом ва ифтихорномаву сипосномаҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, санаи 4-уми марти соли 2023 дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзномаи «Анвори дониш» — нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни беҳтарин маводи журналистӣ «Нерӯи сухан» аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ» соҳиби Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон, Дипломи дараҷаи 1 гардидааст. Ҳамчунин соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳангоми таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзномаи «Анвори дониш» — нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯйи номинаи «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ дар соли 2022» соҳиби Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев мушарраф гардидааст.

Айни ҳол дар ҳайати кормандони рӯзномаи «Анвори дониш» — сармуҳаррир, котиби масъул, ҳуруфчин, саҳифабанд, мутахассиси сомона ва муҳосиб кору фаъолият менамоянд.

Аҳли эҷодии рӯзномаи “Анвори дониш” минбаъд низ бар он мекӯшанд, ки бо дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ҷиҳати мушарраф гардидан ба дастовардҳои наву назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ содиқонаву масъулиятшиносона амал намоянд.

Related Articles