Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

by admin
21054 views
Забони ман, забони модари ман,
Сипеҳри ман, маҳи ман, ахтари ман.
Агар як лаҳза қадратро надонам,
Дусад ман хок бодо бар сари ман.
Забон ҳастии ҳар як миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо сарчашмаи истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккул мебошад.
Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои ширину гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад. Забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону хирадмандони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Тӯғралу Лоиқ ва дигар бузургони зиндаёд осори хешро ба қалам овардаву рӯйи девори таърих нақшбандӣ намудаанд.
Забони тоҷикӣ сарнавишти без аз се ҳазор сола дошта, дар дарозои таърихи хеш ба таҳаввулотҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Аммо тохтутозиҳои аҷнабиён ва кӯшишҳои бамаротиби ҷорӣ намудани забону фарҳанги бегона натавонист забони шевову гуворои миллати тамаддунофари тоҷикро аз байн бибарад.
Таъсироти охирин ба забони тоҷикӣ аз замони ғасби Осиёи Миёна аз тарафи Русия оғоз гардида, то нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ давом меёбад. Дар ин давра мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида, истифодаи он дар сатҳи давлатӣ кам мегардад. Вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии забон дар ҷомеа коста гардида, асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохилиоилавӣ ба назар мерасад.
Мардум дар маҷлису маъракаҳо ва матбуот андешаҳои худро вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ иброз менамуданд. Пас аз саршавии раванди демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ мардум ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, пешниҳод намуданд, ки дар ҶШС Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шавад.
Ҳамин тавр, санаи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Ин қонун заминаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ гардид. Аз ҳамин рӯз сар карда то соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ санаи 22 июл ҳамчун рӯзи “Рӯзи забон” таҷлил мегардид.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани низоми нави давлатдорӣ ва асосҳои сохтори конститутсионӣ санаи 06 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Мувофиқи моддаи 2-и ин санади олии ҳуқуқӣ забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад.
Рушди илму фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар бораи забонро тақозо намуд. Ҳамин тавр, санаи 05 октябри соли 2009 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Ин қонун истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Аз соли 2009 сар карда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 05 октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд».
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду нумуъ ва нуфузи бештари забони тоҷикӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавре устоди сухан Бозор Собир навиштааст:
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То ватандор аст, бисёр аст ӯ.
Манучеҳр МАЗАРИФОВ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment