Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

by admin
272 views
Дар тамоми давру замонҳо муаллим шахси соҳибэҳтиром буд ва чунин хоҳад монд, чун ки тарбияи насли наврас ва ояндаи халқу миллат ба омӯзгор сахт марбут аст. Муаллим умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас менамояд, бо умеде, ки шогирдаш бо илму бомаърифат гардида ба халқу Ватани хеш софдилона хизмат намояд, миллати худро аз вартаи бесаводию нодонӣ ва ҷаҳолат нигоҳ дорад.
Касби омӯзгориро бузургони башар чӣ дар гузашта ва чи дар замони муосир баҳри рушду нуми ҷомеа басо зарурӣ дониста онро ҳамчун пешаи муҳими башар эътироф намудаанд. Бедории фикр, покии ахлоқ ва ташаккули ақлии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгор аст. Вобаста ба ин Мавлоно
Абдураҳмони Ҷомӣ бар ҳақ гуфтааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд ба мураббӣ-тарбиятгар ниёз дорад ва маҳз падару модар мураббӣ ҳаст, ки тифл калон шуда ба ҷое, ба мартабае мерасад ва ё соҳиби касбу пешае мегардад.
Воқеан ҳастии омӯзгор дар ҷомеа шамъи фурӯзонеро мемонад, ки он шамъҳои кӯчаки хомӯшро фурӯзон мегардонад, ба тирагии рӯзгор нур мебахшад. Ҳақ, ки як донишманди мумтоз- даҳҳо одамони корсоз, як омӯзгори кордида-садҳо шогирдони варзидаро ба воя мерасонад.
Дар ин самт, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин фармудааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум ,
То муриди Шамси Табрези нашуд.
Омӯзгор ба рӯҳи инсон сару кор дорад, пас муаллим муҳандиси рӯҳи инсон аст. Олами ботинии шогирдонро пай мебарад. Аз қуллаи баланди омӯзгори касбҳои дигар фаввора мезанад. Оянда дар сафи шогирдонаш олимони баландмартаба, сохтмончиён, муҳандисон, духтурони ҳозиқ, кайҳоннавардон, қаламкашони моҳир, санъатварони воломақом ва ғайраро мебинад. Аз ин рӯ дар назди касби ибтикории омӯзгор касбҳои дигар, ҳамчун ба модари умумии худ, сари таъзим фуруд меоваранд.
Пешаи омӯзгорӣ дониши ҳамаҷониба, рушдёфта, таҷрибаи волои педагогӣ, меҳру муҳаббат самимӣ ва эҳтироми кас ба шогирдонро тақозо дорад. Фаъолияти муаллимӣ ҳамеша бо шогирдон ҳамкорӣ намудан, ба олами ботинии онҳо роҳ ёфтан, асрори ниҳониашонро ифшо намудан ва ба қобилияташон такон овардан аст. Зинҳор дили беғубору беолоиши шогирдонро ранҷонидан мумкин нест. Хирадро- хирадмандона, виҷдонро-бовиҷдонона, ахлоқро-пойдорона, ватандӯстиро – содиқона тарбия додан зарур меояд то ба гуфтаҳои зайл сазовор бошем.
Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо, ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам ,
Ҳалоласт пораи нони муаллим.
Шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, хоҳони он аст, ки маҳсули меҳнаташро бубинад.
Ба муаллим мисли дигар касбу пеша, лаззати зуд дидани самараи меҳнатӣ муяссар намегардад. Аз кишт то дарави вай солҳои зиёд сипарӣ мешавад. Ба омӯзгор сабру матонате лозим аст, ки бо умеди хайр эҷодкорону ихтирокорони ояндаи худро муддатҳои тӯлонӣ итизор бошад. Маҳз баъди солҳои зиёд ба эшон муяссар мегардад, ки дар он одами қаблан кӯчак чи гуна қудрати тавоно доштанро бубинад, ифтихор кунад.
Ҷалолуддини Балхӣ фармудаанд:
Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷидде кард, дар ҷадде расид.
Бе дастгирии устод ба қуллаи мурод расидан амри муҳоласт. Дар ягон давру замон қадру қимати устодон, мураббиён аз байн нарафтааст ва намеравад. Чунки онҳо мисли ситораҳои дурахшон дар дилу дидаи шогирдон дурахшида меистанд. Устодон барои шогирдон зиндаёд буда, ҳар як лаҳзаи ҳаёт онҳоро ба хотир меоваранд. Зеро пойдевори ҳаёти шогирд ба устодон- нишондиҳандаи роҳи рост, роҳи дурусти зиндагӣ вобастааст.
Устод агар набошад, ақле ба сар набошад,
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури ба сар набошад…
Омӯзгор будан шарафи бузург буда, ҳамеша ва дар ҳама ҷо на фақат намояндаи хирадманду пешқадами илму дониш, ҳамчунин ходим ва муборизи фаъоли ормонҳои дурахшони башарият низ пиндошта мешавад. Пешвои мазҳаби ҳанафия Нуъмон ибни Собит (Эмоми Аъзам (р.а) ) дар ақидаҳои педагогӣ ва панду ахлоқи худ дар бораи омӯзгор чунин фармудааст.
Муаллим ходими рӯи ҷаҳон аст,
Муаллим вориси пайғомбарон аст.
Аз ин рӯ муаллим рӯҳбаландии худро ҳамеша дар пайи омӯхтану ҷустуҷӯи навоварӣ ва поягузорӣ дар рушди ҷомеа мебинад.
Абдуҷаббори Сафаралӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment