Home СОХТОР МУҲАРИРОН

МУҲАРИРОН

by admin
711 views

АНВОРИ ДОНИШ, рӯзнома, нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад. Бояд зикр намуд, ки 14-уми марти соли 2020 аз фаъолияти рӯзнома 26 сол пур шуд.

Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ доктори илмҳои химия, профессор, академик Самариддин Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ) таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он аз тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони гуногунмиллат, ҳимояи манфиатҳои Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои илми дунё иборат аст.

Солҳои аввал рӯзномаи «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати Ф3 ҳафтае як маротиба  то теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид.  Мазмуну муҳтавои мақолаҳо ва шумораҳои рӯзнома сол ба сол беҳтар ва муаллифону хонандагони он зиёд мегардиданд. Инчунин, саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди нусха ба 800 адад расонида шуд.

Аз соли 2008 то соли 2006 ҳаҷми саҳифаҳои рӯзнома ба 8-12 саҳифа расид ва аз 1-уми сентябри соли 2016 рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп шуда истодааст.

Дар солҳои аввали ташкилёбӣ роҳбарияти донишгоҳ ба рӯзнома диққати махсус дода, барои беҳ шудани мазмуну мундариҷаи  ҳар шумораи он дастуру маслиҳатҳо дода, ёрию кӯмаки амалӣ мерасонд. Хоссатан, академик С.К.Каримов, пофессорон М.О.Ибодов, И.Ғуломов, Р.Акбаров, Р.Саидов, дотсентон Х.Аъзамов, Ш.Саидҷаъфаров, Д.Шарифов, Ғ.Мирзоев, Д.Расулов, С.Абдулвоҳидов, М.Набиев, Г.Иброҳимов, С.Ғаффоров, Н.Валиев, А.Алиев, Т.Мустафоқулов пайваста дар ҷолиби диққат гардонидани рӯзнома саҳм доранд.

Айни ҳол рӯзнома бо дастгирии садорати донишгоҳ сатҳу сифати хуб шуда, дар минтақаи Кӯлоб ягона ва дар вилояти Хатлон дувумин рӯзномаест, ки бо теъдоди хеле зиёд — 5000 нусха ва дар ҳаҷми 16 саҳифа нашр мегардад. 

Дар маркази диққати рӯзнома инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вилояту шаҳр ва роҳу нишондодҳои садорати донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар ҳар шумора роҷеъ ба ҷараёни таълим, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълим, ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, набзи ҷамъомаду чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишии донишгоҳу ҷумҳурӣ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегарданд.

Рӯзномаи «Анвори дониш» ҷавононро дар рӯҳияи ғояҳои пешқадами демократӣ тарбия намуда, дар кори рушду нумӯи таълиму тарбияи онҳо ёрии бузург мерасонад. Рӯзнома тарғибгари рӯҳияи дӯстӣ, ҳамрайъӣ ва тафоҳум буда, барои ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, риоя намудани анъана, расму оин ва ҷашну маросимҳои миллии мардуми тоҷик дар байни ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҷавононе, ки майл ба каломи бадеъ ва шеърнависӣ доранд, маҳз навиштаҳои навқаламонаи худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» ба чоп мерасонанд. Як зумра шоирону адибони донишгоҳ маҳорати шеъргӯии худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» сайқал додаанд. Дар рӯзномаи «Анвори дониш» 7 нафар устодони донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррир кор кардаанд: 

  1. Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ (1994-1996);
  2. Нуриддини Насимӣ, номзади илмҳои филология (1996-1998);
  3. Алиев Аҳмад, номзади илмҳои филология (1998-2002);
  4. Исломов Аслон, рӯзноманигор (2002-2006);
  5. Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филология, дотсент (2006-2009);
  6. Сафаров Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, узви ИЖТ (2009-2016);
  7. Ҷаҳонгир Рустамшо, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, узви ИЖТ аз 1-уми сентябри 2016 то инҷониб.

КӮЧАРОВ Аламхон (тав. 04.02.1946, деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ) мунаққид, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (2003), узви вобастаи АИ, узви ИН Тоҷикистон (1997), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003). Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1969). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ, донишҷӯ (1964-1969), муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ИДПК (1969-1997), дотсент (1997-2002), профессор (2002-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ (2002-2010), аз соли 2012 сарходими Институти тадқиқотӣ-илмӣ дар ДМТ. Доир ба мавзӯи «Масъалаҳои матншиносиии повести «Одина»-и С.Айнӣ (1978, Душанбе) рисолаи номзадӣ ва «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (1997, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Масъалаҳои матншиносӣ тамоми фаъолияти илмӣ ва таълифоти ӯро фаро гирифтаанд. Аввалин маротиба оид ба матншиносии адабиёти муосири тоҷик тадқиқоти муфассал анҷом дода, монографияи алоҳида ба табъ расонидааст. Бори нахуст нақди матни осори устод Айниро ба таври мукаммал тадқиқ ва фаъолияти муҳарририи ӯро муфассалан баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз 410 таълифот мебошад. Зери роҳбарии ӯ зиёда аз 15  нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2008, Душанбе), бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001, Душанбе), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995, Душанбе) сарфароз гардидааст.

НАСИМОВ Нуриддин Исоевич (тав. 09.10.1958, деҳаи Бобосафоли Поёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, номзади илмҳои филология (1996), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1981). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ (1966-1976), донишҷӯ (1976-1981), муаллими мактабҳои миёнаи  №17 ноҳияи Восеъ (1981-1983), №24 ноҳияи Фархор (1983-1989), муаллим, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ИДПК (1989-1997), сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1996-1998) мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва табъу нашр, муовини сардори Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2004). Аз соли 2004 сармутахассиси  Раёсати илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзӯи «Калимасозии феъл дар забони насри Садриддин Айнӣ» (1996. Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Самти асосӣ дар таҳқиқоти илмии Насимов калимасозии феъл дар забони тоҷикӣ мебошад. Ӯ усули калимасозии лексикию семантикии феълро дар  мисоли забони асарҳои насрии Садриддин Айнӣ таҳқиқ кардааст. Насимов мураттиби китоби «Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), муаллифи 5 асар ва беш аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.

АЛИЕВ Аҳмад  Қурбонович (тав. 20.05.1944, деҳаи Боғгаии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, аз хонадони деҳқон, вафот 5.09.2016 дар шаҳри Кӯлоб), забоншинос, номзади илмҳои филология (1997), дотсент (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), узви ИЖ Тоҷикистон (2008). Иштирокдори нахустин слёти умумииттифоқии барандагони стипендияҳои номӣ дар шаҳри Москва (1968). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, (1970). Таҳсил дар мактабҳои 7-сола ва миёнаи №7 ва №3 ноҳияи Муъминобод (1950-1960),  донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии  Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1960-1962) ва ИДПК (1963-1970), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1963-1966), омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (1970-2004), мудири кафедраи филологияи Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1999-2004), мудири кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2004-2012), аспиранти Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ (1984-1985), сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1998-2002). Аз соли 2012 то дами марг дотсенти  кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ. Дар мавзӯи «Хел ва воситаҳои алоқаи калимаҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ (1997, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ба қалами ӯ таълиф ва таҳрири беш аз 120 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Тадқиқотҳои илмиаш ба таҳлилу тадқиқи анвоъ ва васоити алоқаи калимаву ҷумлаҳо дар забони адабии тоҷикӣ  ва насри асри XVI бахшида шудаанд. Бо медали ҷашнии «20 соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» (1965), Ифтихорномаҳои Комитети Марказии комсомоли умумииттифоқӣ (1968) ва Комитети Марказии комсомоли ҶТ (1967) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз гардонида шудааст.

ИСЛОМОВ Аслон (тав. 21.01.1947, деҳаи Панҷурти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, аз хонадони деҳқон — вафот 2013, шаҳри Кӯлоб), журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (1979), Аълочии маорифи Тоҷикистон. Хатмкардаи  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1975). Таҳсил дар мактаби  миёнаи зодгоҳ (1954-1964), донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (1964-1966) ва УДТ (1970-1975). Муҳаррири рӯзномаи «Коммунист»-и ноҳияи Ҷиргатол, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ», муҳаррири рӯзномаи «Садои коргар» (1975-2002). Аз соли 2002 то соли 2006 муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) буд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои таҳлилию танқидӣ оид ба баъзе урфу одатҳои мардуми диёр ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз чоп кардааст.

ХУДОЙДОДОВА Шарофат Зардовна (тав. 26.04.1967, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, рӯзноманигор, номзади илмҳои филология (2010), дорандаи модалҳои «Хизмати шоиста» (2015) ва «100-солагии матбуоти тоҷик (2020), «Аълочии маорифи  Тоҷикистон (2012), Аълочии матбуоти ҶТ (2014), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикиситон (2014), узви ИЖ Тоҷикистон (2007). Хатмкардаи факултаҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 1989, 1995). Таҳсил дар мактаби миёнаи №9 шаҳри Кӯлоб (1974-1984), донишҷӯ (1984-1989), омӯзгор, муаллими калони кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ (1989-1994), мудири  кафедраи МТЗАР -и факултаи филологияи рус (2004-2008), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009), декани факултаи  филологияи хориҷӣ (2008-2009), мудири  кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ (2010-2013), мудири кафедраи журналистикаи  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2013-2014), муовини ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  оид ба корҳои тарбиявӣ (2014-2015), муовини ректор  оид ба илм ва инноватсия (2015-2018). Аз моҳи феврали соли 2018 муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ мебошад.  Дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» (2010, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Тадқиқотҳои ӯ дар самти пажӯҳиши реклама дар Тоҷикистон аввалин кори илмӣ буда, дар пасманзари татбиқи он паҳлуҳои мухталифи истифодаи реклама ҳамчун жанри муосири  журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст, муҳаррири феълии намояндагии муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои  «Асосҳои  реклама ва  паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публистистӣ»-и кафедраи  журналистика буда, бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ  ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад. Муаллифи 3 дастури методӣ ва беш аз 16 мақолаи илмӣ. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2014) ва  Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.

САФАРОВ Бахтиёр Қурбонович (тав.12.08.1971, деҳаи Лағмони ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз хонадони коргар), омӯзгор, журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (2011). Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Таҳсил дар мактаби №10 ноҳияи Кӯлоб (1978-1988), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1989-1991), донишҷӯ (1993-1998), хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1998-1999), муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳияи Кӯлоб (1999-2003), омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ (2003-2012), мудири кафедра (2012-2013), муаллими калони кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2009-2016) ва  масъули чопи маҷаллаи илмии Паёми ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2009-2012). Дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули ВАО-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар солҳои 1930-2012)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология,  профессор Солеҳов Н.Н. рисолаи номзадӣ навишта истодааст.

РУСТАМШО Ҷаҳонгир Рустамшо санаи 18.05.1988 дар деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011) мебошад. Таҳсил дар МТМУ №49 ва № 5-и ноҳия (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2014), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2014-2015), мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2016).

Аз сентябри соли 2016 то ҳол сармуҳаррири нашрияи донишгоҳ — рӯзномаи “Анвори дониш” мебошад. Дар мавзӯи «Антропонимҳои «Ҳазору як шаб» (ҷанбаи забоншиносӣ) 22.05.2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Муаллифи як дастури таълимӣ, 1 монография, 18 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 мақолаи публитлистӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Related Articles