Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
20 views

Имрӯз, 19.05.2026 дар ҷаласаи васеи кафедраи методикаи таълими информатикаи факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи мазкур Ғуломов Суҳроб Рустамович дар мавзуи “Мазмун ва хусусиятҳои педагогии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — комуникатсионӣ дар таълими веб-дизайнерҳои оянда”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аюбзода Сафар Аюб баргузор гардид.

Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment