Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
80 views
Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Мирзоев Қурбоналӣ, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Сафаров А, ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд
Нахуст сухани ифтитоҳиро декани факултет, дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ, оғоз намуданд. Сипас, Маликзода Ё, донишҷӯи курси 4-уми факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “ Иқтисодиёти сабз”, Давлатова М, донишҷӯи курси 2-уми факултет дар мавзуи “Рушди иқтисоди миллӣ дар даврони истиқлолият” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment