РУСТАМШО Ҷаҳонгир Рустамшо санаи 18.05.1988 дар деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011) мебошад. Таҳсил дар МТМУ №49 ва № 5-и ноҳия (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2014), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ (2014-2015), мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2016).
Аз сентябри соли 2016 то ҳол сармуҳаррири нашрияи донишгоҳ — рӯзномаи “Анвори дониш” мебошад. Дар мавзӯи «Антропонимҳои «Ҳазору як шаб» (ҷанбаи забоншиносӣ) 22.05.2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Муаллифи як дастури таълимӣ, 18 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 мақолаи публитлистӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Почтаи электронӣ: rustamshokh@mail.ru
Телефон: 981 000 219