Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ – НИШОНИ БАРҶАСТАИ СОҲИБДАВЛАТӢ

ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ – НИШОНИ БАРҶАСТАИ СОҲИБДАВЛАТӢ

by admin
159 views

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми кишвар пешниҳод мегардад. Паёми навбатии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро (28.12.2023)  мардуми шарафманди тоҷик, бахусус мо зиёиёни кишвар бесаброна интизор будем. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дақиқкорона таҳлилу баррасӣ намуданд. Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир соли бобарор арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуданд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир мо тавонистем нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳилаи ҳассос таъмин намоем ва пешравию мувваффақиятҳои назарраси ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро  мушаххас бо рақамҳо гуфта гузаштанд. Бо мақсади паст кардани нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ нисбат ба даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии мамлакат, онро ба соли 2023 қиёс намуданд ва Ҳукумати мамлакатро муваззаф намуданд, ки то ҳафтсоли минбаъда то ба даҳ фисад кам кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари мамлакатамон пайваста ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ диққати махсус медоданд ва дар соли 2023 низ барои ин табақа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷетӣ давлатӣ дар оянда барои амалӣ гардонидан, тадбирҳои судманд андешиданд. Пайваста ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба рушди иқтисоди миллӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат  таъсиси ҷойҳои кориро зиёд гардониданд. Ин ҳама ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушду суботи минбаъдаи давлат мебошад. Масъалаи роҳсозӣ пайваста дар маърази диққати Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар Паёми навбатиашон низ ба масъалаи бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳоди махсус намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳҳалӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст. Мақсади асосии Сарвари мамлакат дар солҳои оянда ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакат буда, сохторҳои дахлдорро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои «иқтисоди сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. 

Сарвари давлатамон ба рушди маорифи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, қайд карданд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат  аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти  самаранокии муассисаҳои илмӣ мебошад. Воқеан ҳам, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи давлат ва Ватан мебошад.   Ҳамчунин қайд намуданд, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст. Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири бозори меҳнат, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.  Дар муқоиса, соли 2017 низоми маорифи кишвар  2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, ин нишондод дар соли 2023 ба 2,6 миллион расидааст. Тибқи дурнамо дар соли 2025 ин нишондод ба 2,7 миллион хоҳад расид, ки ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо менамояд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши ҳама қишри ҷомеа, омӯзиши забонҳои хориҷӣ,  технологияи инноватсионӣ, дастгирии таҳқиқотҳои илмӣ, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо, ба роҳ мондани марказҳои илмӣ бо истеҳсолот, баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ин шаҳодат аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон медиҳад, ки ин ҳама тадбирҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди сармояи инсонӣ, таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босуботи ҷомеа мебошад.

Ба Ҳукумати мамлакат, Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо  супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. 

Аз ин рӯ, аҳли кормандони соҳаи маорифи мамлакатро мебояд, ки бобати боз ҳам хубтару беҳтар ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани  таълиму тарбия кӯшишу заҳмати зиёд намоянд.

Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ ва фаъолият дорем, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамонро дар ҳама бахшҳо – сиёсат, иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳанг дигаргуниҳои куллӣ фаро гирифтаанд ва истиқлолияти комили давлатии кишвари азизамон моро водор месозад, ки бо ин тағйирот ва таҳаввулоти воқеӣ ҳамқадаму ҳамрайъ бошем. Хушбахтона, бо сайъ ва эҳтимоми Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоту муқовиматҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ накарда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз  ҷумла, маориф ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Тавре ки дар Паёми қаблиашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: “Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллаташ ба воя расад”.

Мавриди тазаккур аст, ки рисолати азими омӯзгор тарбияту таълими рӯҳафзои насли оянда, насле, ки тавонад бо неруи бовусъату муқтадири маънавии хеш дар ҳаллу фасл ва баррасии масоили мубрами ҷомеаи навини пурихтилофу пуртаззод нақши босазо гузошта тавонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки  “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд”.  

Модоме ки ин рисолати азим ба уҳдаи омӯзгор вогузор мешавад, пас, ӯ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар дар заминаи тафаккури миллӣ бо истифода аз технологияю техникаи педагогӣ, методҳои таълими инноватсионӣ ва ба ин монанд, усулҳои нави таълиму тарбияро бояд пайгирона дар амал татбиқ намояд, он гоҳ табиист, ки давлат пешрафта ва неруманд мегардад. Осудагиву амнияти кишвар низ бештар ба фарзандони босаводу донишманд эҳтиёҷ дорад, то ки тавонанд дар ин ҷаҳони пуртаззоду мушкилафзо тавассути фарҳанги баланд муқовимат намуда, шаъну шарафи давлату миллати  хешро ҳимоя намоянд.

Марому мақсад ва ҳадафи масъулини соҳаи маорифи мамлакат дар давраи истиқлолияти комили давлатӣ равшан аст – ба тарбияи насли босаводу ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ҷиддӣ машғул шудан, ки ин ғоя ҳамеша аз ҷониби Пешвои миллат таъкид мегардад. Аз ҷумла, “Имрӯз дар зимни афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот устодону омӯзгоронро зарур аст, ки усулҳои нави таълимро интихоб намоянд ва ба донишҷӯён маълумоти бештарро пешниҳод гардонанд”.

Сарвари мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки “Мо бояд ҳушёр бошем, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатамонро ҳифозат намоем”. Ин масъулияти азим – рисолати азалӣ бар уҳдаи омӯзгор аст. Пас, мо омӯзгорон ҳангоми тарбияи насли ояндасозу умедбахш муваззафем, ки дар заминаи бунёдӣ – таъриху фарҳанги оламгири худ, маърифати ҳуқуқии хешро баланд бардошта, нақшаҳоро тарҳрезӣ намоем ва аз маҳдудаи худситоӣ берун рафта, ғояҳои олии инсонгароиро ҷиҳати рушди дунёи маънавии кулли милали олам тарғибу ташвиқ намоем, яъне, худшиносию  худогоҳӣ ва худҷӯйиро дар заминаи муҳити фарҳангӣ эҷод мебояд кард. Риштаи пайванди гузаштаю имрӯзро ба ҳам мустаҳкам карданамон лозим аст, то ки насли баъдӣ, дунёи маърифатро воқеан дарк ва эҳсос намоянд, зеро нақши онҳо дар мустаҳкам намудани эъмор ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ба маротиб зиёд аст.

Аз ин рӯ, мо омӯзгорон нуқтаҳои Паёмро сармашқи кори худ намуда,  ҳамарӯза барои таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз бо як масъулияти баланди касбӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба ватан, миллат, фарҳанги волою пурғановати хеш, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбият намоем.   Паёми Пешвои миллат асосан ба масъалаҳои рушди кишвар нигаронида шуда, аз ҳар як фарди равшанфикр  тақозо  менамояд, ки дар таъмини пешрафти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми боризи хешро гузорад. Албатта, шахсияти ҳушманду фаъол  набзи ҷомеаро аз дидгоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони халқ саъй ва талош меварзад, то ки онҳо аз падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосир-иттиҳодҳою гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии экстремистию ифротгароӣ ҳифз шуда, дар амон бошанд. Ҳамзамон толибилмонро ҳушдор менамояд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба олами фарҳанги миллию умумибашарӣ бо тафаккури созанда ворид гарданд. Ҳар як инсони солимақлро месазад, ки Паёми роҳбари давлатро нишони барҷастаи давлатдориву ватандорӣ эътироф карда, маърифати ҳуқуқии хешро дониста, онро тақвият бахшанд ва дар рушду ободии давлат саҳмгузор буда, суботи ҷомеаро ҳифозат намоянд.

Акбарова Маҳрамбӣ Нусратуллоевна – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment