Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ШАЪНУ ШАРАФ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ — ШАЪНУ ШАРАФ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ МИЛЛАТ

by admin
213 views
(Чанд андеша оид ба ҳодисаҳои бавуқуъомада дар Ҷумҳурии Қазоқистон)
Истиқлол воқеан як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос менавон кард.
Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд. Вале вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо Ҷумҳурии Қазоқистон бархе аз мардумони шӯридаи ин давлат даст ба тазоҳурот мезананд. Мардум маконҳои муҳими давлативу ҷамъиятияшонро, ки бо заҳматҳои чандинсолаашон ободу зебо гардонидаанд ба коми оташ мебаранд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷангу фитна ва дасисабозиҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати давлату миллат набуда, манфиати он ба як гурӯҳи муайяне, ки ба ҳодисаҳои фоҷеанок ва хунин оварда мерасонад. Бинобар ин, мо ҳодисаҳои бавуқуъомадаи кишвари Қазоқистонро маҳкум намуда, аз мардуми дӯсту бародари қазоқ даъват ба амал меорем, ки ба қадри неъматҳои бебаҳои истиқлоли миллӣ, сулҳу суббот ва ободиву осоиштагии кишвари худ расанд.
Холмуродзода Меҳрафрӯз, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment