Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШАРМ АЗ БАЙН РАФТААСТУ “IMO” МУД ШУДААСТ!

ШАРМ АЗ БАЙН РАФТААСТУ “IMO” МУД ШУДААСТ!

by admin
131 views

Коста гардидани шарму ҳаё яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз аст.

Шахсе, ки дорои ин хислат нест, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар инсонро бузургиву ҳашамат мебахшанд. Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо ана ҳамин хусусиятҳояш фарқ мекунад. Аммо дар ҷомеаи имрӯза духтарон ва писарони мо аз доираи шарму ҳаё дур шуда, бо алфози қабеҳу бемаънӣ мағзи худро пур кардаанд. Хусусан, ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқ кайҳо берун шуда, шарму ҳаёи шарқиёнаи худро фаромӯш кардаанд. Аз забонашон суханҳои қабеҳро шунида, инсон нисбат ба онҳо нафрат пайдо мекунад. Бо суоле, ки “Зеби духтар шарм аст ё “Imo”-ю “Viber”?” бо бархе аз сокинон ҳамсӯҳбат шудем, ки чунин ибрози андеша намуданд:

Мирзозода Исматулло, донишҷуи курси 3–юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика мегӯяд: “Имрӯз дар байни духтарон шарм намондааст, онҳо суханҳои қабеҳеро ба забон меоранд, ки ба гуфтани он забони писар намегардад. Хуб мешуд, ки духтарон аз “Imo”-ю “Viber” ва “facebook” истифода набаранд, чунки маҳз онҳо ахлоқи духтаронро дигар мекунанд. Якчанд сол пеш писар духтаро “гап мепартофт”, аммо ҳоло баръакс шудааст, духтар писаро “гап мепартояд”, пас, куҷо шарм мондааст? Шарму ҳаё хоси духтар аст ва ба чеҳраи духтар зиннати дигар медиҳад.”

Баръакси Мирзозода Исматулло сокини ноҳияи Восеъ Ҳаитов Аҳмаҷон чунин қайд кард: “Шарм хуб аст, бигзор духтарон бошарм бошанд, аммо наметавон дар ин замона бе “Imo”-ю “Viber” ва “facebook” зиндагӣ кард, чунки бояд ҳамқадами замона бошем. Худо ҳар як духтаро худашро инсоф диҳад. Зане, ки бо шарму ҳаё аст, “Imo”-ю “Viber” ҳеҷ таъсире ба ӯ расонида наметавонад. Оила низ дар ин ҷо нақши хубе мебозад, вақте ки падару модар аз хурдӣ фарзандашро дар рӯҳияи адаб ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбият кунад, олам гулистон мешавад. Мо низ мардҳо гунаҳкорем, натанҳо духтарон, балки мардҳо низ бояд бономусу бовиҷдон бошанд. Дуруст аст, шарм бисёртар ба духтар зебанда аст, аммо бояд худи мо боадаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ва шарму ҳаё ҳидоят намоем”.

Ҳамсуҳбати дигари мо, ки номашро ифшо кардан нахост, чунин ибрози андеша намуд: “Мутаассифона, дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Намедонам сабабаш шабакаҳои иҷтимоӣ бошад ё тарбияи хуб надидаанд. Худи ман вақте аз кор ба хона меравам, атрофро мушоҳида мекунам, ки ҷавонони мо ҳам духтар ва ҳам писарон чи гуна адаб ва шарму ҳаё доранд, аммо ғамгин мешавам, ки имрӯз ҷавонони мо аз шарму ҳаё ба куллӣ дур шудаанд. Онҳо дар кӯчаю хиёбонҳо бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳамдигарро ҳақорат мекунанд, шабҳо то саҳар дар ҷойҳои дилхушию интернеткафеҳо ба корҳои беҳуда машғуланд, илова бар ин, гӯё дар атроф касе набошад, ҳар сухани аз даҳонашон баромадаро гуфта ва чунин мепиндоранд, ки гӯё ин суханон суханони муқаррарӣ ва амалҳои онҳо амалҳои нек бошад. Ин бас набуд, ки писарон як-як духтаронро оғӯш гирифтаву мебӯсиданду парвое ба атроф надоранд. Охир куҷост он шарму ҳаёи тоҷикона, ки зани тоҷик аз нигоҳ кардани рӯйи марде парҳез мекард? Боз ҳамроҳашон суҳбат кунем, шарм надошта мегӯянд: “Ҷавонӣ мекунем, амак”. Охир куҷои ин ҷавонӣ аст? Оё шумо ҷавониро дар ишқу ошиқӣ ва бешармию беҳаёӣ мебинед? Ҷавонӣ карда илм ва ин ё он касбро омӯзед, адаб аз худ кунед, бошарму боҳаё бошед, ин аст ҷавонӣ. Ба корҳои ношоям даст зада, беҳаёию бадахлоқӣ карда, ба қавли худашон “ҷавонӣ” мекунанд. Бадбахтона, “Ҷавонӣ кунед”-ро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад. Ҳамин аст, ки чанд ҷавони бадахлоқу беҳаё номи ҷавонони дигарро низ доғдор месозанд”.

Дилноза Мирзоева, сокини шаҳри Кӯлоб чунин мегӯяд: “Зани бошарм набояд бо овози баланд ва тарзи дағалонаи гуфтор сухан ронад ва ӯ бояд чунон суҳбат кунад, ки кас аз суҳбати ӯ ҳаловат барад, аммо имрӯз кам ба назар мерасад, ки занони мо бо садои паст суҳбат кунанду паст биханданд. Ҳоло ҷавонони мо ҳамон қадар маданияте надоранд, ки як ҷавондухтарро чи гуна гап партояд, оё ин гап партофтан аст, ки “Э духта, иҷа биё”, “Хушрӯгиро мебинӣ, хона мерам, занам мисли хуштоманам метобад” куҷои ин гап партофтан аст?

Ҷавонон, бомаданият бошед, бо духтарон боадабона суҳбат намоед. Чунки онҳо низ фарзанд ва хоҳари касе ҳастанд. Боз духтароне низ ҳастанд, ки бо гаппартоӣ онҳо шарм надошта, қақра зада механданд. Ханда низ ҷой ва мавқеи худашро дорад, шарт нест, ки дар роҳравҳо духтар бо садои баланд бихандаду атрофиёнашро ба худ ҷалб кунад. Дар хусуси шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, тақрибан 80%-и духтарон беҳуда онро ба роҳ мондаанд, танҳо даромада акс мегузоранд, як ду сухани бемаънӣ менависанду халос. Дар ин сурат ҳам пули интернетро аз даст медиҳанд, ҳам ба иқтисодиёти оила зарар ворид месозанд, ки ин хуб нест. Мешуд, ки онро камтар фаъол карда, танҳо дар корҳои зарурии худ истифода мекарданд.”

Хонандагони азиз! Мақсади мо насиҳат кардани касе нест, аммо хуб мешуд, ки шабакаҳои иҷтимоиро бо роҳи дуруст истифода баранд, на бо роҳи ғайр. Ман намегӯям, ки духтароне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бешарманд, шояд шарму ҳаёҳе, ки онҳо доранд, дигарон надоранд, аммо наметавон бо 2-3 нафаре, ки бошарм аст, ҷомеа пок шавад. Мо бояд ҳамаамон бошарму боҳаё бошему зани тоҷик будани худро фаромӯш насозем. Мегӯянд, ки гули қоғазин низ дар шумори гулҳост, лекин чун рангу бӯ надорад, гулҳои зиндаро ҷойгир буда наметавонад. Инсон низ ҳамин хел аст, ҳеҷ вақт духтари бешарму ҳаё ҷои духтари бошарму ҳаёро гирифта наметавонад. Чи зану чи мард дар ҳоле, ки дорои хислагҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу виҷдон, шарму ҳаё набошад, дар зиндагӣ комёб шуда наметавонад.

Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,

Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

Шабнам АБДУЛЛОЕВА, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment