Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИСТУ ИФРОТГАРО ВАТАНУ МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

ТЕРРОРИСТУ ИФРОТГАРО ВАТАНУ МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

by admin
106 views

«..террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Аз шиносоӣ бо вазъи кунунии ҷомеаи башарӣ дар меёбем, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра мардумони ниҳоят зиёд гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, бороварандаи оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавӣ мебошад.

Таҳлилҳо ва донишҳои касбгардидаи муҳаққиқону пажуҳишгарон дар робита ба  вазъи ҷомеаи башарӣ исботгари он аст, ки дар ҷаҳони муосир асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти фарогирифтаи худ аз  ҷумлаи асрҳои гузашта фарқкунанда  аст.

Аз падидаҳои номатлуб ва доғи рӯз, густаришёбии терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ ба шумор меравад. Ин нукта ҳам равшан аст, ки  «Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рушди падидаи зишту нафратовар- терроризму экстремизм ва таҳдиди хатарноки он ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.

Таҳдиди ин падидаи шум ба ҳадест, ки терроризму экстремизм  беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм  дар минтақаҳои алоҳидаву том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.

Ин нуктаро афзуданием, ки падидаҳои ҷойдошта, терроризму экстремизм зодаи танҳо ин аср, яъне асри ХХI  нестанд, вале  «…дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои он дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.

Боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

Бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Аз суханрониҳо ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба  муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар меёбем, ки ин масъала аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва калидии сиёсати ин Абармади таърих ба шумор рафта, ҷомеаи ҷаҳониро бар он меогоҳанд, ки дар мубориза бар зиди терроризму экстремизм саҳлангорӣ нанамуда, ба хотири рушиди ҷомеаи башарӣ ва таҳкими амнияту суботи сартосарӣ муттаҳид бошанд ва дар муқовимат бар падидаҳои номатлуби замон дастгир ва мутакои ҳам бошанд. Дар робита ба амалҳои шуму нафратовари созмонҳои террористӣ таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд”.

Чунин ба назар мерасад, ки террор, даҳшатафканӣ, қатлу ғорат ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопоки  созмонҳои ифротӣ ба шумор рафта, ин зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок ҷиҳати мушкилофарӣ ва барҳамзании ҳаёти осоиштаи ҷомеаи башарӣ  ва амнияти он равона гардидааст. Аз ин ҷост, ки истифода аз омилҳои  таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонии террористону экстремистон шабеҳи ҳаманд ва ин қишри ҷомеа, яъне террористону экстремистон ҳайвоне дар сурати инсонӣ ва аз доираи ахлоқу рафтор  дурмонда, сарфаҳмнарафтаи мафҳумҳои таҳмулгароиву инсондӯстӣ буда, ватану миллат ва дину оин надоранд.

Ҳамонгуна, ки Пешвои миллат борҳо  дар суханрониҳои худ таъкид доштаанд : “Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад, далел бар гуфтаҳои болост.

Хулоса, дар интиҳои матлаб ин нуктаро қайд намуданиям, ки ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ моро зарур аст, бо касби донишҳои наву замонавӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги бою ғанӣ ва гузаштаи пурифтихори таърихӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, сарфаҳм рафтан ба моҳияти арзишҳои милливу  динӣ фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсия бахшему рақобатпазир дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир бошем. Зеро муқовимати бошуурона ва ватанхоҳонаву бофарҳангона омили асосии таҳкиму тавсеаи ваҳдату суботи сартосарии кишавр ва устуворгардонии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор хоҳад рафт.

Нозимова Ибодат, ассистенти кафедраи география ва сайёҳии факултети иқтисод ва идораи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment