Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИНТИЗОРИИ НАВРӮЗРО АЗ КӮДАКОН БОЯД ОМӮХТ.

ИНТИЗОРИИ НАВРӮЗРО АЗ КӮДАКОН БОЯД ОМӮХТ.

by admin
216 views

     Албатта, Наврӯз ҷашнест аҷдодӣ ва таърихӣ, ки дар бораи ин ҷашн тавлид, расму оин, ананаҳои он бисёр муҳаққиқон, коршиносон, фолклоршиносон, таърихшиносон таҳқиқотҳои илмию оммавӣ гузаронидаанд ва суханҳои асоснок гуфтаанд. Аммо мо айни ҳол ин ҷашнро аз нигоҳ ва диди кӯдакони хушбахти соибистиқлоли диёрамон тасвир менамоем.

     Айёми кӯдакӣ беҳтарин айёмест, ки инсонҳо дар тӯли ҳаёташон мегузаронанд ва ҳар ҳодисаю воқеяҳои гузаштаи ин айём бештар дар хотироти онҳо нақш мебандад ва дар тарбияи ояндаи онҳо нақши муҳиме мебозад.

     Оре, тифлону кӯдакону наврасон ҳастанд, ки бештар аз дигар табақаҳои қишри ҷомеа ҷашни Баҳору Наврӯзро интизорӣ мекашанд. Маҳз омад-омади баҳорро ва қариб шудани ҷашни Наврӯзро мо аз гулгардонии бачагон огоҳ мешавем. Онҳо аз талу теппаҳои зебои диёрамон гулҳои аввалини баҳорӣ: бойчечак ва сиёҳгӯшро чида даста-даста ба хонадони мардум мебаранд, сурудхонон муждаи баҳору Наврӯзро мерасонанд.

Гули хушрӯй бойчечак,

Гули худрӯй бойчечак.

Паёми навбаҳорӣ,

Ҳай зеби тоҷи дорӣ.

      ё ин ки

Гули сиёгӯш ҳафтранг аст,

Хуроки кабки дилтанг аст.

Аз ӯ дилҳо хурсанд аст,

Баҳори лолазор омад.

    Ҳангоми шунидани ин суруди фораму фараҳбахши кӯдакона одамон аз хонаҳои худ баромада гулҳои аввалини баҳориро зиёрат карда, ба дидаҳои худ мемоланд ва орзу мекунанд, ки сиҳату саломат ба баҳори дигар Наврӯзи дигар расанд.

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон.

     Магар ин худ як далел аз бофарҳангу босавод будани ҳам насли хурду калони мардуми тоҷик гувоҳӣ намедиҳад? Дар дилхоҳ кору нияту мақсадашон онҳо як байте, зарбулмасале ёфта, забони ширину гуворои тоҷикии худро истифода мебаранд, ана ин аст худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ.

      Гулгардонҳо аз чизҳои ҷамъкардаашон ғизо мепазанд, гулхан меафрӯзанд ва базм меороянд, дар васфи баҳор Наврӯз дар гирди гулхан гулбазм мекунанд. Қоида ҳамин буд, ки ҳар яке гул гирифта як байте мехонад ва рақскунон он гулро ба дигар нафар тақдим мекунад.

Иди Наврӯз омаду олам дигаргун мешавад,

Ҳар гиёҳе, ки бувад аз хок берун мешавад.

      Бале, магар аз ин ҳам зиёд хушбахтӣ мешавад, ки модарон дар ин замон фарзандони худро бе ягон хавотирӣ иҷозат медиҳанд, ки гул чида гулгардонӣ кунанд, шодию хурсандӣ кунанд, чунки онҳо боварӣ доранд, ки ин тифлакони хушбахти замон дар як давлати тинҷу орому осоишта зиндагонӣ мекунанд ва ба қадри ин соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдат бояд расанд.

     Кӯдакони фарҳангдӯсти диёрамон баъд аз гулгардонӣ ба хонаҳояшон рафта, аз модарон ва байтҳои худ хоҳиш менамоянд, ки ба онҳо либосҳои идомаи Наврӯзӣ омода созанд, интизории онҳо бештар мегардад.

       Духтарон бошанд пироҳанҳои зебои баҳорӣ чакан, атлас, адрас дӯхта, гулҳои зебои диёрашонро дар пироҳанҳои худ нишон медиҳанд. Онҳо якҷоя шуда, даста-даста суруд хонда, куртаҳои идонаи наврӯзиашонро омода месозанд.

 Куртаи чакани ман,

 Куртаи чамани ман.

 Дар куртаам бишкуфта,

 Гулҳои ватани ман.

        Пас аз омода кардани либосҳои идона ва интизориҳои ширини кӯдакона, рӯзи ҷашни Наврӯз фаро мерасад ва кӯдакон либосҳои идонаи худро ба бар карда, бо як ҷаҳон шоддию фараҳу хурсандӣ ба базмгоҳи Наврӯзӣ мешитобанд ва якдигарро Наврӯз муборак гӯён табрик менамоянд, чунин ҳаст расму одоби мардуми тоҷикона.

         Фазилати дигари Наврӯз он аст, ки бояд инсонҳо, чангу ғубори дилро тоза намоянд ва шахсоне, ки бо якдигар қаҳрӣ буданд оштӣ намоянд ва якҷоя хурсандӣ кунанд. Мардум чизҳои шикаста ва кӯҳнаро аз хонаҳо бароварда таровати Наврӯзро яъне рӯзи нав чизи навро дар кулбаҳояшон медароваранд.

                                                                               Бахтиёр ҲАСАНОВ, ассистенти кафедраи фалсафа

Related Articles

Leave a Comment