Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДУШВОРИҲО ДАР ИНСОН ҚОБИЛЯТҲОРО БА ВУҶУД МЕОРАД…

ДУШВОРИҲО ДАР ИНСОН ҚОБИЛЯТҲОРО БА ВУҶУД МЕОРАД…

by admin
157 views

Дар ҷаҳон бисёр одамон мехоҳанд, ки бойгарию комёбӣ ба даст оваранд ва талош мекунанд, ки мақсадҳои худро дар ҳаёт амалӣ гардонанд. Аммо ин чиз ба онҳо хеле кам даст медиҳад, зеро дар сатҳи шуурашон монеа вуҷуд дорад, ки худи онҳо инро намедонанд. Шумо диққат додаед, ки боғбон чи кор мекунад ва ӯ чӣ гуна кор мекунад? Пеш аз он, ки боғбон дарахтҳоро об монад, аввал аз роҳи об ҳар гуна монеаҳоро бартараф мекунад, обро бо воситаи ҷӯй ба ҷои зарурӣ равон мекунад ва об ба сӯи дарахтон равон мегардад, боғбон маҷбур нест, ки зур зада, онро бар души худ кашад.

Ба ҳамин тартиб, мо агар монеаҳоро дар фаҳмиши мардум бартараф кунем, боварии онҳо афзунтар мегардад ва имконият фароҳам оварда, онҳоро илҳом мебахшад. Ҳатто кӯчактарин натиҷаи шумо ғайрату қувваро ду, се ва даҳ маротиба афзун мекунад. Орзую амал моро метавонад барои расидан ба комёбӣ роҳнамун созад. Дар ҳаёти мо ҳар воқеае, ки рух надиҳад, мо бояд ноумед нашавем ва бовар кунем. Умед бояд дар ботини мо ҳамеша боқӣ монад.

Дар хотир нигоҳ доред, агар шумо ба об афтед, ғарқ нахоҳед шуд, аммо шумо замоне ғарқ мешавед, ки агар дар як ҷой беҳаракат истед. Айнан ба монанди ин агар дар ҳаёти шумо мушкиле пайдо шавад, бояд дар муқобили он беҳаракат қарор наистед. Бояд роҳи ҳалро ҷӯстуҷӯ кунед. Пайваста ва мудом ҷустуҷӯ кунед, он гоҳ шумо ҳатман роҳи ҳалли онро пайдо мекунед, зеро ҳама чиз-ҳам рӯзи вазнин ва ҳам мушкилот, ҳато рӯзҳои хуш ҳам гузарандаанд.

Ҳеҷ чиз абадӣ нест!

Шарифхон АЗИЗХОҶАЕВ, донишҷӯи соли 4-уми факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment