«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми ҷумҳурӣ 32-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабулшуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт.
Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Аз ин нуқтаи назар, тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 32 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобам, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Бо назардошти гуфтаҳои боло мехостам як чанд нақши Конститутсияро, ки барои рушд ва инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминагузор аст дар шаклҳои зерин гуфта гузарам:
- Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард. Гӯвоҳи ин гуфтаҳо моддаҳои 1,6,8,9,11 ва ғ. Конститутсия шуда метавонанд.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 32 соли арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани қонуният, волоияти қонун ва хусусан таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмат карда, симои сиёсиву ҳуқуқӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд. Мисоли ин шуда метавонад моддаи 5-и Конститутсия ва идомаи мантиқии он боби 2-юми он (34 модда).
- Конститутсия Истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Бояд қайд кард, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор кард. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи қонуни асосӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад. Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд.
- Конститутсия шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад.
Қобил ба ёдоварист, ки дар иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд институти президентӣ аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин ҷо, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ ду лоиҳа яке «Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» тарафдорони бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро исбот кард. Гузашта аз ин, дар иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ таъкид карда буд, ки «шакли мувофиқ ва бо эътимоде, ки имрӯз ба шароити мушахасси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад» 32 — соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустӣ ва ба шароити мамлакат созгар будани ниҳоди президентиро собит кард.
- Тибқи Конститутсия дар мамлакат ризоияти миллӣ ба даст оварда шуда, дар асоси он низ Конститутсия худ такмил ёфт. Тағйиру иловаҳои ба 29 моддаи Конститутсия аз 26 сентябри соли 1999 вобаста ба талабот ва нуқтаҳои асосии “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” давлатдории муосири Тоҷикистонро мукаммал гардонид.
- Конститутсия асосҳои ҳуқуқии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда, баҳри инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидат намуд. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсияи нав дар кишвар давраи мустақили рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бо нуфузи байналмилалӣ оғоз шуд.
Ҳамин тариқ, боэътимод метавон изҳор намуд, ки 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.
Назаров Бахтиёр Ҳасанович — омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
