Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АЗ «МАҒЗШӮӢ»-И НОХАЛАФОН ЭМИН ХОҲЕМ БУД

АЗ «МАҒЗШӮӢ»-И НОХАЛАФОН ЭМИН ХОҲЕМ БУД

by admin
67 views

Тавре маълум аст имрӯзҳо экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад ва мураккабии он низ аз ҳамин  вазъият вобастагӣ дорад. 

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ифротгароӣ ва терроризм дар доираи илмҳои гуногун баррасӣ шуда, вобаста ба моҳияти он таърифҳои мухталиф пешниҳод карда шудаанд. Чунончӣ, ба андешаи фарҳангшиносон, дур намудани одамон аз андешаи фарҳангии худ амали экстремистӣ дониста шудааст. Аз лиҳози сотсиологӣ бошад, экстремизм ҳамчун зуҳуроти андешаҳои канорӣ ва амалҳои зӯроварона муаррифӣ кардааст. Сиёсатшиносон дар навбати худ, экстремизмро ҳамчун раванди сиёсие медонанд, ки дар заминаи он мубориза барои  ба даст овардани  ҳокимият дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабию маънавии ҷомеа бо истифода  аз роҳу усулҳои тундгароӣ ва иртиҷоӣ ба амал бароварда мешавад. Ба андешаи ҳуқуқшиносон, экстремизм маҷмӯи амалҳои ҷиноятие мебошад, ки дар қонунгузории давлат муқаррар карда шудаанд. Файласуфон бошанд, экстремизмро инъикоси амалҳои ғайриахлоқӣ ва мухолиф бо меъёрҳои  ахлоқии ҷомеа медонанд ва аз ин хотир онро маҳкум мекунанд.

Аммо мусаллам аст, ки  дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, махсусан дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таҳдиду хатари экстремизму терроризм рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба  хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро  ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои  хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву экстремист, ҷалби  ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.”

Дар ин зимн, бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз таъсири экстремизми динию сиёсӣ зарару зиёни бештар дидааст ва ин таҳдид то ҳанӯз мавҷудияти худро  нигоҳ медорад. Зеро чунин вазъият пеш аз ҳама, ба шароити таърихии давлат ва мавқеи ҷуғрофии он асоснок карда мешавад.

Ҳамин тавр, баъди  пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо аз он давлати пуриқтидор иқтисодиёти фалаҷгардидаро ба мерос гирифт. Дар чунин вазъият давлатро зарур меомад, ки дар навбати аввал рушди иқтисодию иҷтимоиро ба амал барорад, аммо дар ин самт нооромиҳои сиёсӣ монеаи ҷиддӣ эҷод намуданд, гузашта аз ин,  кишварро ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ фаро гирифт. Ин ҷанг барои Тоҷикистон зиёни худро зиёд расонид. Талафоти ҷонӣ, вайрон шудани объектҳои иқтисодӣ, ба вуҷуд омадани бӯҳронҳои сиёсию маънавӣ, фирори мағзҳо ва ғайраҳоро метавон ҳамчун хисороти  ҷанги мазкур номид. Аммо дар баробари ин, боз ҷанги шаҳрвандӣ барои фаъол гардидани ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ низ шароит фароҳам овард, инчунин, тафаккури анъанавии  аҳолии Тоҷикистон аз тарафи  дигар барои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат намуд.

Аз ин лиҳоз, таъсири манфии омилҳои динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва чунин ҳолат сабабҳои мушаххаси худро дорад. Зеро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Инчунин баъди ба имзо расидани  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ то сентябри соли 2015 дар фазои сиёсии мамлакат ҳизби сиёсии динӣ амал менамуд, ки чунин ҳолат дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба назар намерасад.

Боиси нигаронист, ки дар раванди ҷаҳонишавии бошиддат ва бархурди тамаддунҳо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати воситаи фаъоли тарғибу ташвиқотӣ истифода намуда, бемамоният маводҳои экстремистии шеваҳои гуногунро аз варақаҳо сар  карда, то дискҳои мазмуни экстремистидошта, паҳн менамоянд.

Дар асл, дар замони муосир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардидани ҷавонони  кишвар ва онҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, воқеияти бебаҳс аст.

Аммо таассуфовар он аст, ки  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва тундгароие низ мавҷуданд, ки  аҳолии мамлакатро ба иғвоангезиву хурофотпарастӣ маҷбур менамоянд. Аз ҷумла тӯли чанд соли охир фаъолияти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ чӣ дар хориҷи мамлакат ва чӣ дар дохили он ячейкаҳои гуногуни худро ташкил намуда, кушоду равшан мардумро ба ҷангу хунрезӣ даъват намуда истодаанд.

Ҳол он, ки дар Тоҷикистон ба монанди давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ базаи иҷтимоии ташкилотҳои экстремистӣ  ва тундгароиро нафароне ташкил медиҳанд, ки  дар ҷомеаи зудтағйирёбанда ва ба тағйироти иҷтимои иқтисодӣ дучоргардида мавқеи  худро пайдо карда наметавонанд. Сабаб дар он аст, ки рушди илму техника ва рушди ҷомеа то андозае қафо мондаанд. Бинобар ин, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар барномаҳои сиёсии худ масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро ворид намуда, бо ин роҳ диққати ин зумра одамонро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд.

Бахусус, ташкилоти террористию экстремистии собиқ “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва иттиҳодияи террористию экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси  наҳзатиён ташкил шудаву аз тарафи тундгароёни исломӣ ҷонибдорӣ мегардад, тӯли солҳои охир дар шабакаи интернет хеле фаъол шуданд. Фаъолони ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба таври кушод  Ҳукумати мамлакат ва низоми сиёсии кишварро, ки хусусияти демократӣ ва дунявӣ дорад, маҳкум намуда, сарнагун намудани ҳокимияти давлатиро мақсади худ эълон намудаанд. Инчунин онҳо дар шабакаи интернет сомонаи иттилоотӣ таъсис дода, ҳар гуна иттилооти бардурӯғ ва таҳқиромезро, ки метавонад ба шуури шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонад, паҳн менамоянд.

Ҳамзамон, экстремистону террористон нисбати рӯҳониёни анъанавии динӣ ва сохтори дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муносибати душманона дошта, мехоҳанд, ки имиҷи сиёсии кишварро дар сатҳи байнамилалӣ паст гардонанд. Бехабар аз он ки тири онҳо хок хӯрдааст ва дар бораи паҳн гардидани  иттилооти бардурӯғ аз ҷониби наҳзатиён ва дурӯғпардозию буҳтонситезии онҳо олимони  ватанӣ посухҳои саривақтӣ додаанд ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро доимо ошкор месозанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бинобар надоштани мавқеи муайян ва нобоварӣ аз роҳи интихобкардаашон пайравони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои пинҳон кардани шахсияти худ аз барӯйхатгирии аҳолӣ, рақами андозсупоранда ва иваз кардани шиноснома  худдорӣ менамоянд.

Гузашта аз ин, далеловарии онҳо на ба  хирад, балки ба хурофоту таассуби одамон нигаронида шудааст. Зеро ҳаракатҳои экстремистию террористӣ омили исломиро ба сифати пардаи идеологӣ ва на барои  амалинамоии  мақсадҳои динию мазҳабӣ, балки сирф ба мақсадҳои сиёсӣ истифода мебаранд.

Хусусан, дар шароити бекории сартосарӣ, парокандагии ҷомеа ва ришвахорӣ зери шиорҳои баргаштан ба ҳаёти сирф исломӣ амалҳои миллатгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва гурӯҳбозию қавмпарастӣ бурда мешавад. Аммо маълум аст, ки онҳо яктарафа муҳокимаронӣ менамоянд, чунки дар натиҷаи амалҳои террористӣ одамони зиёд қурбонӣ шуда, ба иқтисодиёти давлат ва некӯаҳволии ҷомеа зарари калон расонида мешавад.

Дар ин замина, бояд зикр кард, ки дар байни пайравони экстремизм иттифоқ ва муттаҳидӣ ҷой дошта, саркардагон ва пешвоёни онҳо баромади муайяни иҷтимоӣ доранд. Аммо иҷрокунандагони амалҳои террористӣ заминаи муайяни иҷтимоӣ надошта, аз ҳисоби одамони тасодуфӣ интихоб карда мешаванд ва дар ин роҳ аксарияти ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аҳкомҳои диниро ба хотири қудрату ҳокимият ва  бо мақсадҳои  сиёсӣ истифода менамоянд.

Яке  аз  сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ  низ зуҳури исломи сиёсӣ ва ташаккули экстремизми динию сиёсӣ маҳсуб меёбад, ки он на танҳо дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ҷомеаро  ноором сохт, балки рушди кишварро ба даҳсолаҳо ба қафо кашид.

Гузашта аз ин, даҳсолаи  дуюми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бо давраи хеле ҳассос рост омад, ки ин марҳилаи таърихиро то кунун ҳамчун имтиҳони таърихӣ барои миллати тоҷик номидан мумкин аст. Зеро дар ибтидои асри 21 зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аз сатҳи маҳаллӣ ба сатҳи минтақавию байналмилалӣ рафта расид.

Бояд хуб дарк кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол аз лиҳози таъсири омилҳои динӣ, махсусан таъсири омили исломӣ дар самти ташаккулдиҳии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд осебпазирии зиёд дорад. Якум ин, ки кишвар дар марҳилаҳои аввали рушду инкишоф қарор дорад ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам мушкилиҳои  иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангию идеологӣ ҷой доранд, ки чунин вазъият  метавонад дар самти муқовимат бо тундгароии исломӣ монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Федаратсияи Россия муҳоҷирони зиёд дорад, ки дар ин гуна вазъият хавфи гаравидани ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ меафзояд. Инчунин, роҳ ёфтани ғояҳои тундгароии исломӣ ба дохили кишвар ва бо роҳу воситаҳои гуногун тарғибу ташвиқ гардидани онҳо хавфи зиёд гардидани пайравони он ба вуҷуд омадани бадбинии ҳуқуқию сиёсиро ба миён меорад.

Аз ин рӯ, дар чунин шароити ҳассос барои мардуми кишвар ва махсусан ҷавонон зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстӣ зарур аст,  то ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои тахрибкор нагарданд.

Итминон бар он дорем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол дар пайрави ба кору пайкори Пешвои муаззами хеш бо шукргузориву арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолият, пос доштани суннатҳои наҷиби ниёгон рисолати виҷдонии хешро содиқона иҷро намуда, намегузоранд, ки нохалафе сулҳу субот ва зиндагии ободу осудаи миллати тоҷикро халалдор созад.

Раҳимзода Шоҳзод, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment