Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАРҲАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ АРТИШИ МИЛЛӢ

МАРҲАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ АРТИШИ МИЛЛӢ

by admin
317 views

    Бо ифтихор иброз медорам, ки қувваҳои мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

     Якум, мақсади асосии таъсис ва ташаккули нерӯ ва қувваи нави ҳарбии миллие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиру содиқ бошад. Тавонад дар ҳама ҳолат озодию манфиатҳои мардуми кишварро таъмину нигаҳбон бошад. Вобаста ба таъйиноти мазкур, қӯшунҳои муташаккили зудамал дар сохторҳои қудратии кишвар таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои дохилии зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионии кишвар равона карда шуда буданд.

   Дуюм, ин таъсиси сохтори таркиби Артиши миллӣ, ҳаллу фасл ва такмили корҳои ташкилию ташаккули номгӯйи вазифаҳои муайянкардаи онҳо ба анҷом мерасад. Дар ин давра баъди таъсис навъҳои гуногуни Артиши миллӣ, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоӣ рушду инкишоф ёфтанд, бахусус, ташкили қӯшунҳои зудамал ва таъйиноти махсус дар сохторҳои қудратӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.

     Сеюм, ин давраи хотимавии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон байни Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти мухолифин оғоз гардид. Дар ин марҳала ба сохтори таркибии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба ҳайати штатии онҳо ворид карда шуд.

    Чорум, бо роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтанд, дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувори худро гузошта тавонист, сохтори системаи давлатдории тоҷиконро аз нав асос гузошта барои насли оянда мукаммал гардонид.

      Вазифаҳои минбаъдаи ҳар як сохтори қудратӣ дар асоси талаботи Конститутсия муайяну мушаххас карда шуда, қонунҳои танзимкунанда қабул гардиданд.

    Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанашон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Сарфармондеҳи Олии кишвар қарор доранд, ҳамеша баҳри рушди таъминоти онҳо чораҳои мушаххаси саривақтӣ андешида шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доктаринаи ҳарбӣ”, Қонун “Дар бораи мудофиа” ва як қатор қонунҳои дахлдори давлатиро барои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои низомӣ таҳия карда, ба тасвиб расонидааст, ки шакли сохтори замонавии Қувваҳои Мусаллаҳро муайяну мушаххас ва тасдиқ намудааст, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд.

       Панҷум, саҳми Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ иштирок дар муборизаҳои шаддид ва набардҳои вазнин баҳри таъмини амният, сулҳу суботи кишвар бениҳоят калон аст. Дар ин раванд санъату маҳорати ҷангиро омӯхта, обутоб ёфтааст. Баҳри ҳамкории минбаъдаи ҳарбӣ ба даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ шомил гардида, созишномаҳоро ба тавсиб расонидааст. Дар айни замон бо созмонҳои СААД, ИДМ, СҲШ, СММ, Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи ӯҳдадориҳои дуҷониба ташкил карда шуда, як қатор меморандум дар самти минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ба имзо расонида шудаанд.

     Гузаронидани машқҳои муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме мебошанд, ки ба болоравии сатҳи маҳорату малакаи ҷангии Артиши миллӣ ва таҳкими қобилияти мудофиавии давлати миллӣ мусоидат менамояд.

 

      Маҳмадсаид МИРВАЛӢ, ассистенти кафедраи таърих,

ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment