Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ-САЙҚАЛИ ҶАВҲАРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ-САЙҚАЛИ ҶАВҲАРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

by admin
73 views

Тоҷикистони  азизи мо тӯли 33 сол боз Истиқлолияту озодии комил дорад. Мардуми шарифи ин меҳани муқаддас аз меваҳои шаҳдбори истиқлолияту ваҳдати миллӣ ком ширин менамоянд. Воқеан ҳам Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ҳар фарди солимфикру бомаърифат сарчашмаи тамоми хушбахтиҳову пирӯзиҳост. Имрӯз мо дар фазои орому осуда ва зебову назаррабои ин Ватани маҳбуб зиндагӣ менамоем. Истиқлолият рамзи сарҷамъиву соҳибихтиёрӣ ва мустақилияту иродатмандии ҳар як фарди Тоҷикистони биҳиштосост. Фаромуш набояд сохт, ки ин неъмати бебаҳо ба гарави ҷони ҳазорон фидоиёни меҳандӯсту сарсупурда ва талошу ҷонисориҳои абармардони шуҷои ватан ба даст омадааст. Аз ин лиҳоз, дар хотир бояд дошт, ки тамоми муваффақиятҳое, ки имрӯз мо дорем аз баракати истиқлолият ва ваҳдати миллист.

Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Конститутсия, ҳамчунин марз ва сарҳади давлатӣ ин ҳама нишонаҳои соҳибистиқлолоиву соҳибватании мо мардуми некбахти Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин ҳама муқаддасот ва нишонаҳои давлатдорӣ Паёми солонаи роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии малакат низ нишони бараҷастаи давлатдориву тантанаи ватандорист.

Воқеан ҳам, Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ин паёми шодиву сурӯр ва пайки тамоми хушбахтиву хуррамии кулли мардуми некахтари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ таҷасмгари тамоми муваффақияту комёбӣ ва роҳнамову муайянкунандаи самти фаъолияту муваффақиятҳои ояндаи Тоҷикистони биҳиштосост.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахусти давлатдориашон соҳаи илму маъорифро соҳаи афзалиятноку калидӣ арзёбӣ намуда, дар ин меҳвар мавқеъ ва мақоми омӯзгоронро бағоят баланд бардошта истодаанд.

Пешвои муаззами миллат дар воқеъ пешрафту устувории иқтисодиёти мамлактро ба инкишофи илму маърифат ва саводнокии аҳли ҷоме нисбат дода таъкид намуданд, ки «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад». Бе шубҳа,  сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои пешрафту шукуфоии давлат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Бо тарақӣ ёфтани рушди сармояи инсонӣ имконияти баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ бештар мегардад.

Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Ҷиҳати татбиқи амалии ғояҳои сиёсати маъорифпарваронаи Пешвои миллат дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин, Президенти кишвар ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Бо вуҷуди талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳанӯз ҳам барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иншооти таълимӣ ва ҷои нишаст басандагӣ намекунад, ки ба таъкиди Пешвои миллат «… 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад».

Ҳамчунин дар суханронии Президенти мамлакат оварда шуд, ки  «Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд». Мо ҷомеаи омӯзгорон воқеан хушҳол аз онем, ки Ҳукумат Тоҷикистон, хосса, Президенти малакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, баҳри рушди соҳаи илму маъориф кӯшиш ва талоши хастанопазир менамоянд.

Вазъи ноорому зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро ба иннобат гирифта Пешвои миллат таъкид доштанд, авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад» — иброз намуданд Пешвои муаззами миллат.

Албата, барои дар амал татбиқ намудани тамоми нишондодҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ки ба соҳаи илм ва махсусан маорифи кишвар нигаронида шудааст, пеш аз ҳама, аз ҳар як омӯзгор маҳорати баланди касбӣ ва садоқату самимият нисбати пешаи омӯзгорӣ талаб карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин росто бояд ҳар яки мо омӯзгорон нисбати касбу кори хеш – таълиму тарбияи насли ояндасози миллат, серталаб ва ҷиддиву накӯкор бошем ва пайваста барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии хеш кӯшишу талош намоем. Вобаста ба ин ҷиҳати масъала дар Паёми фавқуззикр Президенти мамлакат қайд намуданд, ки  «Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои қаблӣ дар Паёми имсолашон ба Маҷлисӣ Олии малакат низ дар боби мактабу маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, беҳтар намудани савияи дониши хонанадгони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ ва бад-ин васила тарбияи сазовори насли ояндасози миллатро ҳамчун ворисони ҳақиқиву арзандаи ин меҳани маҳбуб маҳаки ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ қарор доданд.

Зулфиев Гадомад, н.и.ф., дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment