Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-МАСЪАЛАИ МУШКИЛИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-МАСЪАЛАИ МУШКИЛИ ҶОМЕА

by admin
28 views

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд».

Эмомалӣ Раҳмон

Мушкилот дар ҷаҳони муосир хеле зиёданд. Вале мушкилоти асосие, ки тайи солҳои охир дунёро ба ташвиш овардааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад. Экстремизм ва терроризм-падидаи номатлуб ва ғайринсонӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Тамоми мамлакатҳои  ҷаҳон бо ин  вабои аср муборизаи беамон  эълон намудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин ҷода яке аз мамлакатҳои пешқадам ба ҳисоб меравад. Сарвари хирадманди мо-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон яке аз аввалин шахсиятест, ки мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризмро эътироф намуда, ҷомеаи ҷаҳониро  ба муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб даъват кардааст.

Бо мақсади пешгирӣ  намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта Ҳукумати мамлакат 16 ноябри соли 1999  Қонун «Дар бораи  мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули  Қонун, мафҳуми терроризм, фаъолияти  террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд.

Гузашта аз ин, 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул шудааст, ки дар он  низ мақсади қабули Қонун, мафҳуми экстремизм, амалҳои экстремистӣ, масъулияти  ҳамаи сохторҳо дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дарҷ ёфтааст.

Дар баробари қонунҳои мазкур, инчунин, консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм  ва экстремизм қабул шудааст, ки дар он нуқтаҳои асосии мубориза бо ин падидаҳои номатлуб инъикос ёфтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори бузургтарин пешниҳоду лоиҳаҳо дар СММ ҷиҳати беҳдошти зиндагии баҳарият мебошад ва масъалаи  мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм  низ аз зумраи онҳост.

Бо шарофат ва ибтикороти созандуву бунёдкоронаи Роҳбарияти олии кишвар айни замон Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз мамлакатҳои амнтарин ва бехавфтарини дунё маҳсуб меёбад.

Дар мамлакати мо барои пешбурди ҳамаи намуди  фаъолият, ки барои тараққиёту пешравии ҷомеа заруранд, иҷозат дода шудааст. Сатҳи фарҳанги мардуми мо нисбат ба солҳои пешин бамаротиб боло рафтааст ва имрӯз ҳазорон-ҳазор ҷавонони мо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи ин аз пешравии сиёсати пешгирифтаи Сарвари хирадманду маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хосатан Сарвари давлат, дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо тамоми имконотро фарҳам сохтаанд, то ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Вале дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистидошта, ба чашм мерасад. Тавре ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “вобаста ба ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза  мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем,   бештар кору фаъолият намоем ва нагузорем, ки рафтору кирдор, ақидаҳои ғаразноку номатлуб дар ҷомеаи мо, алалхусус байни наврасону ҷавонон, ки ояндасози миллатамон маҳсуб меёбанд, реша давонанд”.

Зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амният, дифои ваҳдат ва худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.

Набояд имкон дод, то фазои осуда ва тинҷи мамлакатамонро касе халалдор намояд ва ба тарафдорони ин равияву ҳаракатҳо оштинопазир бояд буд, зеро террористону экстремистон рӯз то рӯз тавассути технологияи муосир — шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ  тарғиботу ташвиқоти худро пурзӯр намуда, барои ҷалби ҷавонону наврасони гумроҳ тамоми роҳу усулҳоро истифода мебаранд.

Шурӯъ аз адолати иҷтимоӣ то нозуктарин масъалаҳои динӣ мавзуи таблиғоти ин гуна ашхос ба ҳисоб меравад. Ин гурӯҳи табақаи иғвоангез   ба ибораи дигар  «адолатҷӯву  адолатхоҳ»  боре ҳам дар бораи муваф-фақиятҳову дастовардҳои Ватани азизи мо як калима ҳам намегӯянд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабор ва  амалҳои пасипардагии як гурӯҳ дасисабозонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаанд.  Бахусус, калонсолон мушкилиҳои он замонро хуб дар ёд доранд ва онро ба насли ҷавон ҳар рӯзу ҳар соат таъкид менамоянд. Ҷавонон табақаи осебпазири ҷомеа буда, ҳар як чизи нав пайдошударо  дар кадом шакле, ки бошад, зуд қабул мекунанд.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  тарбияи насли наврас ва ҷавонон иқдомҳои бузургро пеша намудааст. Бунёди муассисаҳои таълимии типи нав, литсею гимназияҳо, мактабҳои Президентӣ ва садҳо иншоотҳои нави замонавӣ барои ояндаи наврасону ҷавонони мамлакат шаҳодати ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳар як Паёму суханрониҳои худ Сарвари давлат марбут ба тарбияи насли наврасу ҷавон  дар назди мо вазифаи пурмасъулият- тарбияи комилу ба талаботи давр ҷавобгӯро мегузоранд ва, албатта, иҷрои ин гуфтаҳо вазифаи аввалиндараҷаи  ҳар яки мо омӯзгорон аст. Президенти мамлакат соҳаи маорифро афзалиятнок ҳисобида, тарбияи насли наврас ва ҷавононро вазифаи ҷонии ҳар як фарди маорифпарвар медонад.

Дар масъалаи нигоҳ доштани  ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар мадди  аввал муборизаи идеологиро тариқи шабакаҳои интернетӣ аз ҳисоби шахсиятҳои ватандӯсту ватанпарасти дорои ҷаҳонбинии васеъ ва мутахассисони хуби технологияҳои иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ, махсусан, англисӣ, русӣ ва арабӣ ба роҳ мондан ҳатмӣ ҳаст. Баъдан, наврасону ҷавононро бештар ба таълиму тадрис фаро гирифтан лозим аст, чунки фаҳмишу ҷаҳонбинии инсон ба воситаи хондан, илм омӯхтан дар муассисаҳои    таълимӣ сурат мегирад. Ва ҳамаи ин ба воситаи омӯзгорон амалӣ мегардад.

Тайи солҳои охир, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавонону наврасоне, ки ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мепайванданд, ҷавононе мебошанд, ки дар ягон ҷо таҳсил накардаанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми шароит барои таҳсил намудани ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат муҳайё  гардидааст.

Дар роҳи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои мазкур аз ҳисоби олимону донишмандон, рӯзноманигорони варзида ва уламои дин  тавассути  ВАО суҳбату намоишҳои телевизионӣ  ташкил  намудан ба манфиати кор аст.

Дар ин росто вазифаи мо-равшанфикрон ва пешбарандагони сиёсати давлат, аз он иборат аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон  боз ҳам бештар масъулият ҳис намуда, нагузорем, ки фазои тинҷу ороми ватани азизамонро касе халалдор созад. Аз дастгириҳо, суҳбату вохӯриҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё рӯҳу илҳоми тоза гирифта, кӯшиш менамоем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, дар роҳи созандугиву бунёдкори сафарбар намоем. 

Шералиева САДБАРГ-дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment