Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

by admin
93 views
Ваъзи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз ақидаҳои ифротгароӣ, тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.
Таърих дар тӯли солҳои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.
Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад.
Бояд ёдовар шавем, ки ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор кушта шуданд, Ватан харобу валангор гардид, як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ватанро тарк намуда, теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимон қатл карда шуданд, маҳз бо дасисаи ташкилоти террористии наҳзати Ислом сар зад.
Аъзо ва роҳбарони наҳзат, ки афроди манфиатҷӯ ҳастанд, барои онҳо ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳанӯз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвар, миллат мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.
Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонад. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти овозадори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зидди террористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаи дин ба амал меояд. Гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҷавонон ва духтароне таваҷҷӯҳ мекунанд, ки ба ҳурофотҳои динии кӯҳнапарастӣ гирифтор шудаанд ва ё дар зиндагӣ аз чизе рӯҳафтода ва ноумед гардидаанд, боиси ба доми ифротиҳо афтодани онҳо мебошад.
Мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд. Шахсоне ки ба доми онҳо афтида, ба гурӯҳашон шомил шудааст:
-аз оила, хешу табор ва наздиконаш маҳрум мегардад;
-мавқеъи иҷтимоии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад, аз имкониятҳои донишомӯзӣ, соҳиби касби хуб шудан, дар ҷомеа ба мавкеъи муносиб соҳиб шудан маҳрум мегардад;
— дар зиндагӣ мавкеъи шахсии худро аз даст медихад, ӯ ба воқеъият танҳо аз нигоҳу ақидаи равияҳои ифротгароии динӣ назар мекунад;
— ҳаёти хешро дар маҳбас ва ё дар мамлакати бегона мегузаронад, ӯҳдадориҳояшро дар назди оила, падару модар ва пайвандонаш иҷро карда наметавонад;
— ҷараёни аз насл ба насл гузаштани арзишҳои оилавӣ зарар мебинад, ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аҳамияти худро гум мекунад ва дар натиҷа маънавият коҳиш меёбад;
— тақдири мамлакат аз донорҳои иқтисодӣ ва давлатҳои бо фурӯши яроқу аслиҳа машғулбуда, вобаста мегардад.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Пас моро зарур аст, ки пайваста суханони Пешвои миллатро дарк намуда ва ба ҷавонон талқин намоем. Пешвои миллат гуфта буд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Тошматов Умар, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment