Home ХАБАР ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

by admin
223 views

Барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ толори Шурои олимон ифтитоҳ гардид.

Дар рафти ифтитоҳи толор ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд.

Нахустин маротиба дар ин толори зебову бо тамоми шароитҳо муҳайё ҷаласаи Раёсати донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи толор профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд карданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ оянда низ идома ёбад. Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон аҳли нишастро ба хотири ифтитоҳи толори замонавӣ, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор шодбош гуфтанд.

Зикр гардид, ки ташкили чунин толорҳои зебову барҳаво дар ҳар як факултет ба нақша гирифта шудааст ва зина ба зина ин созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Сипас мушовири ректор, дотсент Изатуллоев Куган дуои хайр дода, таъкид доштанд, ки ин толор танҳо ва танҳо барои пешрафти илм истифода шавад. Ҳамзамон профессор Изатова Муҳаббат низ суханронӣ намуда, ин иқдомро дастгирӣ карданд ва шоёни таҳсин хонданд.

Дотсент Шарофат Худойдодова ва муаллимон Бегиев Шариф ва Ҷӯраев Бобохон низ суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор табрику таҳният намуданд.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлатӣ ва сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзуд.

Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 7 толори Шурои олимон дар факултетҳо ифтитоҳ гардида буд.

Related Articles

Leave a Comment