Home ХАБАР ХУРСАНДИИ КӮДАКОН — ХУРСАНДИИ МИЛЛАТ АСТ

ХУРСАНДИИ КӮДАКОН — ХУРСАНДИИ МИЛЛАТ АСТ

by admin
23 views

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар идомаи иқдомҳои хайрхоҳонаву инсондӯстона ва бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаю ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси навбатии худро амалӣ намуд. Дар доираи ин иқдом намояндагони раёсати донишгоҳ ба кӯдакистони «Ситора»-и назди муассиса ташриф оварда, ба тарбиягирандагон шириниҳо тақдим намуданд.

Ғамхорӣ ба кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияву камолоти онҳо яке аз муҳимтарин самтҳои ҷомеаи солиму созанда ба шумор меравад. Шодии беолоиши кӯдакон, табассуми самимии онҳо ва дурахши умед дар чашмонашон беҳтарин бозгӯи муҳаббату ғамхории ҷомеа ба насли оянда аст. Зеро кӯдакони хушбахт ояндаи дурахшони миллатанд.

Related Articles

Leave a Comment