Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

by admin
10 views

Имрӯз, 28 октябри соли 2026, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ”, ки дар назди кафедраи молия ва қарз фаъолият мекунад, баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбари маҳфил ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфилро роҳбари он Муҳаммадҷони Азизуло оғоз намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ кард.

Баъдан, Ҳамзаи Саймаҳмуд, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Вазирзода Дилором бо маърӯза дар мавзуи “Самтҳои асосии ташаккул ва равнақи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯза бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои таҳкими донишу ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён муҳим ва судманд арзёбӣ карданд

Related Articles

Leave a Comment