Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии раванди таълими забони англисӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Шурои Бритониё (British Council) 26 адад китоби таълимӣ ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Китобҳои тақдимшуда маводи муосири таълимиро дар самтҳои методикаи таълими забони англисӣ, луғатшиносӣ, грамматика ва дигар бахшҳои омӯзиши забон фаро гирифта, арзиши умумии онҳо 30 ҳазору 583 сомониро ташкил медиҳад.
Ин иқдом дар доираи лоиҳаи «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA – Accelerating English Language Learning in Central Asia) амалӣ гардида, ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Шурои Бритониё ва Донишгоҳи Гринвичи Британияи Кабирро дар самти такмили таълими забони англисӣ тақвият мебахшад.
Ҳамкориҳои мазкур аз моҳи октябри соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, баргузории семинарҳои омӯзишии ҳузурӣ ва маҷозӣ, инчунин такмили маҳорати касбии омӯзгоронро дар бар мегиранд. Лоиҳа аз ҷониби Шурои Бритониё ва Донишгоҳи Гринвич маблағгузорӣ мешавад.
Тақдими китобҳои таълимӣ барои ғанӣ гардонидани захираи адабиёти соҳавии донишгоҳ, махсусан факултети филологияи хориҷӣ, беҳтар намудани дастрасии омӯзгорону донишҷӯён ба маводи муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиши забони англисӣ мусоидат хоҳад кард.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналмилалӣ дар самти рушди таҳсилот, такмили ихтисоси омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир идома медиҳад.
