Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР. ТАҲДИДИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАВАНДҲОИ СИЁСИИ МУОСИР

МИЗИ МУДАВВАР. ТАҲДИДИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАВАНДҲОИ СИЁСИИ МУОСИР

by admin
9 views

Бо ташаббуси кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Таҳдиди терроризм ба амнияти миллӣ ва равандҳои сиёсии муосир» баргузор гардид. Дар он омӯзгорону муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуда, масъалаҳои мубрами терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии ин падидаҳои хатарнок ва нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсиву идеологии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиқорзода Муҳаммад бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ дар шароити муосир ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон, инчунин тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Сипас, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Назарзода Пиралӣ Сафар дар мавзуи «Экстремизм: заминаҳои пайдоиш, ҷанбаҳои идеологӣ ва роҳу воситаҳои муқовимат бо ин падида» маърӯза намуда, омилҳои пайдоиш ва паҳншавии ғояҳои ифротгароёна, хусусиятҳои идеологии онҳо ва роҳҳои муассири пешгирии чунин зуҳуротро шарҳ дод.

Ҳамзамон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Яқубзода Фирӯз Нурмат дар мавзуи «Асосҳои консептуалӣ ва механизмҳои муосири пешгирии терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ» баромад карда, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи механизмҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм таъкид намуд.

Дар идома, доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ (PhD), дотсент, мудири кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи «Нақши ВАО дар инъикоси ташаккули корҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар байни ҷавонон» суханронӣ намуда, нақши воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоиро дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва пешгирии таъсири маводи ифротгароёна ба ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар қисмати музокирот иштирокдорон доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои пешгирии ифротгароии ҷавонон, истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ ва баланд бардоштани масъулияти рӯзноманигоронро дар инъикоси масъалаҳои амниятӣ муҳокима карданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор набуда, масъулияти тамоми ҷомеа, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Related Articles

Leave a Comment