Дар толори Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Рақамикунонӣ дар иқтисодиёт»-и назди кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунии факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил Шарипова Солеҳамо, донишҷӯи курси чоруми факултет, дар мавзуи «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии иқтисодиёт» маърӯза намуда, доир ба нақши технологияҳои муосири рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар такмили равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ ва қабули қарорҳои асоснок маълумот пешниҳод кард.
Зимни баромад таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имконият фароҳам меорад, ки равандҳои иқтисодӣ автоматизатсия гардида, таҳлили маълумот дақиқтар ва идоракунии захираҳо самараноктар ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷом иштирокдорон доир ба мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти омӯзиш ва истифодаи технологияҳои рақамиро дар омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт таъкид карданд.
