Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН”

by admin
10 views

16 марти соли 2026 дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Географ-сайёҳони ҷавон”-и назди кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, садорати факултет, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ суханронӣ намуда, мақсад ва аҳамияти маҳфилро дар рушду такомули малакаҳои касбӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд. Сипас, Давлатов Аҳлиддин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси география дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳои Помир” баромад намуда, доир ба таъсири омилҳои иқлимӣ ба вазъи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар таъмини захираҳои обӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Related Articles

Leave a Comment