Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

by admin
156 views
 Санаи зо-юми сентябр дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи рӯдакӣ маҳфили навбатии “Биё-Ҳамадон шавем” бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” таҳти унвони “МАСНАВИИ МАЪНАВИИ МАВЛАВӢ” баргузор гардид.
Дар маҳфил Иброҳимов Бобоҷон, мудири китобхонаи донишгоҳ, Мирзоев Суҳроб, ассистенти кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ ва ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро Иброҳимов Бобоҷон, мудири китобхона оғоз намуда, изҳор доштанд, ки бо кӯшишҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳрати ҷаҳонии Ҷалолуддини Балхӣ дубора эҳё гардида, имрӯз донишмандону донишҷӯён ашъори пурмуҳтавои ӯро мутолиа ва таҳлилу таҳқиқ менамоянд. Сипас, Мунисаи Маҳмарабӣ, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ дар мавзуи “Ҷалолуддини Балхӣ адиб ва орифи бузург” ва Дӯстаҳмадзода Зиёвуддин, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ дар мавзуи “Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як ахтари тобнок” суханронӣ намуданд.
Дар давоми маҳфил аз ҷониби донишҷӯён аз ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ порчаҳои назмӣ қироат гардид.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment