Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНИ PhD

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНИ PhD

by admin
178 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ–педагогӣ бахшида ба “Солҳои рушди саноат 2022-2026” конференсияи илмӣ-назариявии магистрантон ва докторантони PhD дар мавзӯи “Саноаткунонӣ-ҳадафи чоруми миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ – педагогӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад ва ҳайати васеи магистрантону докторантон иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданд. Сипас, Қурбонов Анис, докторанти PhD-и курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёт дар мавзӯи “Саноаткунонӣ ҳамчун ҳадафи миллӣ ва марҳилаи расидан ба он”, Ҳаёев Қиёмиддин, докторанти PhD-и курси 2-уми ихтисоси иқтисодиёт дар мавзӯи “Низоми бонкӣ ва нақши он дар рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шоева Дилноза, магистранти соли 2-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ дар мавзӯи “Саноаткунонӣ ва нақши он дар баландбардории сатҳи некӯаҳолии мардум” ва Иброҳимов Муҳаммадрасул, магистранти курси 2-юми ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ” суханронӣ намуданд. Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment