Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
351 views
     Санаи 22-юми сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади илмӣ — бадеӣ бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Рӯдакӣ”, зери унвони «Ғазал рӯдакивор некӯ бувад…», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

«Дурахшонтарин чеҳраи адабиву фарҳангии асри X, ки бо эҷодиёташ таъсири амиқе ба адабиёти баъдинаи тоҷику форс гузошт ва метавон гуфт роҳи асосии инкишофи адабиётро равшан сохт, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ буд».

Ҷамъомади илмӣ — бадеиро бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Рӯдакӣ”, зери унвони «Ғазал рӯдакивор некӯ бувад…» бо суханронии хеш ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ табрик намуд.
Зимнан муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзӯ Ҳамидиён дар ҷамъомад ҳузур дошта омӯзгорону кормандон ва ҳамаи донишҷӯёнро ба рӯзи Рӯдакӣ табрик намуданд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашӯрова Нодира Ҷумъаевна, зери унвони «Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд», саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Бахтиниссо Алиева дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои забонии ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», дарёфтҳои илмии худро баён карданд.
Гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи точик ва журналистика порчаҳое аз эҷодиёт шоир ва сурудаҳоеро дар васфи устод, бозгӯ намуданд.
Дар ҷамъомад адиби машҳури тоҷик, шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб, муовини ректор оид ба муносибатхои байналмилали номзади илмҳои филологӣ, Худоидодова Шарофат, ховаршинос Зафар Мирзоён ва ҳайати олимони собиқадори Донишгоҳ ҳузур доштанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳунармандони Хонаи маданияти Донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов, аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ таронасароӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment