Home ХАБАР ДДК ДАР МУСОБИҚАИ ДӮСТОНАИ ФУТБОЛ СОҲИБИ ҶОЙИ СЕЮМ ГАРДИД

ДДК ДАР МУСОБИҚАИ ДӮСТОНАИ ФУТБОЛ СОҲИБИ ҶОЙИ СЕЮМ ГАРДИД

by admin
3 views

Дар мусобиқаи дӯстонаи футбол миёни сохторҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҷойи якум насиби Раёсати Гурӯҳи фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва ҷойи дуюм насиби Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гардид.

Чорабинии варзишӣ бо мақсади таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ, рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону кормандони сохторҳои гуногун баргузор шуда, ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment