Home ХАБАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ПАРАМИ МИЛЛӢ

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ПАРАМИ МИЛЛӢ

by admin
152 views

Рӯзи 24-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ бахшида ба ҷашни Парами миллӣ дар факултети иқтисод ва идора ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Парчами миллӣ-ҳамчун муқаддасот” гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садои Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас мудири кафедра Ҳакимов Абдуразоқ суханронӣ кард. Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия аз таърихи кӯҳани ниёгонамон ва пайдоиши Парчами аввалини тоҷикон ёдовар шуд. Дар ҳамоиш донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ Эргашева Манзура дар мавзӯи “Парчами миллӣ рамзи давлатдорист” маърӯзаи худро ба ҳозирин баён кард. Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва шукуҳу шаҳомати хоса анҷом ёфт.

Related Articles

Leave a Comment