Home ХАБАР АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ

АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ

by admin
256 views

Фарҳод Раҳимӣ, академик, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ман дар рафтор, гуфтор ва симои Абдусалом Мирализода маҳз ҳамин хислати наҷиб — масъулиятшиносиро дарёфтам. Аз замони донишҷӯӣ, баъдан фаъолият дар вазифа ва мансабҳои гуногун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва алъон дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳз ҳамин масъулиятшиносиаш буд, ки сазовори обирӯву эҳтироми хоссаи ҳайати кормандон ва аҳли ҷомеа гардид. Дар ҳар куҷое, дар ҳар вазифае, ки кор кард, он маконро обод ва муассисаро пешсаф гардонид. Дар ҷодаи илм низ муваффақ шуд ва рисолаи докториашро, ки ба тарбияи насли навраси кишвар ва педагогикаи муосир бахшида шудааст, дифоъ намуд.

Латофат Назирӣ, н.и.п., дотсент, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирализода Абдусалом аз зумраи олимону устодонест, ки дар рушду ривоҷи педагогика тоҷик нақши борризу муассир гузошта, мактаби илмии худро таъсис дода, дар рушду такомули педагогикаи миллӣ дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳмгузор мебошад.

Имомзода М.С., д.и.ф., профессор, академики АМИТ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонмардӣ ва дастархондорӣ хоси ҳар кас нест. Ҷавонмард будан низ дар замоне, ки фаъолияти инсон пайваста зери бори фишор ва шубҳаву хӯрдагирӣ қарор дорад, бардошту тавони саҳл нест. Дар авҷи чунин бартарӣ ҳамоне пойдор мемонад, ки маънии зиндагиашро танҳо ва танҳо некиву накӯкорӣ, дасти сахо доштан ва ғамхорӣ нисбат ба атрофиён ташкил медиҳад. Бо боварӣ ва хаттӣ тасдиқ метавон гуфт, ки Мирализода А.М. аз зумраи ҳамон ҷавонмардонест, ки дар гирдоби беумқи ҳаёт зиёд гардиш хӯрдаву камол ёфтааст ва бо рафтору кирдори ҷавонмардонаи хеш, аллакай муҳаббати дилҳои мардумро ба даст овардааст.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, д.и.б., профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Ҳаёт ва фаъолияти ин шахси ҳалиму хоксор, ростқавлу ҳақиқатгӯ ва сиёсатдон намунаи ибрат буда, барои ҷавонон мактабест, ки меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, устуворӣ, тамкину таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хислатҳои неки инсониро меомӯзад.

Мирализода А.М. дар зеҳни мо мисоли як донишномаест, ки саршор аз гуҳари илму маърифат ва ганҷинаи ахлоқу адаб, ки бояд онро пайваста мавриди омӯзишу мутолиа қарор дод ва ҳусни одобу ахлоқро аз ӯ омӯхт.

Расулов Д., н.и.ф., дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ректори нав доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар рушди донишгоҳ, махсусан, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавону арзанда, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва инкишофи илм саҳми бештар хоҳад гузошт.

 

 

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, академик, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирализода А.М., дар баробари як умр дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолият намудан, худро аз таълиму таҳқиқот дур нагирифта, барои илми педагогикаи ватанӣ хизмати шоиста кардааст, мактаби илмии худро таъсис дода, дар рушду такомули педагогикаи миллӣ дар шароити муосир саҳми беназир гузоштааст.

Ҳабибулло Раҷабов, д.и.ф., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Абдусалом дар Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардаанд, аз мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва мудири кафедраи педагогика то ҷойнишини аввали ректор дар бахши таълим расиданд. Пас бо фармони Сарвари давлат директори Китобхонаи миллӣ таъйин шуданд ва инак, ректори яке аз донишгоҳҳои номдори ҷумҳурӣ — Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ мебошанд. Дар ҳамаи ин вазифаҳо, ман ягон дафъа нашунидаам, ки шикояте аз вазниниву душвории кор карда бошанд. Ин хислати беҳтарини ҳар як инсони комил аст.

Давлатзода Қудрат Қамбар, доктори илмҳои иқтисод, профессор, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Агар ба роҳи тайкардаи ин фидоии соҳаи маорифи кишвар нигоҳи кӯтоҳе бияндозем, ба равшанӣ маълум мегардад, ки қисмати аъзами фаъолияти меҳнатии ӯ ба ҳамин соҳаи пурифтихор ва пурмасъулият марбут аст, ки онро сарбаландона ва шарофатмандона сипарӣ намудаву имрӯз низ идома медиҳад. Абдусалом Мирализода аз нахустин рӯзҳои фаъолияти кории хеш дар низоми мактаби олии ҷумҳурии азизамон ба касби омӯзгорӣ пардохтааст ва ин баёнгари лаёқату шоистагии ӯ мебошад.

Related Articles

Leave a Comment