Home ХАБАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

by admin
212 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Модар- сарчашмаи меҳру вафо” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, Хосият Вализода, шоираи ширинкалом, ноибони ректор, бонувони фаъоли донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуданд. Зимни баромадашон қайд карданд, ки “Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.”
Баъдан, ба Иззатова Муҳаббат, ки ягона доктори илми педагогика дар донишгоҳ ҳаст ва санаи 10-уми март зодрӯз дорад ва ба синни мубораки 70-солагӣ қадам мегузорад, гулдаста ва тӯҳфаи хотиравӣ супориданду табрик гуфтанд. Инчунин, ба меҳмонон ва бонувони фаъол тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ ва донишҷӯён барномаи хубе пешкаши ҳозирин намуданд.
Донишҷӯдухтарон бо дастаи шеъру тарона дар васфи зан-модар хотири аҳли нишастро шод карданд.

Related Articles

Leave a Comment