Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЗИНДАГӢ ЧИСТ ВА ОН БАРОИ КИСТ?

ЗИНДАГӢ ЧИСТ ВА ОН БАРОИ КИСТ?

by admin
535 views

Зиндагӣ ин хуни дил хӯрдану бо алам сӯхтан дар масири танҳоӣ бо дард гиристан аст. Дар дил розест, аммо бо касе дар миён нагузоштан аст. Дар назди мардум лабханд задану даруни дил пур аз дард будан, ба орзуҳои дил нарасидан будааст. Ниқоби хушҳолӣ ба рӯй кашидану дар дил ғамро пинҳон кардан аст.

Зиндагӣ муаллимест, ки ҳар рӯз саволи наве медиҳад, маъалае пеш меорад. Ҷавоби саволи зиндагӣ мушкил аст, на аз китобе рӯбардор мекунӣ, на ҳамсабақе бо имову ишора ба ту мефаҳмонад. Зиндагӣ муколамаи бешоҳид, муколамаи як ба як аст. Зиндагӣ баҳрест пурталотум ва инсон киштиронест моҳир. Агар киштирони моҳир ба соҳили мурод рафта мерасӣ хуб, агар не гирдоби зиндагӣ туро ба коми худ фурӯ мебарад. Зиндагӣ китобест, ки онро тарзе бояд навишт, ки дуюмбора ҳоҷати таҳрираш набошад ва ин ғайриимкон аст. Зиндагӣ драмаест, ки бояд тавре ба саҳна гузошт, ки боиси чаппакзаниҳои бешумор гардад ва «Ҳаёти пурсамар» ном гирад. Зиндагӣ дарёест, ки инсон моҳичаҳои даруни он аст. Фақат дар ҷустуҷӯ медаваду медавад, то ризқи худро ёбад. Зиндагӣ мавҷи дарёро мемонад. Баъзан баландиҳо дораду ҳам пастиҳо. Ба сангҳои бузург мезанад, баъзан аз соҳил мебарояд, боз ором мегираду мавҷ мезанад. Зиндагӣ рудест, ки бозгашт надорад, гоҳе орому якнавохт ва гоҳе пуртуғён. Якеро пахш мукунад ва дигареро боло мебардорад. Зиндагӣ мубориза аст! Ба мубориза омода бош, вагарна миёнат мешиканад, рӯҳат мекоҳад… Зиндагӣ, ай шоми тира, ай ашк, ноумедӣ, ғаму ғуссаҳо, пушаймониҳо…

Зиндагӣ оинаи бозию мо бозингарем,

Гаҳ табассум бар лабу гоҳе ба чашмони тарем.

Миҷгона МАДАЛИЕВА,

донишҷӯи соли 4-уми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment