Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

by admin
301 views

Омӯзгор метавонад дар дарс суханҳои Президенти кишварро доир ба тағйирёбии иқлим оварада, бевосита дар бораи он сухан намуда, дар он раванд бо истифода аз сайтҳои интернетӣ ва гуфтаи олимони табиатшинос, экологҳо ва ҷомеашиносон порчаҳоеро ба хонандагон пешниҳод менамояд, ки онҳо бо ин роҳ метавонанд гуфтаҳои Сарвари давлатро хубтару беҳтар дарк намоянд.

Дар ин раванд хонанда ба ғайр аз суханҳои Президенти кишвар метавонад тавассути омӯзгор аз кишварҳое, ки як замон шодоб буданду дар натиҷаи тағйири иқлим имрӯз ба биёбон табдил ёфтанд, мисли Австралия, Миср, Африқо ва Амрико, қисматҳо ва мавзеъҳои биёбонии қитъаи Осиё маълумот бигирад. Албатта, дар ин раванд, дониши фаррохи устод даркор аст ва ӯ тағйирёбии иқлимро бояд бо сабабу мадрак ба талаба пешниҳод намуда тавонад. Омӯзгор дар бораи илму техника ва таъсири он ба табиат метавонад суханҳои пурмуҳтавои Сарвари кишварро ба самъи талабагон расонида, дар ин баробар, неъмати ноёб будани обро, ки алҳол дар кишвари мо арзонист, бо истифода аз сурат, аксҳои рӯдхонаҳои бузургу хурд, ки дорои оби ширини нӯшиданианд, тавзеҳ бахшад.

Дар шароити кунунӣ аз норасоии оби ошомиданӣ мардуми қитъаи Осиё ва Африқо, Амрикои Лотинӣ, Аврупо танқисӣ мекашанд.

Умедҷон ПАҲЛАВОНОВ,

донишҷӯи соли 3-юми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment