Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАРАМ

МОДАРАМ

by admin
242 views

Модарам сарчашмаи меҳру муҳаббат будааст,

Молики боғи биҳишту зебу зиннат будааст.

Мо хатокорем, вале бахшанда модарҳои мост,

Чун Худо бахшандаву бо меҳру шафқат будааст.

Биёву боре нигар ин ҳама ранҷаш баҳри кист,

Баҳри шахсе мисли мо ӯро машаққат будааст.

Он суханонаш гӯш бидору қадри ӯро пос дор!

Як дуои ӯ бубин, моро шафоат будааст.

Эй бародар, ранҷу озораш мадеҳ дар зиндагӣ,

Субҳу шом аз баҳри мо ӯро ибодат будааст.

Ҳисайн ИСМОИЛОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

 

Related Articles

Leave a Comment