Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

by admin
721 views

Покизатар зи субҳ бувад қалби поки ту,

Рахшандатар зи ахтари шаб чашми рӯшанат.

Хуршеди рoзу маҳи шабонам ҷамоли туст,

Модар ҳазор шукри Худо баҳри буданат.

Модар ширинкунандаи ҳаёт, ҳимматбаландтарин шахси башарият ва сафобахши рӯҳу ҷон аст. Модар наздикӣ ба Худо дорад , ӯ ҳамсoҳбати Худо аст . Ӯ аз Худо чӣ хоҳише баҳри фарзандаш мекунад, он ҳатман амалӣ мегардад. Аз ҳамин сабаб, паёмбарамон (дуруд бар ӯ) биҳиштро бо ин ҳама зебоӣ, бо ин ҳама ободӣ ва бо ин ҳама хушбӯӣ зери пои модар қарор додааст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварда, Модарро офаридааст.

Ман намедонам, ин қадар назокат, муҳаббат, зебоӣ ва меҳрубонию дилсӯзии модарро чӣ гуна тасвир намоям? Модар мӯъҷизаест аз ҷониби Худо ба ҳар шахс.

Модар дуои умри дарози ту мекунам,

Бо номи туст хотимаи ҳар намози ман.

Насима МИРЗОЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment