Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҒАМХОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ОЯНДАИ ҶАВОНОН

ҒАМХОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ОЯНДАИ ҶАВОНОН

by admin
198 views

Дар замони муосир он давлатҳое, ки рӯ ба демократикунонии ҷомеа овардаанд, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳашон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаю бунёдкор, захираи бузурги меҳнатӣ афзоиш ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон мебошад. Ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ифтихори миллӣ ва шукургузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Ояндаи давлати миллати тоҷик ва тоҷикистониён ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлати мо мебошад.

Дар давоми 30 соли Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати ғамхоронаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсю фарҳангии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида аст.

Дар ин муддати кӯтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»(солҳои 2004, 2011, 2014), Косепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2006), «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018″Стратегичи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020″ва ғайра.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Суханрони худашон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонон 23 майи соли 1997 ба ҷавонон баҳои баланд дода, гуфтаанд: Ҷавонон ки ҳафтод дарсади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватанамон дар ҷумҳурӣ созмонҳои гуногуни ҷавонон ба вуҷуд омадаанд: Иттифоқи ҷавонон, Шӯрои олимон ва мутахассисони ҷавон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор ва ғайра.

Ба мо лозим аст, ки сиёсати ба ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бештар ҷалб кардани ҷавононро комилан такмил диҳем.

Мо, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеаро сармашқи ҳаёту фаъолияти худ намуда, моҳияти «Сиёсати давлатии ҷавонон»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошуурона дарк намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри мутахасиси баландихтисоси ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда тайёр мешавем.

Сарвиноз АЛИЕВА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment