Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА РУШДУ ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА РУШДУ ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

by admin
7 views

Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурмашаққат, вале пурифтихори давлатсозиро тай намуд. Кишвари мо аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ба давлати орому босубот ва рӯ ба рушд табдил ёфт. Сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафти устувори ҷомеа маҳз бо заҳмату фидокории роҳбарияти давлат ва пуштибонии мардуми шарафманди Тоҷикистон амалӣ гардид.

Хушбахтии миллати тоҷик дар он аст, ки дар ҳама давру замон сабру таҳаммул, хирад ва фарҳанги сулҳпарвариро пешаи худ қарор додааст. Таҷрибаи таърихӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид, соҳибтамаддун ва таҳаммулпеша мебошанд. Истиқлолият пояи давлатдорӣ, рамзи озодии миллат ва бебаҳотарин дороии ҳар як халқ аст. Аз ин рӯ, пос доштани ин неъмати бузург, ҳифзи он ва саҳм гузоштан дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Истиқлолият танҳо рамзи сиёсӣ нест, балки ҷавҳари ҳастии миллат ва асоси рушди ҳамаҷонибаи давлат аст. Бидуни истиқлол мо наметавонистем шоҳиди ин ҳама дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошем. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки неруи созандаи миллат эҳё гардида, Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ ба масири ободонӣ ва шукуфоӣ ворид шавад. Агар истиқлол намебуд, давлатдории муосири тоҷикон, сулҳу суботи имрӯза ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварро тасаввур кардан ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи истиқлолият — ҳифзи Ватан, забон, фарҳанг ва ояндаи миллат аст.

Имрӯз мо дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати амну рушдкунанда ва дорои обрӯи баланд дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 190 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили соҳибихтиёр расман эътироф гардидааст. Ин эътирофи байналмилалӣ бозгӯи сиёсати муваффақи хориҷӣ ва мавқеи устувори кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолият таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Конститутсия, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, сохтори ҳуқуқбунёди давлатро муайян сохт. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар қалби мардум таҳким бахшида, рукнҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ гардиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда ва манзалати хос касб намояд. Имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати озоду обод, сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ шинохта мешавад. Боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст, ки то имрӯз панҷ ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ мешаванд.

Самараҳои истиқлол имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва рушди иқтисод ба таври равшан эҳсос мегарданд. Ҳар яке аз ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Маҳз дар замони истиқлол Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ва таҳкими давлатдории муосир ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Гарчи истиқлолияти давлатии мо ҷавон аст, аммо миллати тоҷик ва таърихи давлатдории он ҳазорсолаҳо умр дорад.» Ин сухан моҳияти давлатдории навини тоҷиконро ифода намуда, моро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолият раҳнамун месозад.

Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шахсиятеро ба арсаи сиёсат овард, ки сарнавишти минбаъдаи кишвар бо номи ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави эҳёи давлатдорӣ оғоз гардид. Аз ҳамон рӯз асосҳои сохтори конститутсионӣ, танзими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тадриҷан барқарор гардида, замина барои рушди устувори давлат фароҳам омад.

Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистон соҳиби пули миллӣ гардид, шиносномаи миллии шаҳрвандон эътирофи байналмилалӣ пайдо кард, Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд ва ҳифзи марзу буми Ватан таҳти назорати комил қарор гирифт. Ин ҳама аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории мустақил ба шумор мераванд.

Чунонки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.» Воқеан, маҳз истиқлолият Тоҷикистонро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, тағйири шаклҳои моликият, ташаккули иқтисоди миллӣ ва рушди муносибатҳои бозориро пеш гирад ва иқтисодиёти худро ба низоми ҷаҳонӣ пайванд намояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ се ҳадафи стратегии миллӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ амалӣ гардиданд. Бо бунёди роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам пайваст шуданд. Ин тадбирҳо на танҳо равуои мардумро осон гардониданд, балки робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақаҳоро таҳким бахшида, ваҳдати миллиро боз ҳам устувортар намуданд.

Дар самти энергетика низ Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Ба истифода дода шудани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», инчунин идома ёфтани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шаҳодати равшани сиёсати дурандешонаи давлат дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи барномаҳои давлатии рушди неругоҳҳои хурди барқи обӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун истеҳсолкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа мавқеи устувор касб намояд.

Дар бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ низ тағйироти назаррас ба амал омад. Бо ташаббуси Пешвои миллат ба шаҳрвандон 75 ҳазор гектар замин ҷудо гардид, ки ин иқдом дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ нақши муассир гузошт. Ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди чорводорӣ, боғдорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд.

Соҳаи маориф дар даврони истиқлол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ шуда, онҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Омӯзиши фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ густариш ёфта, барои рушди неруи зеҳнии ҷавонон имкониятҳои бесобиқа фароҳам омаданд. Имрӯз тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи тандурустӣ низ ислоҳоти бунёдӣ амалӣ гардида, садҳо беморхона, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои тиббӣ бунёду навсозӣ шуданд. Дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ беҳтар гардида, сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон пайваста боло меравад. Ин ҳама самараи сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлол мебошад.

Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ танҳо дастоварди дохилии Тоҷикистон набуд, балки ба омили муҳими таҳкими амният ва суботи минтақа табдил ёфт. Талошҳои ҷасуронаи Пешвои миллат дар роҳи қатъи хунрезӣ, муттаҳид сохтани миллат, барқарорсозии иқтисодиёти харобшуда ва бозгардонидани гурезаҳо имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудаанд.

Ҳамаи ин дастовардҳо замина фароҳам оварданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои навовар, ислоҳотгар ва меъмори давлатдории муосири тоҷикон дар таърихи миллат ҷойгоҳи хос пайдо намояд. Обрӯи баланди байналмилалии Пешвои миллат ба болоравии нуфузи сиёсии Тоҷикистон, рушди дипломатияи муваффақ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуд.

Маҳз ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ наҷот ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид. Мардуми тоҷик, ки садсолаҳо орзуи эҳёи давлатдории миллиро дар дил мепарвариданд, имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад.

Истиқлолият рамзи соҳибихтиёрӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии халқи тамаддунофари тоҷик мебошад. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки бо рӯҳияи созандагӣ, ободкорӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои шукуфоии боз ҳам бештари Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

Шарифова Ҳанифа — ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment