Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТОҶИКИСТОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БУЗУРГИ САЙЁҲИИ ОН

ТОҶИКИСТОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БУЗУРГИ САЙЁҲИИ ОН

by admin
21 views

(Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ)

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 27-уми сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶС) муайян шудааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти соҳаи сайёҳӣ ва саҳми он дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо мебошад. Интихоби ин рӯз бар он он алоқаманд аст, ки 27-уми сентябри соли 1970 Оинномаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ қабул гардида буд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи сайёҳӣ ба таври хос ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон соли 2007 аъзои комилҳуқуқи СҶС гардид. Ҳадафи асосии пайвастани кишвари мо ба ин созмони бонуфуз муаррифии ҳаматарафаи мавзеъ ва имконоти сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки зимни таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ масъалаҳои муҳим, аз қабили  таъсиси ҷойҳои нави корӣ; рушди инфрасохтори сайёҳӣ; дастрас намудани имкониятҳои сайёҳӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ; таҳкими робитаҳои фарҳангии байни халқу миллатҳо; рушди иқтисодиёти маҳаллӣ; ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муҳити зист ва захираҳои табиӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ва рушди соҳа фаро мегирад.

Пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ метавонад барои минтақаҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологӣ дошта бошад. Барои Тоҷикистони биҳиштосо рушди ин соҳа аҳамияти махсус дорад, зеро дар ҳудуди он захираҳои бойи табиӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, дарёҳову кӯлҳои гуногун, манзараҳои дилрабо, ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд.

Яке аз вазифаҳои асосии сайёҳӣ пайваст кардани истироҳат бо дарки зиндагӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои дигар мебошад. Шиносоӣ бо фарҳанг ва урфу одатҳои дигар мамлакатҳо дунёи маънавии инсонро бой мегардонад. Кишвар ё минтақае, ки дорои маҷмӯаҳои хоси фарҳангӣ асту онҳоро дар бозори сайёҳӣ пешниҳод менамояд, таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб месозад.

Чунин маконҳо дар кишвари мо хеле зиёданд. Мардуми мо бо расму анъанаҳо, урфу одатҳо, маросиму ҷашнҳо ва фарҳанги суннатии хеш таъриху ҳувияти миллиро инъикос менамоянд. Вилояти Хатлони, вилояти Суғд ва  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои фарҳанги хос ва либосҳои миллии беназири худ мебошанд.

Баргузории ҷашну маросимҳо, рақсу бозиҳо, ҳунарҳои мардумӣ (кулолӣ, меъморӣ, сангтарошӣ, ҳайкалтарошӣ, дуредгарӣ) ва меҳмоннавозии сокинони манотиқи гуногуни кишвар дорои хусусиятҳои ҷолибу диданӣ мебошанд.

Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои пешрафтаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ёдгориҳои зиёди меъморӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва шаҳрҳои қадима буда, ин объектҳо захираи беҳтарини сайёҳӣ-рекреатсионӣ ба шумор мераванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама мавзеъҳои ғайриоддии фарҳангию таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунанд.

Бо талошҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ муаррифӣ гардидааст. Дар ин самт як силсила ташаббусҳои муҳим амалӣ шуданд:

  1. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати сайёҳии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон.
  2. Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 барои танзими давлатӣ ва ҷалби бештари сармоя.
  3. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

Шаҳри Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ рисолати худро барои сайёҳоне, ки ба самти Бадахшон, Хатлон, Зарафшон, Ромит ва Варзоб равонаанд, ба нуқтаи истиқомати бароҳату фароғатӣ табдил додааст.

Таърих ҳамеша гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад. Аз ин рӯ, омӯзиши ёдгориҳои табиию таърихӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди сайёҳии фарҳангӣ таъсири мусбат мерасонад. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фаровон дорад ва боварии комил дорем, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз бахшҳои афзалиятноки хоҷагии халқ табдил хоҳад ёфт.

Каримҷони Музаффар, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment