Home ХАБАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАХАССУСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНӢ ВА КОР БО АБЗОРҲОИ РАҚАМӢ

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАХАССУСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНӢ ВА КОР БО АБЗОРҲОИ РАҚАМӢ

by admin
18 views

Бо чунин ном 26 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, аҳли илму адаб, меҳмонони дохиливу хориҷӣ, устодону кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ба ҳайати раёсати конференсия ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Чориев Таваккал Равшанович (тариқи маҷозӣ), профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои филологӣ Юсупова Зарина Розиқовна ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Муродзода Баҳриддин Раҳмон шомил буданд.

Кори конференсия аз тамошои намоишгоҳи асарҳои илмӣ, методӣ, дастовардҳои таълимӣ ва маводи марбут ба истифодаи технологияҳои рақамӣ оғоз гардид. Сипас, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии конференсия ифтитоҳ ёфт.

Дар оғози ҳамоиш ба иштирокдорон навори видеоӣ вобаста ба таъкидҳо ва андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошт ва рушди забони давлатӣ, инчунин аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ намоиш дода шуд.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва меҳмонони ҳамоишро хайрамақдам гуфт.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва гузариш аз низоми анъанавии таълим ба муносибати салоҳиятнокӣ, баланд бардоштани тахассуси омӯзгорони фанҳои забонӣ ва истифодаи самараноки абзорҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми маориф табдил ёфтааст.

Зикр гардид, ки истифодаи масъулона ва мақсадноки технологияҳои рақамӣ метавонад ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки баргузории конференсия дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дошта, барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва педагогӣ, рушди салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар бахши пленарии конференсия мувофиқи барнома як қатор маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

Сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин дар мавзуи «Амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маърӯза намуд. Зимни суханронӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, пайгирии иҷрои барномаҳои давлатӣ ва истифодаи усулҳои муосир дар рушди донишу малакаҳои забонии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Профессори кафедраи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои филологӣ Юсупова Зарина Розиқовна дар мавзуи «Проблемы авторства в условиях генеративных технологий: филологический аспект» маърӯза намуда, ба масъалаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои генеративӣ, ҳуқуқи муаллиф, одоби истифодаи абзорҳои рақамӣ дар таҳқиқоти илмӣ ва раванди таълими забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Профессори кафедраи забон ва адабиёти узбекии Донишгоҳи давлатии Бухоро Чориев Таваккал Равшанович (тариқи маҷозӣ) дар мавзуи «Ифодаҳои рамзӣ-маҷозӣ дар асоси лексемаи “зулф” ташаккулёфта ва хусусиятҳои лингвопоэтикии онҳо дар идиостили Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ» баромад намуд. Ӯ дар бораи масъалаҳои таҳлили бадеӣ-лингвистӣ, умумияти фазои адабии классикӣ ва нақши воситаҳои баён дар осори шоирони классик маълумоти ҷолиб пешниҳод кард. Иштироки онлайнии олими хориҷӣ ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мусоидат намуд.

Дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Муродзода Баҳриддин Раҳмон дар мавзуи «Improving the professional qualifications of language teachers, especially foreign language teachers, and working with digital tools» суханронӣ намуда, роҳҳои амалии баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва ҳамгироии абзорҳои рақамиро дар машғулиятҳои таълимӣ муаррифӣ кард.

Яке аз бахшҳои муҳими конференсия қисми музокирот ва саволу ҷавоб буд. Дар ин бахш устодону муҳаққиқон ва иштирокдорони ҳамоиш оид ба масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳо, мушкилоти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва дурнамои рушди таълими забонҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни музокирот инчунин дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Холиқов баромад намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба мавзуи конференсия ва истифодаи имкониятҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим андешаҳои худро баён кард.

Иштирокчиён ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда саволҳо дода, доир ба роҳҳои такмили фаъолияти касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки абзорҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар таълими забонҳо табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми қисми пленарии конференсия таъкид гардид, ки натиҷа ва тавсияҳои илмиву методии ҳамоиш метавонанд барои такмили равишҳои муосири таълим, таҳияи усулҳои нави методӣ, беҳтар намудани муҳтавои таълими забонҳо ва рушди муҳити рақамии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Кори конфронс нимаи дуюми рӯз дар 3 бахш бо дарназардошти баррасии 129 мақолаи илмии олимону мутахассисон идома хоҳад ёфт.

Related Articles

Leave a Comment