Дар адабиёти тоҷик масъалаи бедории фикрӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва мубориза бо хурофоту ҷаҳолат ҷойгоҳи муҳим дорад. Андешаҳои дунявӣ инсонро ба донишомӯзӣ, маърифат, озодандешӣ ва дарки воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад. «Ҳар ҷомеа ва давлату кишвар танҳо аз роҳи хирадандешӣ ва такя намудан ба ҷаҳонбинии илмӣ, бартарият додан ба ниҳодҳои илмӣ ва омӯзгору мактабу маориф метавонад хешро ба ҷаҳони мутамаддини имрӯз ҳампо созад», – қайд кардааст И. Шарифзода [8, c.55].
Ин масъалаҳо дар асарҳои бадеӣ ба таври равшан инъикос ёфта, нависандагон мавзуъро тавассути саргузашти қаҳрамонҳо, воқеаҳои рӯзмарра, рафтори одамон ва баъзан бо истифода аз ҳаҷву киноя нишон медиҳанд.
Аз ҷумла, осори Сотим Улуғзода, ки дар таърихи адабиёти муосири тоҷик бо фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ саҳми назаррас гузоштааст, бо фарогирии масъалаҳои умдаи зиндагӣ, таваҷҷуҳ ба сарнавишти инсон ва таҳлили муҳити иҷтимоӣ арзишманд мебошад. Мероси адабии ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии хонанда, таҳкими арзишҳои инсонӣ ва рушди андешаи солим таъсиргузор буда, имрӯз низ барои омӯзиш ва дарки равандҳои иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аҳаммияти худро нигоҳ медорад. Дар ин маврид, ҳақ бар ҷониби профессор С. Ятимов аст, ки дар китоби «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» таъкид намудааст: «Тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ, каломи бадеӣ аз илм дида, имкони бештари таъсиррасониро ба шуур дорад. Ба василаи як байт, шеър, суруд, достон, ҳикоя, повест, роман, ҳатто ҳар кадоми онон дар алоҳидагӣ, имкон аст, ки диди инсон нисбат ба ҳодисоти олам, муносибати ӯ ба воқеоти муҳити атроф тағйир ёбад» [12, c.13].
Чунончи, дар повести тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» муқовимати андешаҳои солим бо хурофоту таассуб ба тасвир омада, таъсири манфии ҷаҳолат ва боварҳои кӯркурона ба ҳаёти ҷомеа нишон дода мешавад. Ба таъкиди устод Аламхон Кӯчарзода, «Хурофотӣ ва мутаассиб шахсест, ки ин ё он ақидаи беасосу носолимро кӯр-кӯрона бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ ва дигар ақидаҳои солимро инкор мекунад. Хурофотпарастон ё мутаассибони ифротӣ ақидаҳои худро дар пояи урфу одат, эътиқод ба дин ва бовариҳои мардумӣ изҳор мекунанд ва бо ҳамин ҷомеаро дар торикӣ ва ғафлат нигоҳ медоранд» [2, c.7]. Тасвири ин гуна нафаронро дар «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода зиёд мушоҳида мекунем.
Яке аз меҳварҳои асосии андешаи дунявӣ дар асар нишон зиддияти байни хурофот ва дониш мебошад. Ҳодисаи бемории қаҳрамони асар – Собир намунаи равшани ин ҳолат аст. Вақте кӯдак сахт бемор мешавад, ба назди Мулло Зайниддин меояд ва истифодаи ягон роҳи оқилона ё табобати тиббиро зарур намедонад. Мулло талаб мекунад, ки «ҷондор» кушта шавад, зеро агар ин кор иҷро нашавад, бача «нобуд мешавад». Ҳатто масъалаи гӯсфанде, ки барои Идрис-пайғамбар ваъда шудааст, ба бемории кӯдак пайваст карда мешавад. Дар ниҳоят, оилаи камбизоат маҷбур мшавад ягона бузғолаи писаракро қурбон кунад, баъдан мулло кокули ӯро мебурад: «Гарчанде ба пайғамбар гӯсфанд ваъда шуда бошад ҳам, мо гӯсфанд надоштем, амакам ва модарам маҷбур шуданд ягона бузғолаи маро, ки бисёр дӯсташ медоштам ва худам мечаронидам, худоӣ кунанд. Мулло Зайниддин бо чаҳор каси салладор омада бузғолаи маро хӯрда рафт. Ғайр аз он, каму беш як пуд орде, ки ғаллаашро бародарам Азизхон аз хӯшачинӣ пайдо карда буд, низ худоӣ шуд. Мулло Зайниддин дуо хонду қайчиро гирифта кокули маро бурида партофт. Баъд аз он модарам ба рӯймоли Зайниддин ва ҳамроҳони ӯ нонҳои гарм печонда дод, «меҳмонон» онҳоро дар бағал гирифта баромада рафтанд» [7, с.22-23].
Ин эпизод аз ҷиҳати ғоявӣ хеле муҳим аст. Нависанда нишон медиҳад, ки хурофот метавонад ба ҳаёти воқеии инсон таъсири ҷиддӣ расонад. Яъне, оила дороии камашро аз даст медиҳад, кӯдак тарсу ҳарос мекашад ва беморӣ ба воситаи тасаввуроти ғайрилмӣ шарҳ дода мешавад.
Мисоли дигари ҳамин гуна эътиқод мунҷоқи гӯши Собир аст. Пас аз сӯрох кардани гӯши ӯ ба гӯшаш гӯшвора меовезанд ва модар ба таъсири дигарон бовар мекунад, мунҷоқ ҷони писарашро аз Азроил муҳофизат мекунад. Ба ақидаи ӯ, агар Азроил биёяд, аз рӯйи мунҷоқ гумон мекунад, ки писар «духтарбача» аст ва бармегардад. Ин саҳна ҳам хандаовар аст ва ҳам боиси таассуф аст. Кӯдак аз ҷониби ҳамсолонаш масхара ва озор дида, ба хотири «зинда мондан» маҷбур мешавад ба он тоқат кунад.
Ва ё дар боби «Мусибат» ин зиддияти хурофот ва дониш дар сарнавишти модари қаҳрамон боз ҳам равшантар ба назар мерасад. Пас аз он ки бемории модар дар завод шиддат мегирад, духтур ба хонаи онҳо меояд ва зарурати табобати ӯро таъкид мекунад. Аммо зани амаки Собир, ки барои нигоҳубини бемор оварда шудааст, ба тавсияҳои духтур эътимод надорад. Вай ҳатто овардани кати оҳанинро барои бемор манъ карданӣ мешавад ва бо баҳонаи он ки «очаю бобоҳоямон дар кат нахобидаанд», модари Собирро аз истифодаи он бозмедорад:
«Николаев аз бемории модарам хабар ёфта, духтур ҷеғ занонд ва ба хонаи мо як кати оҳанин фиристод, ки беморро дар он хобонем. Зани амакам, ки мо ӯро аз Шиблӣ даъват карда оварда будем, модарамро парасторӣ мекард. Вай як кампири қаддароз буда, бинии нӯгтез ва манаҳи борике дошт; ҳар гоҳ ки дар даҳони бедандонаш хӯрок мехойид, манаҳаш боло шуда қариб то таги биниаш мерасид.
Дар хонаи мо акнун ҳукми ҳамин кампир раво буд. Вақте ки барои модарам кат оварданд, кампир аввал онро ба хона даровардан намонд ва мегуфт, ки очаю бобоҳои мо дар кат нахобидаанд ва бемор дар кат беҳ нашуда, бадтар мешавад» [7, с.99]».
Дар идома мебинем, ки кампир ба ҷойи он ки дастури духтурро иҷро кунад, талаб менамояд, ки барои бемор табиби ҷойдорӣ ё дуохон оварда шавад. Вақте духтур дору мефиристад ва табобати тиббиро зарур мешуморад, ӯ ба он шубҳа мекунад. Беморро баъди рафтани духтур аз кат боз ба замин мехобонад ва ҳамин тавр, амали муолиҷавии духтурро барҳам мезанад.
Вақте модар доруро истеъмол мекунад, кампир пайваста аз «бӯйи дору» шикоят менамояд ва онро бад шудани аҳволи бемор медонад. Дар натиҷа, ба ҷойи идомаи табобати таъйинкардаи духтур ба бемор оби бисёр хунук медиҳанд, то даҳону биниашро бишӯяд. Модар дар ҳолати таби баланд маҷбур мешавад, ки он оби яхмонандро истифода куна два об ба кӯрпаю болишт ва либосаш мерезад ва ҷойи хобаш тар мешавад. Нависанда тавассути ҳамин ҷузъиёти воқеӣ оқибати номатлуби ҷаҳонбинии ғайриилмиро нишон медиҳад.
Муҳимтар аз ҳама, ин ҷо муаллиф зиддияти байни дониш ва тассубу хурофотро ба натиҷаи фоҷиавии он мепайвандад. Духтур баъд аз марги модар мегӯяд, ки тану дили ӯ солим будааст, агар бемор сари вақт муолиҷа мешуд, имкони шифо ёфтанаш вуҷуд дошт. Яъне марги ӯ аз нигоҳи тиббӣ ногузир набудааст: «Падарам бо духтур омад. Вай худро ба тарафи модарам ҳаво дод, дасташро гирифт, сарашро дошт, — модарам намеҷунбид. Духтурзан мегуфт, ки тан ва дили модарам солим буд ва агар ӯро дар сари вақт муолиҷа мекарданд, сиҳат меёфт, аммо падарам ба сухани ӯ гӯш накарда, дод зада худро ба замин партофт» [7, с.101]».
Ҳамин тавр, ҳолати бемории модари Собир дар боби «Мусибат» яке аз намунаҳои барҷастаи андешаи дунявии С. Улуғзода мебошад. Агар дар бемории Собир мулло бо даъвати қурбонӣ ва амалҳои хурофотӣ аз нодонии мардум истифода барад, дар ин ҷо хурофот ба шакли рад кардани табобати илмӣ ва эътимод ба усулҳои бесамари ҷойдорӣ зуҳур мекунад. Дар ҳар ду ҳолат нависанда ба як хулоса мерасад: инсон танҳо тавассути дониш, маърифат ва тафаккури оқилона метавонад аз таъсири хурофот раҳо ёбад. Дар ҳамин маврид адабиётшинос Ю. Кенҷабоев чунин иброз доштааст, ки “повести Субҳи ҷавонии мо” гарчанде дар бораи гузаштаи халқи тоҷик навишта шуда бошад ҳам, ба ояндаи дурахшони халқу Ватан бахшида шудааст” [10, с.101].
Сотим Улуғзода дар танқиди хурофот бевосита ба тасвири воқеаҳои фоҷиавӣ маҳдуд намешавад. Ӯ баъзан аз ҳаҷв ва киноя истифода мекунад. Намунаи ин усул саргузашти бозичаи Мирзодикак мебошад.
Падари Собир аз шаҳр бозичаи нав меорад. Кӯдак онро ҳамчун бозичаи шавқовар қабул мекунад, вале одамони хурофотпараст онро чизи ғайриодӣ меҳисобанд. Масалан, Алихӯҷа, ки аз ҷину аҷина метарсад, аз дидани бозича сахт дар тааҷҷуб мемонад. Ҳатто дар масчид сӯфӣ онро “ҷин” гумон мекунад. Мулло Зайниддин бошад, баъд аз дидани бозича мефаҳмад, ки он танҳо “бозичаи кофирон” аст ва ҳатто онро “мурдор”-кунандаи масҷид мешуморад. Падар Собир ба ин даъвои мулло бо табассум ҷавоб медиҳад, ки ин танҳо як бозичаи бачагона аст.
Қисмати хандаовари ин воқеа дар он аст, ки калонсолони худро “соҳиби маърифат” ва “доно” меҳисобида аз як бозичаи безарар метарсанд, дар ҳоле ки кӯдакон моҳияти ҳақиқии онро медонанд. Бо ҳамин муқобилгузорӣ нависанда бартарии ақлу таҷрибаро бар хурофот ба таври ҳаҷвӣ нишон медиҳад:
“Ба наздики меҳроб рафта буд (суфӣ, яъне муаззини масҷид дар назар аст – Ш.Ҷ.), ки нохост чашмаш ба Мирзо¬диккак ғалтида, қомати хамашро ҳам рост накарда, дар ҷояш шах шуда монд. Мирзодиккак дар як ҳолати дур аз одоб, пойҳояшро ёзонда ва чашмони кабудашро ба сӯфӣ дӯхта менишаст.
– Худоё тавба!-мегуфт сӯфӣ худ ба худ. – Ту чистӣ? Аз куҷо пайдо шудӣ? Боз аҷина набошӣ? – Баъд сӯфй «аҷина»-ро бо нӯги ҷорӯбаш оҳиста ҷунбонд: Мирзодиккак ба як паҳлу ғелида, ҳамон лаҳза боз хеста нишаст, гӯё ки бо забони ҳолу амал ба сӯфӣ: «Ана дар ҳамин ҷо шиштан мегирам, аз ту наметарсам» мегуфт.
–Э, лаънатӣ! Хеста мешинад-а, – шунида мешуд овози сӯфӣ.
Ману Солеҳ дар даруни алаф шикамамонро дошта, ғел зада-ғел зада механдидем» [7, с.39].
Ҳатто фурӯшанда барои фурӯхтани бозича ба хурофотпарастии мардум такя мекунад. Ӯ Мирзодикакро бо номи сохта “Қаровулаки Хесташинак” муаррифӣ намуда, ба он хосиятҳои ғайриодӣ нисбат медиҳад. Гӯё дар хонае, ки он бошад, мору каждум намедарояд, одам сари вақт бедор мешавад ва ҳатто аз ғазаб кардан ба фарзанд ё зан бозмемонад. Аз ин бармеояд, мубориза бо хурофот дар асар ҳамзамон мубориза барои бедории тафаккури инсон низ мебошад.
Андешаҳои дунявии асар ғайр аз танқиди хурофот боз аз дар мухолифати таассуб ба навҷӯйӣ ва маориф зоҳир мешавад. Барои қаҳрамони ҷавон мактаб рамзи ояндаи нек аст. Собир бо шавқи зиёд орзуи хондан дорад. Вақте дар деҳа мактаби нав кушода мешавад, ӯ мехоҳад ба он равад, аммо амакаш ӯро маҷбур мекунад, ки ба ҷойи мактаб ба корҳои саҳроӣ биравад. Собир дар ин ҳолат худро маҳрумшуда эҳсос мекунад, дигар кӯдакон ба мактаб мераванд, аммо ӯ бояд шубоғ канад.
Ҷолиб он аст, ки худи Собир мактабҳои куҳнаро низ аз нуқтаи назари таҷрибаи шахсӣ қабул намекунад. Ӯ мебинад, ки дар мактабҳои домуллоҳо кӯдакон муддати дароз мехонанд, аммо на хатхондану на хатнависиро дуруст ёд намегиранд. Аз ҳамин сабаб, ӯ чунин мактабро талафи вақт мешуморад ва орзуи мактаби навро мекунад:
“Дар деҳаи мо ду-сето мактаби куҳна буд, вале баъди баста шудани мактаби Мулло Зайниддин ман дар ҳеҷ кадоми онҳо – агарчи ҳатто амакам иҷозат медод ҳам – майли хондан надоштам, зеро дар он мактабҳо ҳам бачагонро Мулло Зайниддин барин домуллоҳо мехононданд. Ман медидам, ки шогирдони он домуллоҳо муддатҳои дароз ба мактаб давом кунанд ҳам, на хатхонӣ ва на хатнависиро ёд нагирифта буданд. Не, дар он мактабҳо хондан вақтро беҳуда талаф кардан аст» [7, с.194].
Ҳатто мактаби Мулло Зайниддин, ки гӯё барои саводнок кардани кӯдакон таъсис ёфтааст, ба манфиати воқеии онҳо хизмат намекунад. Нависанда нишон медиҳад, ки мақсади асосии домулло аз кушодани мактаб ҷамъ кардани ҳезуми зимистон будааст ва пас аз расидан ба ҳадафаш мактабро мебандад. Ин тасвир танқиди ҷиддии шакли зоҳирии маърифат аст. вақте дониш ба воситаи воқеии рушди инсон табдил намеёбад, худи мафҳуми мактаб ҳам наметавонад холӣ аз мазмун бошад.
Дар муқобили чунин муҳит, мактаби нав дар асар ҳамчун фазои воқеии дониш ва имкони рушди шахсият тасвир мешавад. Рӯзи аввали таҳсил барои Собир ба рӯзи ид монанд аст. Шогирдон бо шодмонӣ ба мактаб мераванд, муаллимон онҳоро пешвоз мегиранд ва сатҳи дониши ҳар як хонанда муайян карда мешавад: «Шодии ман поён надошт. Баъди сабақи якум ман аз мактаб баромада, китобу дафтару қаламамро ҳамчун як чизи гаронбаҳо маҳкам дар бағалам гирифта равон шудам. Ҳақиқатан ҳам онҳо акнун барои ман хазинаи гаронбаҳо буданд» [7, с.202].
Баъдтар муҳабати Собир ба китоб ва дониш боз ҳам қавитар мегардад. Аз ҷумла, дар хотираҳои ӯ номи устод Садриддин Айнӣ бо китоб, мактаб, илму адаб ва ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон пайваст мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки аввалин китобҳои ба забони модариаш хондаи ӯ китобҳои С. Айнӣ буданд.
Ҳамин тариқ, роҳи қаҳрамони асосии асар Собир аз муҳити хурофотӣ ба сӯйи китоб, мактаб, дониш ва худшиносӣ яке аз маъноҳои асосии унвони «Субҳи ҷавонии мо» низ мебошад. Муҳаққиқ Яъқубзода Фирӯз дар моногрфияи худ оид ба хусусиятҳои ташаккулёбӣ ва рушди давлати дунявӣ сухан ронда, ҷое нақши мутафаккиронро дар ин самт махсус қайд кардааст: “Ҷорӣ кардани маърифат, дӯстӣ, таълим додани донишҳои дунявӣ, ки боиси ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии омма мегардад, инчунин рафоқат, барҳам додани зулму истибдод мақсаду мароми асосии онҳо буд [11, с. 83].
Яке аз масъалаҳои муҳимми дунявияти асар озодии зан ва мубориза бо маҳдудиятҳои суннатии ҳаёти ӯ мебошад. Симои модари Собир дар ин масъала аҳаммияти махсус дорад. Модари Собир зани меҳрубон, раҳмдил, меҳмондӯст ва одамдӯст аст. Аммо зиндагии ӯ зери фишори қоидаҳои сахти иҷтимоиву мазҳабӣ қарор дорад. Ӯ маҷбур аст рӯяшро пӯшонад ва ҳатто аз баромадан ба кӯча, муносибат бо одамон ва иҷрои корҳои одии рӯзгор душворӣ мекашад.
Вақте оилаи онҳо ба Тошканд кӯчида, муҳити зиндагӣ тағйир меёбад, масъалаи фаранҷӣ боз ҳам тезутунд мешавад. Дар завод Ершов ба Умархон мегӯяд, ки дар шароити нави зиндагӣ пӯшидани фаранҷӣ барои зан зарурат надорад ва модар метавонад рӯяшро кушода гардонад.
Аммо таассуб чунон қавӣ аст, ки ҳатто вақте падар ба ин андешаҳо майл пайдо мекунад, модар худ аз кушодани рӯяш шарм медорад ва метарсад. Падар низ аз «айб» ва сухани хешу табор нигарон мешавад. «Ҷони модарам дар азоб, дили падарам хиҷил, димоғи ману бародарам сухтагӣ буд, – қайд кардааст навсианда. – Агар модарам якбора ва беқилуқол рӯяшро кушода гаштан мегирифт, олам гулистон буд ва хотири ҳамаи мо ҷамъ мегардид, аммо ин маъниро падару модарам ҳатто ба хаёлашон ҳам роҳ намедоданд» [7, с.90].
Муҳим аст, ки С. Улуғзода масъалаи фаранҷиро танҳо ҳамчун масъалаи либос намебинад. Фаранҷӣ дар он ҷо рамзи маҳдудияти иҷтимоии за наст. Зан дар натиҷаи он аз муҳити ҷамъиятӣ дур мемонад, имкони озодона ҳаракат кардан ва бо одамон муносибат намуданро аз даст медиҳад.
Ин андеша дар суҳбати модар бо бибиотун низ равшан мешавд. Модар, ки хату савод дорад, кӯшиш мекунад ба саволи худ аз нигоҳи қоидаҳои динӣ ҷавоб пайдо кунад: Агар зани мусулмон дар байни мардони номаҳрам зиндагӣ кунад ва имкони рӯйпӯш кардан надошта бошад, оё метавонад рӯяшро кушояд?
Ҷавоби бибиотун бошад, мушкилро ҳал намекунад, балки вобастагии занро аз ҳукми дигарон боз ҳам бештар мекунад. Ҳатто вақте вазъи зиндагӣ тағйир ёфтааст, модар маҷбур мешавад рӯяшро пинҳон кунад. Сарнавишти модари Собир дар асар далели он аст, ки таассуб, пеш аз ҳама, озодии шахсият ва ҳуқуқи занро маҳдуд мекунад.
Сотим Улуғзода таъсири таассубро ба занон махсусан фоҷиавӣ нишон медиҳад. Симои Нисохон яке аз намунаҳои равшани ин масъала аст. Ӯ зани ҷавони зебо, хушчақчақ, ҳофиза ва раққоса мебошад, вале шавҳари золимаш ӯро латукӯб мекунад. Дар яке аз ҳолатҳои фоҷиавӣ шавҳараш бо теша ба пойи ӯ зада, ангуштони пойҳояшро буридааст.
Аммо ҳатто баъд аз чунин фоҷиа муҳити иҷтимоӣ ба зан имкони озод будан намедиҳад. Нисохон мехоҳад суруд хонад, аммо суру два овози зан дар назари мардони таассубӣ «айб» ҳисобида мешавад. Мулло Зайниддин аз баланд будани овози ӯ шикоят мекунад ва мегӯяд, ки чунин ҳолат ба имони одамон таъсир мерасонад. Падари Собир низ аз шари «маҳалла» ба ғазаб меояд: « – Ба меҳмонат гӯй, дам шавад! – хашмгинона амр кард пада¬рам. – Хонаро ба сараш бардошт-ку! Овози вайро дар меҳмонхона будагиҳо шунида нишастаанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ашӯлагӯянда ту ҳастӣ. Мулло Зайниддин: «Кас дар ин ҷо аз имонаш ҳам ҷудо мешавад! Ба як маҳалла шунавонда, занашро ашӯла мегӯёндагӣ одам ба меҳмонхонааш муъмину мусулмонро ҷеғ назанад, беҳтар буд!» гуфта аз меҳмонхона баромада рафт. Ман аз шармам замин накафид, ки дароям» [7, с.15].
Натиҷаи ин фишор фоҷиавӣ аст. Нисохон маҷбур мешавад сурудхониашро қатъ кунад ва худро гунаҳкор ҳис кунад. Модари Собир низ зери ин фишор азоб мекашад ва баъд аз рафтани меҳмон боа лам мегиряд.
Дар ин саҳна нависанда ду навъи зулмро ба ҳам мепайвандад. Яъне, зулми мустақими мард бар зан ва зулми иҷтимоии таассуб. Нисохон аз ҷониби шавҳараш ҷисман маъюб шудааст, вале ҷомеаи хурофотӣ ҳатто ҳуқуқи суруд хондан ва озодона изҳори ҳунар карданро аз ӯ мегирад.
Сарнавишти Зебӣ бошад, шакли боз ҳам фоҷиавии қурбонии зан аз таассуб аст. Вай аз бемории руҳӣ азоб мекашад, вале ба ҷойи кумаки тиббӣ ба назди эшон бурда мешавад, занҷирбанд ва қамчинкорӣ мегардад. Баъд аз он ки «муолиҷа» натиҷа намедиҳад, ӯ боз ба муҳити худ баргардонида мешавад ва ниҳоят дар биёбон аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва гармою сармо ҳалок мегардад: «Ман ӯро (Зебиро – Ш.Ҷ.) дар хонаи аммааш монда, ба деҳаи худамон баргаштам. Аз мобайн ду-се ҳафга гузашт. Боре ман ба Қизилтеппа рафта аз Зебӣ хабар гирифтам. Вай ба худ омада, тамоман сиҳат шудагӣ барин ме¬намуд. Ман ӯро дар сари чокдӯзӣ ёфтам. Маро шинохта аз омаданам хурсанд шуд. Аммо дертар шунидем, ки девонагии вай аз нав cap шудааст. Аммааш Зебиро ба назди як эшони дигар бурда мондааст, ки вай ҳам девонаҳоро монанди эшони аввала «муолиҷа» мекардааст.
Рӯзе аз рӯзҳо бемор аз ҳавлии Эшон гурехта ба ким-куҷо ғайб задааст. Баъзе касон ӯро дар дашти байни деҳаҳои Шоён ва Шаҳанд дидаанд. Зебӣ дар он дашт бо тани нимбараҳна ва мӯйи парешон мегаштааст. Одамҳо агар ӯро дида монанд, тарсида мегурехтаанд.
Ҳамин тавр, он зани ҷавони кулфатзадаи ноком, он қурбони зиндагонии талхтар аз заҳр, дар биёбон аз гушнагию ташнагӣ ва гармою capмо ҳалок гардид…» [7, с.189-190].
Ҳамин фоҷеа яке аз сахттарин хурофот дар повест мебошад. Агар бемории зебӣ бо донишу тиб ва муносибати инсондӯстона баррасӣ мешуд, сарнавишти ӯ метавонист дигар шавад. Вале таассуб ӯро қурбонии иҷтимоӣ низ мекунад. Ба таъкиди адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ: «Зебӣ – ин духтарчаи зираку хандонрӯй яке аз қурбониҳои бешумори замонаи мудҳиш ва расму одатҳои куҳна буд. Қашшоқӣ, шавҳари гунг ва пир, бераҳмиву сангдилиҳои падаршӯю модаршӯй, тамоми муҳити буғзу кина Зебии 17-18-соларо ба девонагӣ ва ҳалокат расонид» [9, с.224].
Тавре аз муҳтавои асар равшан мешавад, Собир аз деҳа ба шаҳр, аз муҳити куҳна ба завод, аз муҳити хонаводагӣ ба мактаб ва баъд ба Дорулмуаллимин мегузарад. Ҳар як марҳаила ба васеъ шудани ҷаҳонбинии ӯ мусоидат мекунад. Хусусан муҳити шаҳр, корхона ва муносибат бо одамони миллатҳои дигар барои ӯ таҷрибаи нав меорад. Дар охири роҳи маънавии Собир китоб ва мактаб ҷойгоҳи махсус пайдо мекунанд. Агар дар кӯдакӣ Собир аз кокул, ҷин ва дигар мавҳумот метарсид, дар ҷавонӣ ӯ ба китоб, адабиёт, мактаб ва омӯзиш такя мекунад. Ин тағйири ҷаҳонбинӣ худ аз худ як раванди тафаккури воқеии қаҳарамони марказии асар аст.
Андешаи дунявӣ дар «Субҳи ҷавонии мо» маънои муқобил будан ба динро надорад. Муҳим аст, ки нависанда миёни эътиқоди шахсӣ ва хурофоти зараровар фарқ мегузорад. Дар асар масъала ба он равона мешавад, ки инсон набояд бо таъсири муҳити хурофотӣ аз ақл, дониш ва муносибати инсондӯстона даст кашад.
Аз ин нуқтаи назар, мавқеи нависанда, пеш аз ҳама, инсонпарварона аст. Ӯ тарафдори он аст, ки бемор табобат шавад, кӯдак таҳсил кунад, зан ҳуқуқи зиндагии озод дошта бошад, меҳнат қадр гардад ва инсон сарнавишти худро бо дониш ва иродаи худ созад.
Дар ҳамин маъно, қаҳрамони марказӣ – Собир худ як намунаи инкишофи ҷаҳонбинии нав мебошад. Ӯ аз кӯдаки тарсончаке, ки ба сухани калонсолон ва хурофот бовар мекунад, тадриҷан ба ҷавоне табдил меёбад, ки китоб мехонад, савод меомӯзад, ба мактаб меравад ва ҷаҳонро бо чашми дигар мебинад.
Хулоса, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода аз нигоҳи андешаҳои дунявӣ асари дорои аҳаммияти бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Нависанда дар мисоли саргузашти Собир ва сарнавишти одамони муҳити ӯ нишон медиҳад, ки хурофот, мавҳумот ва таассуб чӣ гуна ба зиндагии инсонҳо таъсир меравонанд.
Мухолифати таассуб бо навҷӯӣ ҳангоми таҳсили мактаб ва андухтани дониш зоҳир мешавад. Орзуи Собир барои хондан ва ба мактаби нав рафтан ба муқобили меҳнати маҷбурӣ ва мактабҳои куҳна гузошта мешавад. Дар муқобили ин ҷаҳони куҳна, дар асар мактаб, китоб, омӯзиш, савод, меҳнати созанда ва муҳити нави иҷтимоӣ ҳамчун неруҳои тағйирдиҳандаи ҳаёти инсон қарор мегиранд. Орзуи Собир барои таҳсил ва баъдтар ошноии ӯ китобҳои Садриддин Айнӣ нишон медиҳад, ки роҳи ӯ аз торикии ҷаҳолат ба сӯйи маърифат меравад.
Аз ин рӯ, мафҳуми «субҳ»-ро дар унвони асар метавон ба маънои рамзи бедории маънавӣ, бедории тафаккур ва оғози зиндагии нав низ дарк кард. «Субҳи ҷавонии мо» дар ин маъно субҳи ҷаҳонбинии нав, яъне ҷаҳонбиние мебошад, ки дар он дониш бар ҷаҳолат, ақл бар хурофот, навҷӯӣ бар таассуб ва инсондӯстӣ бар зулму маҳдудият бартарӣ пайдо мекунад.
Шамшоди Ҷамшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ
