Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПРИНСИПҲО ВА УСУЛҲОИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ

ПРИНСИПҲО ВА УСУЛҲОИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ

by admin
500 views

Принсипи  идоракунӣ  —  ин  қоидаҳои асосӣ фундаменталиест, ки бояд ҳангоми амалӣ намудани идоракунии риоя карда  шаванд  ва  амалӣ  гардидани  мақсадҳои  гузошташударо  таъмин  намояд. Принсипҳои  идоракунӣ  аз  инҳо  иборатанд:  демократии  ҳамбастии  коллективонӣ ва яккасардорӣ; ҳамбасти дар идоракунии  давлатӣ  ва  ҷамъбастӣ;  илмӣ; алоқамандии назария ва амалия; банақшагирӣ; системанокӣ ва комплексӣ.

Принсипи комбинатсияи коллегиалӣ ва якксардорӣ барои роҳбарони соҳаи маориф аҳамияти зарурӣ дошта, муваффақиятҳои фаъолияти идоракунии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз риояи он бештар вобастагӣ дорад. Шароити муҳими самаранокии идоракунии маориф дар шаҳру ноҳия такягоҳ барои ташаббуси муаллимон, ҳаматарафа ҳавасманд намудани дастовардҳои эҷодии онҳо мебошад. Дар кори мактабҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо принсипи комбинатсияи асосҳои идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ роли муҳим мебозад. Доираи истифодабарии асосҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти шуъбаҳои маориф васеъ мебошад.Сохторҳои ҷамъиятӣ шӯроҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, шӯроҳои педагогӣ ва ғайра мебошанд.Сохторҳои  ҷамъиятии  гуногун  нақши ёрирасонро бозида, таҳти роҳбарии шуъбаи маориф кор мекунанд ва ба он ёрии зарурӣ мерасонанд. Принсипи илмӣ яке аз  принсипҳои  пешбарандаи  идоракунӣ ба  шумор  меравад.  Имрӯз  ба  таҷрибаи шахсӣ такя намуда, мактаб ва дигар муассисаҳои  маорифро  идора  намудан мумкин нест. Дониши чуқур дар соҳаи назарияи  идоракунӣ,  истифодабарии  дастовардҳои илмҳои педагогӣ ва психологӣ зарур  мебошанд.Принсипи нақшанокӣ дар системаи идоракунии яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Банақшагирӣ — ин асоси идоракунӣ ва амалӣ намудани нақшаҳо асоси мазмуни раванди идоракунӣ мебошанд. Системанокӣ — ин пеш аз ҳама алоқамандии қисмҳое, ки бутуни ягонаро ташкил медиҳад. Муносибатҳои комплексӣ имкон медиҳад,  ки  ҳамаи  омилҳое,  ки  ба  ҷараёни равандҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд, ба инобат гирифта шаванд, ҷой ва мақоми онҳо дар системаи ҷамъиятӣ муайян карда  шаванд,  масъалаҳои  асосие,  ки ҳалли  онҳо  имконпазиранд,  ҷудо  карда шаванд.  Масалан,  барои  ҳалли  масъалаҳои  баланд  бардоштани  сифати  дониш,  маҳорат  ва  малакаҳои  хонандагон дар мактабҳои ноҳия ба таври комплекс омилҳои педагогӣ, психологӣ ва иҷтимоиро  ба  инобат  нагирифтан  мумкин  нест. Системанок муносибат намудан дар идоракунии маориф маънои онро дорад, ки такмили  яке  аз  зинаҳои  системавӣ ва ё беҳтар  намудани  яке  аз  паҳлуҳои  кори таълиму тарбия ғайриимкон аст, агар дигар зинаҳо ва паҳлуҳоро ба инобат нагирем.  Инчунин,  модернизация  мазмуни таҳсилот,  гузориш  ба  барномаҳои  нави таълим, бозомӯзии муаллимон, такмили усулҳои  таълим,  мустаҳкам  намудани пояи моддӣ-таълимии мактабҳо ва ғайраро  талаб  менамоянд.  Ҳамин  тавр,  дар шароити  ҳозира  танҳо  муносибати  системанок ва комплексӣ имкон медиҳад, ки соҳаи  маорифро  бомувафақият  идора намуда, самаранокии баланди таълим ва тарбия, татбиқи мақсадҳои ба нақша гирифташударо  таъмин  намояд.  Ҳангоми муайян  намудани  мақсадҳои  идоракунӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо на танҳо натиҷаи наздики мобайнӣ, инчунин натиҷаҳои ниҳонро пешгӯӣ ва ба инобат гирифтан зарур аст. Дар доракунии системаи маориф барои баланд бардоштани самаранокӣ, сифат  ва  натиҷаҳои  ниҳоии  ҳамаи  корҳо ба  раванди  ташаккулёбии  инкишофи ҳаматарафа  ва  гармонии  шахсият,  ки раванди дуру дароз мебошад, зарурияти махсус дорад. Дар бораи самаранокии меҳнати муаллим объективона баҳо додан аз рӯи баҳо ва интизоми хонандагон  ғайриимкон  мебошад.  Муҳимаш  он аст, ки самаранокии ҳамаи кори мактаб ва  сохторҳои  маорифро  обутобёбии сиёсӣ ва маърифатии хонандагон тайёр будани  онҳо  ба  фаъолияти  созандагӣ, ба меҳнат ва ғайра муайян менамояд.Байни принсипҳо ва усулҳои идоракунии алоқаи байниҳамдигарии зич мавҷуд аст. Усулҳо — ин роҳҳо тарзҳои татбиқи принсипҳои идоракунии расидан ба мақсадҳои  ба  нақша  гирифташуда  мебошад.  Усулҳои  идоракунӣ  объективона мавҷуд мебошанд ва онҳо аз принсипҳои идоракунӣ  бармеоянд.  Аммо  усулҳои идоракунӣ  дар  фарқият  аз  принсипҳо нисбатан  вариантивӣ  буда,  интихоби озоди муайянро барои расидан ба мақсадҳои  гузашта  пешниҳод  менамояд. Вазифаи роҳбар аз он иборат аст, ки бо назардошти шароитҳои мушахас ва хусусиятҳои  соҳаҳои  идорашаванда роҳҳои оптималиеро интихоб намояд, ки пурра амалӣ намудани принсипҳои идоракуниро таъмин намояд. Усулҳои умумии идоракунӣ ва хусусӣ, локалӣ  аз  ҳамдигар  фарқ  доранд.  Усулҳои идоракуниро дар лаҳзаҳои гуногун аз нуқтаи назари гуногун вобаста ба мазмун,  равиш  шакли  ташкилӣ  дида  баромадан мумкин аст.

Тағаймурод НАЗАРОВ,

саромӯзгори кафедраи педагогика

 

Related Articles

Leave a Comment