Home АНДЕША АЗ ДИРӮЗ БО ТУ, КИ ФАРДОӢ

АЗ ДИРӮЗ БО ТУ, КИ ФАРДОӢ

by admin
95 views

(номаи Қайсари Аминпур ба духтараш Оя)

Шоири номвари Эрон зиндаёд Қайсари Аминпур дар баробари эҷоди ашъори волову мондагор барои бузургсолон, барои кӯдакон низ як силсила шеърҳои дилангез сурудааст, ки онҳо дар маҷмӯаҳои «Ба қавли парасту» ва «Мисли чашма, мисли рӯд» ҷамъоварӣ шудаанд. Ангезаи асосие, ки Қайсари Аминпурро барои навиштани шеъри кӯдакона таҳрик додааст, муҳаббати бепоёни ӯ ба духтараш Оя мебошад. Шоир барои духтараки ҳанӯз кӯчакаш номаҳо низ навишта, дар онҳо муҳаббати саршори худро нисбат ба ӯ изҳор намудааст.

Билохира як рӯз мефаҳмӣ, «Модар», яъне чӣ? Ҳатто шояд беҳтар аз ман ҳам бифаҳмӣ, чун ман ҳарчи талош кунам, фавқаш маънии падарро бифаҳмам ва модарро фақат бояд аз дур эҳсос кунам. Ба ман қавл бидеҳ, рӯзе агар нависанда ё шоир шудӣ ва тавонистӣ модарро бифаҳмӣ ва тавсиф кунӣ, онро барои ман, агар зинда будам ва барои дигарон ҳам маънӣ кун! Албатта, агар аз ҳоло ҳасудият гул накунад.

Шояд барои ҳамин буд он рӯз, ки ба бемористон омадам, ту бо модарат дар як утоқи хилват бо ҳам пич-пич мекардед ва ман ғофилгиратон кардам ва нури панҷара ба сурати ту ва модарат афтода буд. Ман баъд аз ин, ки пешонии қирмизии туро бӯсидам, хам шудаму дасти модаратро бӯсидам, чун тоза ба мақоми модарӣ ноил шуда буд ва дошт ҳамкори Худо мешуд ва партаве аз сифати «Раб»-ро мунъакис мекард. Ҷилваҳое аз исми Худо буд. Ман бар он партав, ки бар рӯйи дасташ ва гиребонаш афтода буд, бӯса задам.

Мефаҳмӣ духтарам? Чи қадар хуб аст, ки метавонам бигӯям «духтарам»! Ин яъне эҳсоси падар будан! Ин эҳсосро ҳам ту ба ман додаӣ. Агар ту намебудӣ, ман ҳам ба падарӣ намерасидам. Ростӣ, ту аз ҳамин ҳоло он қадар қудрат дорӣ, ки ба дигарон мақом ато мекунӣ, ту хеле қудратҳо дорӣ, ки худат ҳам аз онҳо бехабарӣ. Ту метавонӣ оинае бошӣ, ки ман мӯйҳои кӯдакиамро дар ту шона бизанам. Гиряҳои кӯдакии худро дар шабҳои дур бишнавам. Худамро аз фосилаи сиву панҷ сол пеш бинам. Кӯдакии худрӯ ва беташрифоти худамро таҷриба кунам. Ту ҳатто метавонӣ мани манро ба ман бишиносонӣ ва инсонро, ки чи қадар заиф халқ мешавад. Ту ин қудратро дорӣ, ки заифии инсонро намоиш диҳӣ. Яъне як ояи худро тақсир кунӣ, Оя, қудрати Худоро, ғубори одатро метавонӣ аз чашмҳои ман бирӯбӣ! Мисли ин ки аз ҳамин ҳоло хонадорӣ ва ҷорӯ карданро шурӯъ кардаӣ. Ту ҳайрати фаромӯшшудаи маро ба ман бозмегардонӣ. Чи тур ин ҳама зиндагӣ дар ду ваҷаб хулоса шудааст. Арӯсаке, ки маро мешиносад, такрори ман аст, мӯниси ман.

Номаҳои пеш аз милодномаҳои пеш аз шиноснома, зиндагии пеш аз милод зиндагии бидуни шиноснома, зиндагӣ дар хоб!

Номаро барои касе менависанд, ки битавонад бихонад ва ҷавоб диҳад. Вале ман то мавқее, ки наметавонӣ ҷавоб бидиҳӣ, бароят менависам. Баъдан метавонам ҳарфҳоямро бароят бигӯям. Ниёзе ба нома навиштан нест. Аммо ин ҳарфҳоро ҳоло бароят нагӯям, аз даст мераванд. Онҳоро дар сандуқи дафтарам пасандоз мекунам, барои рӯзе, ки худат битавонӣ онҳоро боз кунӣ. Рӯзе ҳам, ки ту битавонӣ ҷавоб бидиҳӣ, шояд ман набошам. Ту ҳам агар ҳарфе доштӣ, ҳатман бинавис ва мутмаин бош, ки ман онҳоро дар зери хок мехонам. Он вақт ту ҳар чи дилат хост, бинавис. Чун мутмаин ҳастӣ, ки ман наметавонам ҷавоб бидиҳам, ин ба он дар! Албатта ин дунёест, ки ман мебинам ва намехоҳам дунёи худамро ба чашмҳои қашанги ту таҳмил кунам. Ту ҳам ҳақ дорӣ дунёро он ҷур, ки худат мехоҳӣ, таҷриба кунӣ. Агар хостӣ, метавонӣ ба таҷрибаҳои ман ҳам биандешӣ, шояд баъзе аз онҳо ба дарди ту ҳам бихуранд, агарчи дармон набошанд, вале дарде дар онҳо ҳаст. Аз дард об хӯрдаанд, ҳамон тавр, ки ман дар таърихи пеш аз милод ҳарф задам, ту ҳам метавонӣ бо ман дар зиндагии пас аз вафот ҳарф бизанӣ. Ман аз дирӯз бо ту, ки фардоӣ, ҳарф мезанам, аз дирӯз ту бо ту дар ҳар фардое, ки инҳоро мешунавӣ, яъне мехонӣ, фардое, ки имрӯзи туст. Мебинӣ, ки ҳеҷ кадоме аз инҳо маълум нест ва ту метавонӣ интихоб кунӣ, ки ин фардо кадомин рӯзи ту бошад.

ЭЙ БӮЙИ ҲАРЧИ ГУЛ…

Барои духтаракам Оя

Бӯйи биҳишт мешунавам

                              аз садои ту,

Нозуктар аз гул аст гули

                               гунаҳои ту.

Эй дар танини набзи

           ту оҳанги қалби ман,

Эй бӯйи ҳарчи гул

                 нафаси ошнои ту.

Эй сурати ту ояву

                             ойинаи Худо,

Ҳаққо, ки ҳеч нақс

                  надорад худои ту.

Сад Каҳкашон ситораву

                ҳафт осмон ҳарир

Овардаам, ки фарш кунам

                              зери пои ту.

Рангинкамоне аз нахи

                     борон танидаам,

То тоби ҳафтранг

               бибандам барои ту.

Чизе азизтар зи тамоми

                             дилам набуд,

Эй пораи дилам, ки бирезам

                                  ба пои ту.

Имрӯз такягоҳи ту оғӯши  

                                 гарми ман,

Фардо асои хастагиям

                             шонаҳои ту.

Дар хок ҳам дилам ба

               ҳавои ту метапад,

Чизе кам аз биҳишт

                  надорад ҳавои ту.

Ҳамбозиёни хоби ту

             хайли фариштагон,

Овози осмонияшон

                                 лойлои ту.

Бигзор, бо ту олами

                   худро иваз кунам:

Як лаҳза ту ба ҷои

              ману ман ба ҷои ту.

Ин ҳолу оламе, ки ту

                        дорӣ барои ман,

Дору надору ҷону дили

                          ман барои ту.

Таҳияи

Муҳриддин Сабурӣ

Related Articles

Leave a Comment