Home АНДЕША ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТ Ё МУШКИЛИ №1-И ТАФАККУРИ СИЁСИИ МО

ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТ Ё МУШКИЛИ №1-И ТАФАККУРИ СИЁСИИ МО

by admin
252 views

Моҳияти ин мушкила дар он аст, ки на танҳо дар корбурди ғайрикасбии омиёна, балки дар худи корбурди расмии сиёсию ҳуқуқӣ ва амалияи идории давлатӣ низ мафҳуми давлат ва марзу тафовути он бо «ҳукумат» норӯшаниҳо ва омезишҳои зиёде дорад. Бо вуҷуди дар сатҳи назариявӣ ва идеалӣ имконпазир будани фарқу тафкики ин ду мафҳум, дар амалияи идоракунию қонугузории давлатӣ омезиши он ва ба ҷойи ҳам истифода гаштани он ҳамеша ҷой доштааст ва хоҳад дошт. Мисолҳои сершумор метавонад ҳаҷми матнро афзояд.

Маводе фикрӣ барои мутолиа ва андешаи ороми рӯзи якшанбе ва рӯзҳои дигар.

Фарқи «давлат» аз «ҳукумат» дар чист? Чаро ин мафҳумҳо пайваста омехта мешаванд? Чи гуна ин мушкила муносибату равандҳои сиёсиро носолим мегардонад? Оё давлат муқаддас аст? Оё ҳукумат низ муқаддас аст? Мушкили назариявӣ ва амалии таърифу шинохти давлат дар чист? Фаҳмиши корбурдии давлат чист? Ҷойгоҳи ҳукумат кадом аст? Оё нуктаи пайванди миллӣ ва «хатти сурх»-е барои танқиду мухолифатҳо вуҷуд дорад? Дар кадом ҳолат шаҳрванд ё нерӯи сиёсӣ дар муқобили давлат қарор мегирад?

Ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ин масъалаҳо дар маводи соҳавие барои аҳли андеша, коршиносони ҷавон ва фаъолони ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ гаштааст. Зеро маҳз тасаввури рӯшан дар ин бора мавқеи шаҳрвандӣ, фаъолияти сиёсӣ ва муборизаҳои ҷамъиятии моро солим, суботу амнияти моро пойдор ва бақои миллию давлатии моро таъмин месозад.

Зимни мутолиаву бозандешӣ аз ҳаҷму мураккабии матн малул набошем, зеро шояд ин кӯтоҳтарину содатарин баёни чунин мавзӯи печидатарин аст. Ва низ, касоне, ки таҳаммули баҳси назариявиро надоранд, метавонанд аввал бахши амалии маводро (бахшхои 2 ва 3) мутолиа фармоянд.

ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТ:

назария ва амалияи умумият ва тафовут

Омӯзиши раванду муколамаву муборизаҳои фикрию сиёсӣ дар фазои сиёсию иттилоотии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки яке аз муҳимтарин мушкилоти тафаккури сиёсии муосири мо омезиши мафҳуми «давлат» бо мафҳуми «ҳукумат» мебошад. Ҳам дар назария ва ҳам дар амалия. Аз ин рӯ, дар чунин фазо шарҳи мухтасари моҳият, умумият ва тафовути ин ду мафҳуми калидӣ ва андешаронӣ дар бораи шаклу марзҳои мавқеъгириҳои фардию ҷамъиятию сиёсӣ нисбат ба ин падидаҳо аз аҳаммияти ҷиддии назариявӣ ва амлӣ бархурдор аст. Зеро маҳз омезиши маънои ин ду мафҳум боис мешавад, ки гоҳе мо моҳияти мавқеи ҳамдигарро дуруст нафаҳмида, нисбати ҳам доварии носаҳеҳ намоем ва гоҳи дигар, нохудогоҳ дар баробари арзишҳо ва манфиатҳои ҳаётии худ ва давлату миллати худ қарор гирем.

1.ВУРУДИ КӮТОҲИ НАЗАРИЯВӢ БА ШИНОХТИ МАФҲУМИ

«ДАВЛАТ»

Шарҳи мафҳуми «давлат» як мавзӯи васеъ ва печидаи илми сиёсат буда, дар фазои таҳқиқоти илмию таълимии сиёсатшиносӣ ба он кору китобҳои бисёре бахшида шудаанд. Аммо ҷузъиёти онро ба сиёсатшиносон гузошта, метавон бо чунин шарҳу роҳнамоии муфиди методологӣ хулоса намуд:

Дар шинохти дурусти мафҳуми «давлат» асосан се мушкилаи ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки на дар муҳити илмӣ ва на дар фазои умумии корбурдӣ ва иттилоотӣ «ҳалли ниҳоӣ»-и онҳо амалан номумкин аст.

  1. Мушкилаи таърифи илмӣ

Яъне, дар тӯли таърих дар бораи «давлат» аз тарафи мутафаккирону давлатшиносон таърифу бардоштҳои гуногуне ироа шудаанд, ки вобаста ба марҳалаи таърихии рушди илмҳои ҷамъиятию сиёсӣ (1), мавқеи арзишию иҷтимоии муаллифон (2) ва сатҳи касбияти онҳо (3) аз ҳам тафовути ҷиддӣ доранд. Дар ин масир, аз таърифи бостонии Арасту то биниши синфии Маркс ва аз таърифи ҷомеашиносии Вебер то шарҳҳои постмодерни имрӯз мафҳуми «давлат» ба шаклҳои ниҳоят гуногун зоҳир мешавад. Бинобар ин, дар худи илми сиёсатшиносӣ низ таърифи илмии «тайёр» ё ҷомеъ ва ягонае дар бораи давлат нест, ки онро ҳамчун таърифи мутлақ ҳамаи мактабҳо пазируфта бошанд. Албатта, навъе дастабандиву хулосагирии ин баҳс имконпазир аст, ки поёнтар меорем.

  1. Мушкилаи корбурдӣ

Моҳияти ин мушкила дар он аст, ки на танҳо дар корбурди ғайрикасбии омиёна, балки дар худи корбурди расмии сиёсию ҳуқуқӣ ва амалияи идории давлатӣ низ мафҳуми давлат ва марзу тафовути он бо «ҳукумат» норӯшаниҳо ва омезишҳои зиёде дорад. Бо вуҷуди дар сатҳи назариявӣ ва идеалӣ имконпазир будани фарқу тафкики ин ду мафҳум, дар амалияи идоракунию қонугузории давлатӣ омезиши он ва ба ҷойи ҳам истифода гаштани он ҳамеша ҷой доштааст ва хоҳад дошт. Мисолҳои сершумор метавонад ҳаҷми матнро афзояд.

  1. Мушкилаи забонӣ

Моҳияти ин мушкила дар он аст, ки дар забони тоҷикии пешин ва муосир, калимаҳои «давлат», «ҳукумат» ва «қудрат» ҳамеша истифодаи омехта доштаанд ва доранд. Ин ҳолат низ на танҳо дар матнҳои умумии ғайрикасбии фазои иттилоотӣ ё оммавӣ, балки дар матнҳои расмию сиёсӣ низ пайваста пеш меояд. Илова бар ин, дар форсии эронии муосир, ки бар фазои илмию иттилоотии мо низ таъсир мегузорад, мафҳуми «давлат» маҳз ба маънои «ҳукумат» ва «кобинаи вазирон» корбурди васеи расмӣ дорад: «давлати шашум», «давлати Хотамӣ», «ҷаласаи давлат», «аъзои давлат» ва ғайра. Ин ҳолат низ бар печидагии таърифу дарки мафҳуми «давлат» дар забону муҳити мо афзудааст.

Аммо ин печидагии назарию методологӣ боиси мубҳамии мутлақи маъно ва мафҳуми «давлат» набуда, монеи расидан ба таърифи умумишуда ё корбурдии он нест. Вале барои расидан ба чунин таърифи қобили қабулу истифода, гузоштани ду қадами дигари назариявӣ муҳим аст:

— дастабандии моҳиятии ҳамаи таърифҳои мавҷуда;

— баровардани аломатҳои асосии давлат аз дохили маҷмӯи ин таърифҳо.

Дар масъалаи аввал бояд гуфт, ки маҷмӯаи сершумори таърифҳои гузаштаву имрӯзаи мавҷуда дар бораи «давлат»-ро, ки ҳар яке ба навъе аз хусусиятҳои замону макону сатҳу дидгоҳу манфиати муаллифон таъсир пазируфтааст, аз назари моҳият метавонем ба се дастаи шартӣ тақсим намоем:

— таърифҳои ниҳодгароёна;

— таърифҳои бунёдгароёна;

— таърифҳои ҷомеашинохтӣ.

Таърифҳои ниҳодгароёна маъмулан, «давлат»-ро ҳамчун як ниҳод (институт) гирифта, онро чун «воҳиди устувори сиёсӣ барои идоракунӣ», «ташкилоти синфи ҳоким», «шакли махсуси ҳокимияти сиёсӣ», «мошинаи истисмор» ва ғайра таъриф намудаанд, ки хусусан, дар таълимоти мактаби марксистӣ ва назарияҳои чапгаро хеле роиҷ аст. Дар ин таърифҳо мафҳуми «давлат» ба мафҳуми дастгоҳи идоракунӣ ва «ҳукумат» хеле наздик мебошад.

Таърифҳои бунёдгароёна ё муҳтавоӣ, маъмулан, давлатро дар асоси мафҳуму арзишҳои бунёдитар ва унсурҳои асосии ташаккулдиҳандаи он ҳамчун маҷмӯаи устуворшудаи ниҳодҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва манфиатҳо дар замону ҳудуди муайян таъиф намуда, онро басе фаротар аз ҳукумат мегиранд. Чунин таърифҳо, хусусан дар шароит ва шарҳи давлатҳои миллӣ шакл гирифта, имрӯз фаҳмишу таърифи нисбатан маъмулу ҳоким бар фазои «давлатшиносӣ» мебошанд.

Таърифҳои ҷомеашиносӣ асосан, моҳияти постмодернистӣ дошта, мафҳуми давлатро қариб пурра ғайриниҳодина менамоянд ва онро бештар ба худи ҷомеа, мардум, манфиатҳои моддию маънавии он ва сатҳу навъи ироаи хадамот ба он ифода мекунанд. Ин навъ таърифҳо аксаран моҳияти ниҳодии давлатро нисбат ба хосияти мардумӣ ва хидматрасонии он дувумдараҷа мешуморанд.

Ҳамин тавр, агар таърифҳои дастаи аввал (ниҳодгароёна) асосан бар моҳияти ниҳодии (институтсионалии) давлат таваҷҷуҳ ва таъкид намоянд, таърифҳои навъи сеюм (постмодернистӣ) асосан, ба моҳияти таъйинотию ҷамъиятӣ ва хадамотии он таъкид мекунанд. Таърифи навъи дувум (бунёдгароёнаи муҳтавоӣ) моҳияти давлатро, пеш аз ҳама, бар асоси муҳтаво ва унсурҳои бунёдии ташкилдиҳандаи давлат таъриф менамояд.

Дар шароити давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз назари фалсафаи ғоявии таъсис ва ҳолати рушди таърихии худ дар марҳалаи «давлати миллии классикӣ» қарор дорад, такя ва таваҷҷуҳ ба таърифи навъи дувум муфидтар аст. Зеро он унсурҳои моҳиятӣ ва аслии ташаккули давлатро асос қарор дода, дар айни замон моҳияти ниҳодӣ ва таъйиноти хадамотии онро моҳиятан инкор намекунад.

(Зери мафҳуми «давлати миллии классикӣ» марҳалаи аввалияи ташаккули давлати миллӣ дар назар аст, ки дар он давлат аз марҳалаи сохтории «давлат-ҳукумат» гузашта, ҳамчун воҳиди фарогири маҷмӯаи арзишу усулу манфиатҳои умумии як миллат шакл гирифтааст, аммо ҳанӯз ба марҳалаи давлати иҷтимоии фарониҳодии хидматгузори постмодерн (бо авлавиятҳои сервисӣ) нарасидааст.)

Қадами дувуми методӣ барои наздик шудан ба таърифи корбурдии давлат баровардани аломатҳои асосии давлат аз маҷмӯаи таърифҳои мавҷудаи ҳамаи давраҳо ва дастаҳо мебошад. Аз матни ин таърифҳо, пеш аз ҳама нишондиҳандаҳои зерин ҳамчун аломатҳои асосии мавҷудияти давлат бароварда ва баршумурда мешаванд:

1.Ташкилоти махсусу фарогири идориву сиёсӣ (бо ҳама шохаҳои ҳокимият).

  1. Ҳуқуқи истисноии идоракунӣ (ҳукумат рондан).
  2. Ҳудуди муайяни зери ҳокимият.

4.Аҳолии муайяни аз назари ҳуқуқӣ расмиятёфта.

5.Истиқлоляти ҳокимият (тасмимгирӣ ва иҷро).

6.Низоми қонунгузорӣ ва меъёрҳои ягонаи пазируфта.

7.Манфиатҳои муштарак ва сиёсати воҳиди хориҷӣ дар ҳимояи онҳо.

  1. Хидматгузорӣ ва ифодаи манфиатҳои аҳолии ҳудуди зери ҳокимият.
  2. Зерсохтори ягонаи иқтисодӣ ва иртиботӣ.
  3. Ҳуқуқи истисноии истифодаи зӯрӣ (қувва).
  4. Ҳуқуқи истисноии ҷамъоварии андоз.

12.Рамзҳои расмии ифодакунандаи давлат ва ғ.

Баровардани ин аломату нишондиҳандаҳо аз маҷмӯаи бешумори таърифҳои гуногуни давлат имкон медиҳанд, ки хусусиятҳои асосии он муайян гашта, тасаввури умумӣ ва амалию корбурдӣ дар бораи ин мафҳуми муҳимму печида ба вуҷуд ояд. Дар ин ҳолат, новобаста аз он, ки шахс таърифи илмию академии давлатро медонад ва ё новобаста аз он, ки бо кадом навъи таъриф ошно ва моил аст, метавонад дар бораи худи давлат тасаввури воқеъбинона дошта, дар амалияи зиндагӣ бо он муносибати воқеӣ намояд.

Ҳамин тавр, ин вуруди кӯтоҳи назариявӣ мусоидат мекунад, ки манзараи умумии «давлатшиносӣ» ва баҳсу мушкилоти таърифу шинохти ин мафҳум дар муҳити илмӣ ва фазои умумӣ барои хонанда андаке рӯшан шавад. Аммо ин баҳс асосан, хосияти назариявӣ, тахассусӣ ва таълимӣ дошта, фарогирӣ ва фурӯ рафтан ба ҷузъиёти он барои афроди берун аз риштаи сиёсатшиносӣ чандон зарур нест. Дар айни замон, таваҷҷуҳ ба бахши амалии баҳси «давлат» ва «ҳукумат», ки дар зер ироа мешавад, аҳаммияти амалӣ дошта, барои ҳамагон ва хусусан касоне, ки дар равандҳои фикрӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ ширкат доранд, муфид ва зарурӣ мебошад. Маҳз дарки дурусти ин масъала метавонад баъзе баҳсу инҳирофҳои раванди сиёсӣ ва фазои иттилоотии атрофи онро ислоҳ ва такмил намояд.

2.ТАНОСУБ ВА ПАЙВАНДИ УНСУРИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТ ДАР АМАЛИЯИ СИЁСӢ

Дар як таърифи умумишудаи бунёдию корбурдӣ, ДАВЛАТ шаклу сатҳи махсуси сиёсӣ ва идории ташаккули ҷомеа(1) бо ҳуқуқи истисноии ҳокимият(2) ва бо аҳолӣ(3) ва сарзамини(4) муайян мебошад, ки бар пояи арзишҳо(5), манфиатҳо(6) ё сарнавишти муштарак(7) шакл гирифта, расмияти ҳуқуқию сиёсӣ ёфтааст(8) ва дар он ҳудуд ба воситаи қонуни пазируфташуда(9) ва қудрати иҷроии давлатӣ(10) меъёрҳои ягонаи танзими муносибатҳои аъзои ҷомеаро(11) мустақилона(11) ҷорӣ намуда, ба ин восита ҳуқуқу манфиатҳои аъзои он ҷомеаро таъмин ва ҳимоят менамояд (13). Барои дарки мафҳумӣ ва ташаккули амалии давлат ҳамаи нишондиҳандаҳои зикршуда ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ муҳим буда, ҳамоҳангӣ ва омезиши мавзуни онҳо мафҳуми давлат ва дар амалия, худи давлатро ташаккул медиҳанд.

Дар баёни содатар, давлат як мафҳуми бузургу фарогир буда, пеш аз ҳама, худи кишвар, ҳамаи шохаҳову зинаҳои ҳокимияти сиёсии он, замину обу фазои он, мардум ва арзишҳои аслии он, истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллии он, танзими меъёрҳои ягонаи муносибат ва масъулияти таъмини манфиатҳои аҳолии онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, давлат мафҳуми аслӣ ва бунёдӣ буда, дар фаъолияти сиёсии дохилӣ ва дар раванди давлатдорӣ масъалаи буду набуди он, ягонагии ҳудудии он, истиқлоли сиёсии он, суботу амнияту манфиатҳои он, ҳаёту ҳуқуқу номуси шаҳрвандони он ва ғайра мавриди савол ва мавзӯи муомилаи сиёсӣ қарор намегиранд.

Дар асри ҳозир аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шакли «давлати миллӣ» таъсис ва созмон ёфтаанд, ки таърифи бунёдгароёнаву муҳтавоии давлат барои онҳо муносиб ва созгор аст. Имрӯз мавҷудияти «давлати миллӣ» нишонгари олитарин сатҳи камоли як миллат ба ҳисоб рафта, дар айни замон, муҳимтарин афзор ва механизми таъмини бақо ва рушди он миллат аст. (Як мисол кофист, ки имрӯз танҳо 7-8% аз халқияту миллатҳои ҷаҳон соҳиби давлати мустақилли худ ҳастанд, ки тоҷикон низ дар он шумори камшумор мебошанд.) Дар шароити «давлати миллӣ» ҳам ҳукумат, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам шаҳрвандон вазифадоранд, ки давлатро аз назари ҳудудӣ (сарзаминӣ), сиёсӣ (истиқлол), моделӣ (демократӣ) ва арзишӣ (моҳияти миллӣ) як арзиши олӣ дониста, ҳифз ва риояти манфиатҳои онро аз ҳар манфиати дигар болотар гузоранд.

Сабаби асосии чунин нигоҳ ба давлат дар он аст, ки он навъе ифодаи манфиатҳои умумии ҳамаи мардум буда, муносибат бо он муносибат бо манфиати умумист. Ҳанӯз назарияҳои классикӣ дар бо раи давлат таъсиси давлатро натиҷаи наъе «қарордоди иҷтимоӣ» байни инсонҳо дониста, ба ин назар буданд, ки инсонҳо номумкин будани таъмини мутлақи тамоми манфиату озодиҳои ҳамагониро дарк карда, баъзе аз ҳуқуқҳои худро ихтиёран ба давлат додаанд, то давлат бақияи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро таъмин кунад. Албатта, дар амал чунин нишаст ва ё «қарордод» ҳаргиз сурат нагирифтааст, аммо ин ибора рисолат ва моҳияти вуҷудии давлатро ифода мекунад, ки инсонҳо мувофиқанд, то давлат андаке аз ҳуқуқу озодиҳои онҳоро салб карда, аксари боқимондаро ба таври кафолатёфта таъмин намояд. Таҷрибаи таърихӣ низ нишон додааст, ки он ҳуқуқҳои бунёдӣ ва заруратҳои ҳаётӣ, ки инсон ҳамеша дар пайи дастёбӣ ба онҳост, танҳо дар ҳолати мавҷудияти давлати устувор ва суботи пойдор татбиқ шуда метавонанд.

Ҳамин тавр, дидгоҳи давлатмеҳвар маҳз дарки ҳамин воқеият аст, ки бо вуҷуди муҳимму муқаддас будани ниёзҳои моддию маънавӣ ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳо, таъмини онҳо дар фазои ормонӣ номумкин буда, маҳз дар шароити мавҷудияти давлати пойдор ва суботи устувор имконпазир мегардад. Ин аст, ки ин дидгоҳ давлатро на бартар аз ниёзу арзишҳо, балки ҳамчун зарфи нигоҳдоранда ва шароити зарурӣ ва кафолатдиҳандаи татбиқи онҳо медонад. Дар ғайри ин сурат, онҳо ҳамчун орзую омоли ширин боқӣ хоҳанд монд.

Ҳамин тавр, дар мафҳуми «давлат» манфиати умумишудаи ҳамагонӣ нуҳуфтааст, ки зери он манфиати ҳар инсон ва шаҳрванд низ татбиқ мегардад. Инсонҳо бо ҳифзу тақвияти давлат дар асл шароити таъмини манфиати шахсии худро фароҳам месозанд.

***

ВАЛЕ бо тафовут аз давлат, «ҳукумат» як ниҳод ё институти олии идорӣ ва иҷроии давлатист, ки аъзои он ба намояндагӣ аз миллат масъулияти идораи умури ҷории давлатиро ба уҳда дорад. Аъзои ҳукумат гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки дар муҳлати муайян дар доираи қонунҳое, ки (дар низомҳои демократӣ) шохаи қонунгузори давлат (парлумон) ба намояндагӣ аз мардум қабул кардааст, умури иҷроиро идора мекунанд ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро роҳбарӣ ва дар доираи қонун танзим менамоянд. Ҳукумат ҳаргиз мафҳум ё ниҳоди мухолифмаъно бо давлат нест ва онҳоро набояд дар муқобили ҳам баррасӣ намуд, аммо аз назари ҷойгоҳу фарогирӣ ҳукумат танҳо як ниҳоди давлатӣ аст. Аз ин рӯ, давлат кулл аст, вале ҳукумат ҷузъ аст, давлат асл аст, ҳукумат фаръ аст, давлат як арзиши усулист, ҳукумат як афзори иҷроист, давлат барои мардумаш тағйирнопазир аст, ҳукумат тағйирёбанда ва ниҳоят, ба забони сиёсии имрӯз, давлат яке аз муқаддасот аст, вале ҳукумат чунин мақом надорад.

(Бояд гуфт, ки истилоҳи «муқаддас» ва «муқаддасот» дар матнҳои сиёсии тоҷикӣ ба маънои шаръӣ, ибодатӣ ва илоҳии ин калима нест, балки ин ҷо муқаддасот ба маънои арзиши олӣ, муҳим ва дахлнопазир аст.)

Албатта, тавре дар бахши назариявӣ зикр шуд, дар забони форсии имрӯза (дар Эрон) гоҳе калимаи давлат низ ба маънои ҳукумат (ҳокимияти иҷроия, кобинаи вазирон) истифода мешавад, вале дар забони тоҷикии имрӯз марзу фарқи калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат» хеле рӯшантар аст.

АКНУН бояд ба ин савол низ посух дод, ки чаро дар асри давлатҳои миллӣ давлат «муқаддас» дониста мешавад? Албатта, давлат як падидаи осмонӣ ва ғайбӣ нест ва муқаддасии он ҷанбаи эътиқодӣ надорад. Балки он як падидаи иҷтимоию сиёсӣ буда, афроди як миллат ё шаҳрвандони як сарзамин онро ҳамчун ниҳоди ифодакунандаи иродаи худ ва ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳо ва арзишу хостаҳои усулии худ ташкил намудаанд. Яъне давлат ниҳодест, ки ба воситаи он, ба воситаи будани он афроди ҷомеа маҷмӯи ҳуқуқу манфиатҳои худро тазмин ва бима намудаанд.

Дар шароити давлатҳои миллӣ, миллатҳо (афроди миллатҳо) на танҳо ҳуқуқу манфиатҳо, балки бақои биологии худ ва бақои ҳувияти миллии худро низ бо тариқи ташкили давлати миллии худ тазмин кардаанд. Дар чунин сурат, масъалаи буду набуди давлати миллӣ тақрибан маънои буду набуди худи миллат ва ҳувияти онро мегирад. Ин аст, ки давлат, ҳамчун ниҳоди баёнгар ва таъминкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои афроди миллат ва ҳамчун ниҳоди тазминкунандаи бақои миллат ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи олӣ ва муқаддас мегирад.

Пас, давлат низ ба зоти худ муқаддас нест, балки он офаридаи инсон буда, бино бар нақши зикршудаи худ дахлнопазир ва муқаддас дониста мешавад. Яъне он на муқаддасии зотӣ, балки муқаддасии функсионалӣ ё ҷойгоҳӣ дорад. Яъне, муқаддасии давлатҳо барои шаҳрвандони он давлатҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки давлат ифодакунандаи арзишу ормону иродаи он мардум, ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва тазминкунандаи бақои биологию миллию ҳувиятии онҳо мебошад. Ин аст сабаб ва меъёри «муқаддас» дониста шудани давлат.

Пас аз ошноии мухтасар бо маънои истилоҳии калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат», МАСЪАЛАИ АСОСИИ ИН БАҲСРО ёдовар мешавем, ки омезиши дониста ё надонистаи байни ин мафҳумҳо мушкилаи №1 ё яке аз осебҳои асосии фазои фикрӣ ва сиёсии мо мебошад. Яъне гоҳе шаҳрвандон ё фаъолони сиёсӣ аз надонистани ин тафовут бо андаке ранҷиш аз ҳукумат ё як масъули он, нисбати давлату давлатдорӣ эътироз мекунанд ва ба ҷойи дар амали он шахс ё ниҳод ҷустани масъала, бо худи давлат ва арзишҳои бунёдии он дар низоъ қарор мегиранд.

Аммо ҷониби дигари ҳамин мушкила ин аст, ки гоҳе масъулони алоҳидаи ҳукуматӣ ба як барномаи ҳукумат назари танқидӣ доштани як шаҳрванд ва ё онро нақд кардани як доираи сиёсиро ба маънои мухолифат бо давлат фаҳмида ё ба ин маъно шарҳ медиҳанд. Бештар аз ин, гоҳе ҳатто нақди амал ва мавқеи як аъзои ҳукумат, ё як намояндаи як вазорат «мухолифат бо давлат» фаҳмида мешавад.

Вале рӯшан шудани фарқи мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» боис мешавад, ки ҳам шаҳрвандон ва ҳам гурӯҳҳои сиёсӣ дар сурати танқиду рақобат мавзӯъ ва марзи рақобати худро ба хубӣ бидонанд. Яъне бидонанд, ки новобаста аз «хуб» ё «бад» будани як ҳукумат ва ё муваффақ ё ноком будани барнома ва намояндаи алоҳидаи ҳукумат, давлат ҳамеша гиромӣ ва муқаддас буда, он камбуди аъзои ҳукумат ҳаргиз «бад» будани давлатро ифода намекунад. Ҳамзамон бо ин, нақди солиму асосноки фаъолияти мушаххаси як корманди ҳукумат низ амали зиддидавлатӣ набуда, балки дар шароити давлати миллӣ маҳз осебрасониву мухолифат бо ҳастӣ ва усулу манфиатҳои давлат масъаласоз мебошад.

3.ПАС, ПОЙГОҲ ВА ҶОЙГОҲИ ҲУКУМАТ ЧИСТ?

Вале ҳамзамон бо дарки мақоми олӣ, дахлнопазир ва муқаддаси давлат, набояд чунин пиндошта шавад, ки ҳукумат як мафҳуми мухолиф бо давлат аст ва дар муқоиса бо он комилан «номуқаддас» ва беарзиш аст ва метавон қудрати онро эътироф накард. Дар амал, аз назари механизми ташаккули давлату давлатдорӣ, ҳукумати солим низ ҳамчун органи олии иҷроияи давлат, аз мақому эътибору имтиёзҳои хоссае бархӯрдор мешавад, ки эътирофи онҳо барои шаҳрвандони он давлат ҳатмият меёбад. Ин мақоми ҳукумат, пеш аз ҳама бар ду пояи асосии зерин устувор мебошад:

1.Пояи ҳуқуқӣ:

Яъне, дар ҳолати дурустии раванди сиёсӣ, ҳукумат ҳамчун ниҳоди олии иҷроияи давлат, маҳз дар асоси қонунгузории давлат ташкил мешавад, маҳз дар доираи қонунҳои таъйиннамудаи давлат фаъолият мекунад ва маҳз вазифаҳоеро, ки қонунгузории давлатӣ барои ҳукумат вогузор кардааст, амалӣ менамояд. (Дар тафсири сиёсӣ, маънои солими «қонунгузории давлатӣ» шакли навишташуда ва ба таври ҳуқуқӣ сабтшудаи манфиатҳои умумии мардуми он давлат мебошад. Аз ин рӯ, ҳукумат дар раванди татбиқи амалии қонунҳои давлатӣ манфиатҳои умумиро таъмин мекунад.)

  1. Пояи амалӣ:

Яъне, ҳукумат ҳамчун ниҳоди олии иҷроияи давлат, дар фаъолияти худ маҳз худи он давлат, ягонагию истиқлолияти он давлат, манфиатҳои миллии он давлат, фарҳангу арзишҳо ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони он давлатро ҳифз ва ҳимоя намуда, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолии он давлатро ҳал намуда, суботу амнияти миллӣ ва шароити муносиби рушди он давлатро фароҳам меоварад ва ё дар ин самт талош меварзад.

Ҳамин тавр, агар як ҳукумат аз ин ду поя бархӯрдор бошад, он ҳукумати машрӯъ ё легитимии он кишвар аст. Зеро дар амалияи давлатдорӣ машрӯият (легитимность) мафҳуми сирф ҳуқуқӣ нест, балки илова бар пояи ҳуқуқӣ, бояд ҷанбаи амалӣ низ дошта бошад. Яъне машрӯияти сиёсии як ҳукумат аз ҳамзамон ҷамъ шудани ду унсур-қонунӣ будани раванди ташаккулёбии он ҳукумат(1) ва дар фаъолияти он ифода шудани таъйиноти қонунгузории давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ(2) иборат мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, вақте як ҲУКУМАТ аз ин ду пояи устувори машрӯият бархӯрдор мешавад, он ҳамчун органи олии иҷроияи ДАВЛАТ яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар доираи қонуни таъйиннамудаи давлат ба намояндагӣ аз давлат амал мекунад. Фалсафаи ба ихтиёри ҳукумат вогузор шудани имкониятҳои бузурги моддию идорию қудратии давлат маҳз дар ҳамин аст ва низ, фалсафаи аз тарафи шаҳрвандон эътироф ва риоят шудани талаботу муқаррароти қонунии ҳукумат низ маҳз дар ҳамин аст. Яъне ҳукумати машрӯъ на ба хотири он, ки қудратро дар ихтиёр дорад ва бо доштани дастгоҳи маҷбуркунӣ аз назари физикӣ бартар аст, балки ба хотири он, ки он як органи олии иҷроияи давлат буда, ба намояндагӣ аз давлат ва барои татбиқи қонуни давлат амал мекунад, аз сӯйи шаҳрвандони он давлат эътироф ва итоат карда мешавад.

Пас, то замоне, ки як ҳукумат бар пояи қонунҳои давлат амал мекунад ва то замоне, ки амали он манфиатҳои давлат ва мардумро ифода мекунад, эҳтиром ва итоати талаботи қонунии он барои шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Ба ин восита, дар партави муқаддас будани давлат, ҳукумат то замони берун набудан аз ин доира, ҳамчун намояндаи иҷроияи давлат навъе эътибори ҳатмӣ касб мекунад. Яъне «муқаддасии ҳукумат» ҳамчун муқаддасии давлат як сифати худии он набуда, балки муқаддасии ҳукумат вобаста ба машрӯъияти он, вобаста ба муносибати он ба манфиатҳои миллӣ, вобаста ба барнома, амал ва натиҷаи кори он ҳукумат дар самти ҳифзу таъмини рушди давлат ва хидматгузорӣ ба шаҳрвандони он давлат аст. Эътибори ҳукумат воме аз эътибори давлат аст, чуноне, ки рӯшании моҳтоб воме аз рӯшании офтоб бошад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки пас марзи танқид ва марзи мухолифат бо як ҳукумат ва барномаҳои он низ бисёр мушаххас аст:

1.Агар шаҳрванд, ҳизб ё неруи сиёсие ҳукуматро маҳз бо мақсади бо ҳар баҳое ба даст овардани манфиату қудрати сиёсӣ мавриди интиқод ва заифсозӣ қарор диҳад, ин ҳолати солими фаъолият ва рақобати сиёсӣ нест. Хусусан, агар як ширкаткунандаи чунин мубориза дар раванди муборизаи худ бо ҳукумат, нисбат ба ҳифзу устувории худи давлат, арзишҳои ҳаётии давлату миллат ва манфиатҳои умумимиллӣ эҳсоси масъулият нишон надиҳад, он нерӯ умуман нерӯи солими сиёсӣ ба шумор намеравад.

2.Вале, агар ҳукумате ба хотири аз доираи қонунгузории давлат берун рафтани аъзо ё намояндагони он ва ё барои бар хилофи манфиатҳои пазируфтаи давлатӣ ва миллӣ, бар хилофи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон амал кардани аъзои он ва ё ба хотири аз сӯйи он ҳукумат таваҷҷуҳ нашудан ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мардум ва дуруст ироа нашудани хадамоти муайяннамудаи қонунгузории давлатӣ ва ғайра аз тарафи шаҳрвандон ё неруҳои сиёсӣ танқид шавад, он танқид солим ва машрӯъ аст.

Ва агар ин масъаларо ҷамъбаст намоем, метавон гуфт, ки давлат марзи муқаддас буда, ҳастию манфиатҳои он арзиши олӣ ва муҳокиманопазир аст, вале ҳукумат ниҳоди идорист ва аъзои он танқидпазир ва тағйирпазиранд. Аз ин рӯ, зиддият бо давлат ва манфиатҳои давлатию миллӣ барои шаҳрванди он давлат норавост, вале нақди солими барнома ё намояндаи ҳукумат дар ҷомеаи демократӣ як амале маъмулист. Дар асри давлатҳои миллӣ, ҳифзу ҳимояти давлат, миллат ва ватан дар ҳар сурат арзиш аст ва дар ҳар ҳолат ҳатмист, вале маҳбубияти аъзои ҳукумат ба мавқеи онҳо, ба барномаю фаъолияти онҳо, ба салоҳияти онҳо ва ба натиҷаи амалии кори онҳо дар ростои манфиатҳои давлат ва миллат вобаста мебошад.

Дар айни замон, ҳамчун марзи муқаддас ва хатти сурх эътироф ва эҳтиром намудани худи давлат ва манфиатҳои он барои ҳамаи шаҳрвандон ва хусусан, барои ширкатдорони фазои сиёсию иттилоотӣ ва неруҳои иштирокдори раванди сиёсӣ зарур аст. Дар ин ҳолат, яке аз муҳимтарин меъёрҳои солимии мавқеи шахс ё неруи сиёсӣ маҳз ҳамин аст, ки он мавқеъ то куҷо ба устуворӣ ва манфиатҳои давлат созгор буда, то куҷо ба ин арзишҳо таҳдид меофарад.

Яъне, шаҳрванд ё нерӯи сиёсӣ вақти ҳар андеша, сухан, мавқеъ, даъват, ҳаракат ва фаъолият бояд аввал арзёбӣ намояд, ки он ба давлат ва ба манфиатҳои умумии миллӣ таҳдиду зараре меорад ё не? Аз ин рӯ, дар шароити давлати миллӣ меъёри ҳаққи фаъолияти расмии сиёсӣ ва меъёри ҳуқуқи ҳузури машрӯъ дар фазои ҷамъятӣ низ маҳз ҳамин мебошад, ки он фаъолият бар зидди ё бар зарари ДАВЛАТ набошад.

ХУЛОСА,

баррасии масъала нишон медиҳад, ки «давлат» ҳам дар назария ва ҳам дар воқеияти сиёсӣ мафҳуму падидаи басе васеътар ва бунёдитар аз «ҳукумат» буда, он дар асл зарф ва низоми нигоҳдорандаи миллат, таъминкунандаи рушду бақои арзишӣ ва физикии он ва кафолатдиҳандаи амнияту манфиатҳои афроди он мебошад. Ҳукуматҳо, вобаста ба машрӯияту амалкардашон метавонанд «хуб» ё «бад», «муваффақ» ё «комёб» бошанд, аммо «давлат» дар ҳама сурат ва дар ҳама ҳолат барои шаҳрвандонаш ҷойгоҳи муқаддас ва тағирнопазир дорад.

Ин аст, ки давлат ҳамчун ифодаи арзишҳои олӣ ва манфиати умумии миллат, на танҳо нуктаи пайвасти ҳамагонӣ ва меҳвару такягоҳи миллӣ, балки ҳамчунин, хатти сурх ва марзи муқаддаси андеша ва фаъолияти ҷамъиятию сиёсии фард ва гурӯҳи дохилӣ ба ҳисоб меравад. Дарку эҳсоси ин марзу ин масъулият ва дар ҳеҷ ҳолат таҳдид наофаридан ба ҳастиву появу манфиатҳои давлат нахустин аломати як нерӯи сиёсии солим мебошад.

Дар дидгоҳи давлатмеҳвар мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» маҳз ба ҳамин маънои бунёдӣ ва мушаххас корбурд меёбанд. Дар илми сиёсат ва раванди солими сиёсӣ низ ин мафҳумҳои калидӣ маъмулан ҳамин маъноҳоро ифода менамоянд. Ва тавре дар оғоз таъкид шуд, маҳз тасаввури рӯшан дар ин бора мавқеи шаҳрвандӣ, фаъолияти сиёсӣ ва муборизаҳои фикрию ҷамъиятии моро солим, суботу амнияти моро пойдор ва бақои миллию давлатии моро таъмин месозад.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

таҳлилгари масоили сиёсӣ

Related Articles

Leave a Comment