Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ «КОСМЕТИКА» ЗАРАР ДОРАД!

«КОСМЕТИКА» ЗАРАР ДОРАД!

by admin
181 views

Ҳар як инсон табиатан худ зебост. Пажӯҳишгоҳо муайян кардаанд, ки дар нахустин суҳбату мулоқот 75 дарсади таваҷҷуҳи инсон ба намуди зоҳирӣ равона мешавад. Пас, бояд ҳар як шахс ҳам зоҳир ва ҳам ботинияш зебо бошад. Чунончи яке  аз мутафаккирони бузурги Чин гуфтааст: «Зебогӣ дар ҳама ҳаст, фақат ҳар кас онро дида наметавонад».

Дар ҷомеаи имрӯза шахсоне ёфт мешаванд, ки аз ороишот, яъне «косметика» зиёд истифода мебаранд. Гарчанде онҳо хабардор ҳастанд, ки аз меъёр зиёд истифода бурдани ороишот ба пӯсти рӯйи инсон зарар дорад.

Бо суоле, ки «Косметика» ба руйи инсон зарар дорад?» бо бархе аз мутахассисон муроҷиат кардем, ки онҳо чунин ибрози назар намуданд:

Миралиева Ҷамила, духтури бемориҳои пӯст: «Косметика ба пӯсти инсон зарар дорад. Масалан, дар пӯсти рӯй ҳар гуна донаҳои майда пайдо мешавад, баъзеашонро ба пӯсташон носозгор буда, варам «аллелгия» медиҳад. Аз ин хотир, аз ҳар гуна косметикаҳои гуногун истифода набаранд. Аз сурма, усма ва маҳлулҳои табиие, ки зарар надорад, истифода баранд. Бисёр вақт дар фасли замистон барои он, ки норасои витамин дар пӯсти инсон дида мешавад, аз маҳлулҳое истифода баранд, ки дар таркибашон витамини А, Б, дошта бошад. Пажӯҳишгоҳо муайн кардаанд, ки инсон бояд аз синни 30-35 боло ба «косметика» кардан шуруъ кунад, ки ин он қадар зарар надорад. Имрӯз, ки ба синни 18-19 расидаанд, аз тамоми «косметикаҳо» истифода мебаранд, ки пӯсти онҳоро то ба синни 35 расидан хаста мекунаду ҳуснашон ба назар бад менамояд. Агар онҳо аз маҳлулҳои зидди офтоб ороиш кунанд, зарараш камтар аст. Нафароне, ки дар руйяшон донаи майда ё кунҷит доранд, каме шибит (укроб)-ро гирифта, куфта ба руйяшон моланд, кунҷитро кам мекунад. Аз пӯсти бодиринг, ниқоб омода карда, ба руйяшон монанд, пӯстро мулоим мекунад».

Беҳрӯз Баротов, корманди дорухона дар шаҳри Кӯлоб: «Духтарони зиёде ҳастанд, ки ба мо муроҷиат карда, доруҳои зидди алергиявӣ барои пӯстро талаб менамоянд. Сабабашро аз рост наомадани «косметикаҳо» ба пӯсти онҳо иброз медоранд. Бояд гуфт, ки Худованд ҳар касро ҳусну ҷамол додааст, дигар шарт ва зарур нест, ки аз маводҳои сунъӣ истифода барад. Шахсан ман ба ҳамсарам иҷозат намедиҳам, ки аз ороишот ва маҳлулҳои химикявӣ истифода барад. Танҳо аз маҳлулҳои табиӣ, ки аз гиёҳҳои шифобахш тайёр мешаванд ва пӯсти баданро муллоим мекунанд, истифода мебарад. Ба ақидаи ман «косметика» зарар дорад».

Зайниддинова Дилором, коргари кошонаи ҳусни «Кимиё» дар ноҳияи Восеъ: «Зарар дорад, аммо зан бояд ҳамеша зебо бошад ва худашро оро диҳад. Агар ҳоло мо аз «косметика» истифода набарем, моро девона гуфта, касе ҳамроҳамон сӯҳбат намекунад. Аз ин хотир, истифода баранд, аммо бо меъёраш. Баъзеашон чунон аз меъёр зиёд истифода мебаранд, ки бо ҳусни онҳоро нохуб нишон медиҳад. Аз меъёр зиёд истифода бурдан танҳо ба арӯсон иҷозат аст».

Хонандаи азиз! аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки занону духтарони тоҷик ҳамеша тарафдори зебогӣ буда, барои ба назар зебо расидан кӯшиш менамоянд, аммо хуб мешуд, ки ана ҳамон «косметикаро» ба қадри кофӣ истифода баранд, то ба пӯсти рӯйи онҳо зарар нарасонад.

Шабнам АБДУЛЛОЕВА,

донишҷӯи соли 3-уми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment