Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДУОИ МОДАР

ДУОИ МОДАР

by admin
334 views

Дуои модар

Дуои модарам ганҷи ягона,

Зи хурдӣ дар дилам бошад фасона.

Ҳамегуфто, Илоҳо ё Илоҳӣ,

Ки фарзандам бимонад ҷовидона.

Тоҷикистон

Тоҷикистонам гулистони манӣ,

Чун биҳиштам ҷону ҷонони манӣ.

Дар фазоят чун кабутар пар занам,

Эй азизам, модари ҷони манӣ.

Мактаб

Мактабам сарчашмаи илму адаб,

Бо фазилат шавқро созад талаб.

Ин макони илму фарҳангам нахуст,

Ҳарфи меҳрашро зи дил дорам талаб.

Нақши Ватан

Нақш меорам туро дар қалбу ҳам дар ҷони хеш,

Чун мисоли лолае дар руйи авроқи сафед.

Кӯҳҳову дашту домонат рассомӣ мекунам,

Бо ҳунарҳоят Ватан ман сарфарозӣ мекунам.

Абдулваҳобзода ФАЙЗИГУЛИ АБДУЛВОҲИД,

донишҷӯи соли 2-юми факултети филологияи рус

Related Articles

Leave a Comment