Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОСИ АМАЛӢ»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОСИ АМАЛӢ»

by admin
6 views

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Равоншиноси амалӣ»-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Дар рафти маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯи курси чоруми ихтисоси равоншиноси амалӣ Ҷурахонзода Сафина дар мавзуи “Худшиносӣ ва рушди шахсият” ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ Қурбонова Оиша дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳолати равонии ҷавонон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои худшиносӣ, ташаккули шахсият, рушди қобилиятҳои фардӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳолати равонӣ ва рафтори ҷавонон баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, аҳамияти истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи солимии равонӣ таъкид гардид.

Дар анҷом миёни иштирокдорон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, барои баргузории маҳфилҳои минбаъда мавзуъҳои нав пешниҳод карда шуданд.

Related Articles

Leave a Comment