Имрӯз, 15 майи соли 2025, дар шаҳри Душанбе Спартакиадаи варзишӣ байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз гардид. Чорабинии мазкур ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуда, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тақвияти дӯстӣ ва таҳкими ҳамкории байни донишгоҳҳо мебошад.
Дастаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар ин мусобиқа фаъолона иштирок дорад. Дар рӯзи аввали мусобиқа, дастаи футболбозони донишгоҳ бо рақобат бо дастаи Донишгоҳи давлатии сайёҳии Тоҷикистон бозӣ намуда, бо натиҷаи мусбат ғалаба ба даст овард ва ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфт.
Мусобиқа дар фазои дӯстию ҳамраъйӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён дорад. Иштироки фаъолонаи ҳайати донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ гувоҳи таваҷҷуҳи махсус ба рушди тарбияи ҷисмонию маънавии кормандон ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ мебошад.